https://sputnik.tj/20240515/khatlon-naqsha-davat-ijro-1062841895.html
Хатлон дар 10 соли ахир бори аввал нақшаи даъватро пеш аз муҳлат иҷро кард
Хатлон дар 10 соли ахир бори аввал нақшаи даъватро пеш аз муҳлат иҷро кард
Sputnik Тоҷикистон
Ноҳияҳои Вахш, Фархор, Муъминобод ва Хуросон нақшаи даъватро дар рӯзи аввал иҷро карданд ва акнун 21 шаҳру ноҳия низ аз анҷоми нақша хабар доданд
2024-05-15T12:50+0500
2024-05-15T12:50+0500
2024-05-15T12:50+0500
дар тоҷикистон
хатлон
амният ва мудофиа
даъвати баҳорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102679/26/1026792624_0:104:2048:1256_1920x0_80_0_0_4ba5343762b3d6835ec035da1a9ae31f.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Даъвати баҳории ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар 10 соли охир бори аввал пеш аз муҳлат пурра иҷро гардид.Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар дод.Манбаъ афзуд, ки нақшаро дар рӯзи аввал ноҳияҳои Вахш, Фархор, Муъминобод ва Хуросони вилояти Хатлон пурра ҷамъбаст карданд.Зимнан, давоми моҳи апрел чорабинии даъвати баҳории ҷавонон дар 21 шаҳру ноҳияи ин вилоят низ ба пуррагӣ ҷамъбаст шуд.Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон усули даъват ба хидмати сарбозӣ тағйир ёфтааст.Эмомалӣ Раҳмон дар авоили соли 2021, пас аз ризоияти парлумон Қонун "Дар бораи уҳдадории умумии низомӣ" дар таҳрири навро имзо кард, ки бар асоси он, ҷавонон акнун метавонанд пас аз пардохти маблағи муайян аз хидмати дусолаи низомӣ озод шаванд.Маблағе, ки барои озод шудан аз хидмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, соли 2024 ҳудуди 52 ҳазор сомонӣ гуфта мешавад, ки нисбат ба як соли қаблӣ 3 ҳазор сомонӣ боло рафтааст.Болоравии ҳаққи хизмати пулакӣ дар ҳайати сафарбаркунӣ бо зиёд шудани ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо рабт дорад, ки аз аввали соли равон 4 сомонӣ зиёд шуда, ба 72 сомонӣ баробар гардид.Ҳамчунин, тибқи қонуни нав, хатмкунандагони донишгоҳҳо ба хидмати ҳарбӣ ҷалб мешаванд, онҳо бояд як сол дар артиш хидмат кунанд.
https://sputnik.tj/20240401/tojikiston-davat-bahori-oghoz-1062284570.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102679/26/1026792624_118:0:1930:1359_1920x0_80_0_0_924a9ecf84bad2821df3c27ca36fe72a.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хатлон нақша даъвати баҳорӣ
хатлон нақша даъвати баҳорӣ
Хатлон дар 10 соли ахир бори аввал нақшаи даъватро пеш аз муҳлат иҷро кард
Ноҳияҳои Вахш, Фархор, Муъминобод ва Хуросон нақшаи даъватро дар рӯзи аввал иҷро карданд ва акнун 21 шаҳру ноҳия низ аз анҷоми нақша хабар доданд
ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Даъвати баҳории ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар 10 соли охир бори аввал пеш аз муҳлат пурра иҷро гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар дод.
"Ба ҳолати 14 май аз ҷараёни даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ иҷрои нақша дар қаламрави вилояти Хатлон пеш аз муҳлат 100% иҷро шуд", - омадааст дар хабари манбаъ.
Манбаъ афзуд, ки нақшаро дар рӯзи аввал ноҳияҳои Вахш, Фархор, Муъминобод ва Хуросони вилояти Хатлон пурра ҷамъбаст карданд.
Зимнан, давоми моҳи апрел чорабинии даъвати баҳории ҷавонон дар 21 шаҳру ноҳияи ин вилоят низ ба пуррагӣ ҷамъбаст шуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон усули даъват ба хидмати сарбозӣ тағйир ёфтааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар авоили соли 2021, пас аз ризоияти парлумон Қонун "Дар бораи уҳдадории умумии низомӣ" дар таҳрири навро имзо кард, ки бар асоси он, ҷавонон акнун метавонанд пас аз пардохти маблағи муайян аз хидмати дусолаи низомӣ озод шаванд.
Маблағе, ки барои озод шудан аз хидмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, соли 2024 ҳудуди 52 ҳазор сомонӣ гуфта мешавад, ки нисбат ба як соли қаблӣ 3 ҳазор сомонӣ боло рафтааст.
Болоравии ҳаққи хизмати пулакӣ дар ҳайати сафарбаркунӣ бо зиёд шудани ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо рабт дорад, ки аз аввали соли равон 4 сомонӣ зиёд шуда, ба 72 сомонӣ баробар гардид.
Ҳамчунин, тибқи қонуни нав, хатмкунандагони донишгоҳҳо ба хидмати ҳарбӣ ҷалб мешаванд, онҳо бояд як сол дар артиш хидмат кунанд.