https://sputnik.tj/20231227/jonibdori-parlumon-imtiyoz-istifodabarandagon-naqliyot-1061089502.html
Ҷонибдории парлумон барои имтиёз додан ба як гурӯҳ истифодабарандагони воситаҳои нақлиёт
Ҷонибдории парлумон барои имтиёз додан ба як гурӯҳ истифодабарандагони воситаҳои нақлиёт
Sputnik Тоҷикистон
Парлумони Тоҷикистон дар маҷлиси навбатии худ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни кишвар "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет"-ро ҷонибдорӣ кард
2023-12-27T15:59+0500
2023-12-27T15:59+0500
2023-12-27T15:59+0500
дар тоҷикистон
парлумон
имтиёз
истифодабаранда
нақлиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/1c/1032538036_0:151:2907:1786_1920x0_80_0_0_9cdb25edab4cf273a81a4350914cf02f.jpg
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Парлумони Тоҷикистон ба як гурӯҳ истифодабарандагони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ муқаррар намудани имтиёзҳоро ҷонибдорӣ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон.Аз ҷумла намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, ки дар Тоҷикистон аккредитатсия гардидаанд, бо шарти аз ҳудуди кишвар бозпас баровардани воситаҳои нақлиёти автомобилии қаблан вориднамудаи онҳо, воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба ҳудуди Тоҷикистон муваққатан ворид шудаанд, аз супоридани андоз озод мешаванд.Ёдовар мешавем, ки парлумони Тоҷикистон имтиёзҳо барои ворид намудани техникаву таҷҳизоти замонавӣ ба фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷандро низ ҷонибдорӣ кардҚайд гардидааст, ки дар қонунгузории буҷети давлатӣ вобаста ба воридоти техникаву таҷҳизоти замонавӣ, ки барои навсозии аэровакзали Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд истифода мешаванд, имтиёзҳои андозию гумрукӣ пешбинӣ гардидааст.Ҳамзамон тибқи талаботи қисми 5 моддаи 32-и Кодекси андоз пешниҳоди имтиёзҳои иловагии андозӣ дар доираи қонунгузории буҷети давлатӣ ба андозаи то 50 фоиз меъёри андози пардохтшаванда муқаррар мешавад.
https://sputnik.tj/20231227/iqtisod-niholshinoni-roh-majlisi-hukumat-rahmon-1061088805.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/1c/1032538036_161:0:2744:1937_1920x0_80_0_0_4c59d7000c38eeb08fcddec27c48e99f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, парлумон, имтиёз, нақлиёт, истифодабарана, қонун, тағйир
тоҷикистон, парлумон, имтиёз, нақлиёт, истифодабарана, қонун, тағйир
Ҷонибдории парлумон барои имтиёз додан ба як гурӯҳ истифодабарандагони воситаҳои нақлиёт
Парлумони Тоҷикистон дар маҷлиси навбатии худ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни кишвар "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет"-ро ҷонибдорӣ кард
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Парлумони Тоҷикистон ба як гурӯҳ истифодабарандагони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ муқаррар намудани имтиёзҳоро ҷонибдорӣ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон.
Аз ҷумла намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, ки дар Тоҷикистон аккредитатсия гардидаанд, бо шарти аз ҳудуди кишвар бозпас баровардани воситаҳои нақлиёти автомобилии қаблан вориднамудаи онҳо, воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба ҳудуди Тоҷикистон муваққатан ворид шудаанд, аз супоридани андоз озод мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки парлумони Тоҷикистон имтиёзҳо барои ворид намудани техникаву таҷҳизоти замонавӣ ба фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷандро низ ҷонибдорӣ кард
Қайд гардидааст, ки дар қонунгузории буҷети давлатӣ вобаста ба воридоти техникаву таҷҳизоти замонавӣ, ки барои навсозии аэровакзали Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд истифода мешаванд, имтиёзҳои андозию гумрукӣ пешбинӣ гардидааст.
Ҳамзамон тибқи талаботи қисми 5 моддаи 32-и Кодекси андоз пешниҳоди имтиёзҳои иловагии андозӣ дар доираи қонунгузории буҷети давлатӣ ба андозаи то 50 фоиз меъёри андози пардохтшаванда муқаррар мешавад.