Президент гуфт, дар ифротгаро шудани ҷавонони тоҷик киҳо гунаҳкоранд

© Flickr \ Пресс-служба Президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2024
Обуна шудан
Роҳбари давлат аз вазорату идораҳо, кумитаҳо ва раисони шаҳру вилоятҳо интиқод карда, гуфт, гӯё онҳо даҳшату фоҷиаи ҷанги шаҳрвандӣ фаромӯш кардаанд
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо фаъолон, ходимони динӣ ва намояндагони ҷомеа вохӯрӣ баргузор кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод.
Зикр гардид, ки зимни суҳбат, Раҳмон аз он нигаронӣ кард, ки бо вуҷуди муҳайё будани тамоми шароит дар Тоҷикистон ҳолатҳои ифротишавии баъзе шаҳрвандон ва гароиши онҳо ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ба назар мерасанд.
Ӯ сабаби сурат гирифтани ин ҳолатро ба кори сусти мақомотҳои марбута дар самти ташаккули маънавиёти солиму созанда рабт дод.
Аз ҷумла, президент аз кори роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, вазоратҳои маорифу фарҳанг, меҳнат, кумитаи ҷавонон, занон, танзими анъана, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нигаронӣ намуда, гуфт, ин ниҳодҳо ба масъалаи мазкур аҳамияти зарурӣ намедиҳанд.
"Чунин ба назар мерасад, ки онҳо даҳшату фоҷиаи ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузаштаро фаромӯш кардаанд", - таъкид намуд роҳбари давлат.
Дар идома президент гуфт, ҳарчанд бо қарорҳои Суди олӣ фаъолияти 28 ташкилоти экстремиститиву террористӣ манъ шудааст, вале ҳолатҳои шомил шудан ба чунин ҳизбу ҳаракатҳо ҳанӯз ба назар мерасанд.
Ба таъкиди президент, дар 10 соли охир дар мамлакат 6680 ҷинояти дорои хусусияти экстремистиву террористӣ, аз ҷумла 86 амали террористӣ ва сӯиқасд ба он ошкор ва ба қайд гирифта шуда, 11 ҳолати амали террористӣ ва сӯиқасд ба он пешгирӣ гардидааст".
Раҳмон дар бораи вазъи ҷаҳон: Ҳатто чанд рӯзи ояндаро пешгӯӣ кардан ғайриимкон аст
Эмомалӣ Раҳмон аз шомил шудани ҷавонони тоҷик ҳангоми муҳоҷират ба ташкилоти экстремистию террористии "Давлати исломӣ"* нигаронӣ намуда гуфт, тибқи маълумоти фаврӣ беш аз 1000 нафар, ки дар хориҷ дар задухӯрдҳои мусаллаҳона иштирок кардаанд, кушта шуда, ҳазорон нафари дигар беному нишон гардидаанд.
Ба боварии президент ба ин гуна ташкилотҳо асосан ҷавононе пайваст мешаванд, ки берун аз Тоҷикистон таълимоти диннии ғайрирасмӣ гирифтаанд. Ӯ аз ҷумла намояндагони равияи "Салафия" -ро зикр кард, ки "нисбат ба мазҳаби ҳанафӣ ва асосгузори он Имом Абӯҳанифа назари манфӣ дошта, ба исмоилия, ки мазҳаби таърихии як қисми аҳолии бумии кишвар мебошад, муносибати хеле хусуматомез доранд".

*Созмони мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0