https://sputnik.tj/20240518/bunyodi-daroztarin-pul-dar-shohrohi-obigarm-nurobod-1062871022.html
Бунёди дарозтарин пул дар шоҳроҳи Обигарм-Нуробод
Бунёди дарозтарин пул дар шоҳроҳи Обигарм-Нуробод
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои мақомоти кишвар дарозии пуле, ки қарор аст дар роҳи мошингарди Обигарм — Нуробод сохта шавад, 920 метрро ташкил медиҳад
2024-05-18T14:21+0500
2024-05-18T14:21+0500
2024-05-18T14:21+0500
дар тоҷикистон
сохтмон
пул
нақлиёт
шоҳроҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/15/1040336210_0:315:3001:2003_1920x0_80_0_0_1fdc6e7a7ebafa64ca33482edeab5071.jpg
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Дар ҷаласаи ахири парлумони кишвар Созишномаи қарзӣ байни Тоҷикистон ва Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ дар бораи "Роҳи Обигарм-Нуробод — пули дароз ва роҳҳои ба он васлшаванда" тасдиқ карда шуд.Ба иттилои дафтари матбуоти парлумони кишвар созишномаи қарзӣ моҳи апрели соли 2024 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, ҳаҷми умумии маблағи қарзии ҷалбшаванда 75,5 млн долларро ташкил менамояд.Гуфта шудааст, кир бунёди пули мошингузар дар масири Обигарм — Нуробод равобити нақлиётӣ байни Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсарҳадро тавассути шоҳроҳи М-41, осонтар намуда, ба коҳиш додани арзиши ҳамлу нақл хоҳад кард.Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода парлумон қайд кардааст, ки барои татбиқи пурраи ин масири роҳ дар умум ҷалби 407,9 млн доллар дар назар дошта шудааст.Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ дар баробари пешниҳоди кумаки техникӣ дар ҳаҷми 3,2 млн доллар ҳамчунин ба маблағи 75,5 млн доллар қарз пешниҳод мекунад. Саҳми ҳукумати Тоҷикистон дар амалисозии ин лоиҳа 28,8 млн долларро ташкил медиҳад.Ҳамчунин барои татбиқи лоиҳа аз ҳисоби маблағҳои грантии Бонки осиёии рушд ҷалби 110 млн доллар дар назар дошта шудааст. Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 150,3 млн доллар ва Фонди ОПЕК 40,0 млн доллар қарз пешниҳод намуданд.Қайд карда шудааст, ки сохтмони пул то соли 2030 бояд пурра ба анҷом расад: чор сол ба сохтмон ва ду соли дигар ба нигоҳдории пул равона мегардад.
https://sputnik.tj/20231227/jonibdori-parlumon-imtiyoz-istifodabarandagon-naqliyot-1061089502.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/15/1040336210_9:0:2680:2003_1920x0_80_0_0_356e13735225fa522f2b56e8f6a43bd1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, нақлиёт, пул, сохтмон, шоҳроҳ, дарозтарин, сохтмон
тоҷикистон, нақлиёт, пул, сохтмон, шоҳроҳ, дарозтарин, сохтмон
Бунёди дарозтарин пул дар шоҳроҳи Обигарм-Нуробод
Ба иттилои мақомоти кишвар дарозии пуле, ки қарор аст дар роҳи мошингарди Обигарм — Нуробод сохта шавад, 920 метрро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Дар ҷаласаи ахири парлумони кишвар Созишномаи қарзӣ байни Тоҷикистон ва Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ дар бораи "Роҳи Обигарм-Нуробод — пули дароз ва роҳҳои ба он васлшаванда" тасдиқ карда шуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти парлумони кишвар созишномаи қарзӣ моҳи апрели соли 2024 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, ҳаҷми умумии маблағи қарзии ҷалбшаванда 75,5 млн долларро ташкил менамояд.
“Пул бо дарозии 920 метр дар роҳи мошингарди Обигарм — Нуробод сохта мешавад”, - гуфт манбаъ.
Гуфта шудааст, кир бунёди пули мошингузар дар масири Обигарм — Нуробод равобити нақлиётӣ байни Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсарҳадро тавассути шоҳроҳи М-41, осонтар намуда, ба коҳиш додани арзиши ҳамлу нақл хоҳад кард.
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода парлумон қайд кардааст, ки барои татбиқи пурраи ин масири роҳ дар умум ҷалби 407,9 млн доллар дар назар дошта шудааст.
Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ дар баробари пешниҳоди кумаки техникӣ дар ҳаҷми 3,2 млн доллар ҳамчунин ба маблағи 75,5 млн доллар қарз пешниҳод мекунад. Саҳми ҳукумати Тоҷикистон дар амалисозии ин лоиҳа 28,8 млн долларро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин барои татбиқи лоиҳа аз ҳисоби маблағҳои грантии Бонки осиёии рушд ҷалби 110 млн доллар дар назар дошта шудааст. Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 150,3 млн доллар ва Фонди ОПЕК 40,0 млн доллар қарз пешниҳод намуданд.
Қайд карда шудааст, ки сохтмони пул то соли 2030 бояд пурра ба анҷом расад: чор сол ба сохтмон ва ду соли дигар ба нигоҳдории пул равона мегардад.