https://sputnik.tj/20240517/mintaqa-tojikiston-naqsha-davat-ijro-sughd-navohii-tobei-1062861490.html
Ҷамъбасти натиҷаҳои 45 рӯзи даъвати ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон
Ҷамъбасти натиҷаҳои 45 рӯзи даъвати ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон натиҷаҳои 45 рӯзи даъвати баҳории наваскарон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишварро ҷамъбаст карда, пешсафонро ном бурд
2024-05-17T11:44+0500
2024-05-17T11:44+0500
2024-05-17T11:44+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
даъват
артиш
қувва
сарбоз
суғд
вмкб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103005/95/1030059517_0:159:3077:1889_1920x0_80_0_0_d916c4aa4218b6c10813960337f71f51.jpg
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Аз оғози даъвату гусели ҷавонписарон ба артиши Тоҷикистон, нақшаи пешбинишуда ҳудуди 90% иҷро шуд. Дар ин бора Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар ҷамъбасти натиҷаҳои даъвати баҳорӣ дар 45 рӯз иттилоъ дод. Манбаъ гуфт, ки тайи 1,5 моҳ масъулин дар 47 шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар бораи иҷрои пурраи нақшаи даъвати ҷавонписарон ба артиш гузориш доданд."Бо ҳамин тартиб, ВМКБ, чаҳор ноҳияи шаҳри Душанбе ва шаҳру навоҳии вилояти Хатлон нақшаи даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ 100% иҷро намуданд", - омадааст дар иттилоия. Ин ниҳод афзуд, ки иҷрои нақша дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 88% баробар мебошад. Дар ин минтақа то ҳол ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод, Тоҷикобод, Файзобод ва шаҳрҳои Роғуну Турсунзода аз анҷоми даъвату гусели сарбозон гузориш доданд. Нишондиҳандаи иҷрои нақшаи даъват дар вилояти Суғд 67%-ро ташкил медиҳад. То ҳол шаҳрҳои Панҷакенту Бӯстони ин вилоят иҷрои нақшаро пурра ба анҷом расониданд.Маврид ба зикр аст, ки даъвати шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006-и Тоҷикистон аз якуми апрел оғоз гардида, он то охири моҳи май ҷараён мегирад.
https://sputnik.tj/20240515/khatlon-naqsha-davat-ijro-1062841895.html
суғд
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103005/95/1030059517_173:0:2902:2047_1920x0_80_0_0_570814710d783d1199184169987162d6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нақша, даъват, ҷавонон, фоиз, иҷро, мусаллаҳ, артиш
нақша, даъват, ҷавонон, фоиз, иҷро, мусаллаҳ, артиш
Ҷамъбасти натиҷаҳои 45 рӯзи даъвати ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон натиҷаҳои 45 рӯзи даъвати баҳории наваскарон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишварро ҷамъбаст карда, пешсафонро ном бурд
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Аз оғози даъвату гусели ҷавонписарон ба артиши Тоҷикистон, нақшаи пешбинишуда ҳудуди 90% иҷро шуд.
Дар ин бора Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар ҷамъбасти натиҷаҳои даъвати баҳорӣ дар 45 рӯз иттилоъ дод.
Манбаъ гуфт, ки тайи 1,5 моҳ масъулин дар 47 шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар бораи иҷрои пурраи нақшаи даъвати ҷавонписарон ба артиш гузориш доданд.
"Бо ҳамин тартиб, ВМКБ, чаҳор ноҳияи шаҳри Душанбе ва шаҳру навоҳии вилояти Хатлон нақшаи даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ 100% иҷро намуданд", - омадааст дар иттилоия.
Ин ниҳод афзуд, ки иҷрои нақша дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 88% баробар мебошад. Дар ин минтақа то ҳол ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод, Тоҷикобод, Файзобод ва шаҳрҳои Роғуну Турсунзода аз анҷоми даъвату гусели сарбозон гузориш доданд.
Нишондиҳандаи иҷрои нақшаи даъват дар вилояти Суғд 67%-ро ташкил медиҳад. То ҳол шаҳрҳои Панҷакенту Бӯстони ин вилоят иҷрои нақшаро пурра ба анҷом расониданд.
Маврид ба зикр аст, ки даъвати шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006-и Тоҷикистон аз якуми апрел оғоз гардида, он то охири моҳи май ҷараён мегирад.