https://sputnik.tj/20240521/rahmon-general-balandpoya-suporish-khodimoni-din-1062897831.html
Аз офатҳо то супоришҳо ба ходимони дин: Раҳмон дар машварат бо генералҳо чӣ гуфт?
Аз офатҳо то супоришҳо ба ходимони дин: Раҳмон дар машварат бо генералҳо чӣ гуфт?
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо роҳбарони як қатор сохторҳои марказии кишвар ва вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ машварати корӣ баргузор намуд
2024-05-21T09:44+0500
2024-05-21T09:44+0500
2024-05-21T09:44+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
мулоқот
машварат
эмомалӣ раҳмон
супориш
даъват
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/08/1039318218_0:107:2048:1259_1920x0_80_0_0_23d7d4e7eb291c4c318b44fc21d3f475.jpg
ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Дар машварати корӣ таҳти раёсати президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон нахуст масоили вобаста ба бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар баррасӣ шуд. Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, бо ҳозирин аз ҷумла таъмиру боз намудани роҳҳои осебдида ва расондани кумакҳои зарурӣ ба мардуми зарардида баррасӣ гардид. Дар машварат генералҳои баландпоя, аз ҷумла раиси КДАМ, вазири корҳои дохилӣ, вазири мудофиа, додситони кулл, дабири Шӯрои амният, фармондеҳи марзбонӣ ва шаҳрдори Душанбе иштирок доштанд. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин барои иҷрои супоришҳои рӯзи 9 март дар мулоқот бо намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа ва ходимони дин додашуда, аз ҷумла барои таъмини волоияти қонун ва амну суботи устувор дар ҷомеа ба масъулин супоришҳо дод. Маврид ба зикр аст, ки Раҳмон дар мулоқот бо ходимони дин барои пешгирӣ ва бартараф намудани исрофу зиёдаравиҳо ҳангоми гузарондани анъана ва ҷашну маросими мардумию динӣ супоришҳо дода буд. Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла маросимҳои ҳоҷибинону ҳоҷиталбон, зиёфатҳои пурхароҷот, пайравӣ аз хурофоту одатҳои беасос, бегонапарастӣ зикр намуда, номатлуб хонда буд. Роҳбари давлат баръакс барои тарғибу ташвиқи фарҳанги пурғановати миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси ифтихор аз истиқлолу озодии Тоҷикистон даъват карда буд.
https://sputnik.tj/20240309/prezident-ifroti-javonon-tojik-gunahkor-1061982586.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/08/1039318218_114:0:1935:1366_1920x0_80_0_0_6f370479c82775ec7e78b58d30fed282.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раисҷумҳур, тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, машварат, баландпоя
раисҷумҳур, тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, машварат, баландпоя
Аз офатҳо то супоришҳо ба ходимони дин: Раҳмон дар машварат бо генералҳо чӣ гуфт?
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо роҳбарони як қатор сохторҳои марказии кишвар ва вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ машварати корӣ баргузор намуд
ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Дар машварати корӣ таҳти раёсати президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон нахуст масоили вобаста ба бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар баррасӣ шуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, бо ҳозирин аз ҷумла таъмиру боз намудани роҳҳои осебдида ва расондани кумакҳои зарурӣ ба мардуми зарардида баррасӣ гардид.
Дар машварат генералҳои баландпоя, аз ҷумла раиси КДАМ, вазири корҳои дохилӣ, вазири мудофиа, додситони кулл, дабири Шӯрои амният, фармондеҳи марзбонӣ ва шаҳрдори Душанбе иштирок доштанд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин барои иҷрои супоришҳои рӯзи 9 март дар мулоқот бо намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа ва ходимони дин додашуда, аз ҷумла барои таъмини волоияти қонун ва амну суботи устувор дар ҷомеа ба масъулин супоришҳо дод.
Маврид ба зикр аст, ки Раҳмон дар мулоқот бо ходимони дин барои пешгирӣ ва бартараф намудани исрофу зиёдаравиҳо ҳангоми гузарондани анъана ва ҷашну маросими мардумию динӣ супоришҳо дода буд.
Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла маросимҳои ҳоҷибинону ҳоҷиталбон, зиёфатҳои пурхароҷот, пайравӣ аз хурофоту одатҳои беасос, бегонапарастӣ зикр намуда, номатлуб хонда буд.
Роҳбари давлат баръакс барои тарғибу ташвиқи фарҳанги пурғановати миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси ифтихор аз истиқлолу озодии Тоҷикистон даъват карда буд.