Доллар арзону рубл гарон шуд: Бозори пул дар Тоҷикистон

© Sputnik / Владимир ТрефиловМонеты номиналом один рубль.
Монеты номиналом один рубль. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2024
Обуна шудан
Афзоиши қурби рубл дар Тоҷикистон барои бисёре аз сокинон хушоянд мебошад, чун наздиконашон дар муҳоҷират бо ин асъор музди меҳнат мегиранд
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Нархи рубли Русия дар бозори арзи Тоҷикистон гароншавияшро идома дода, пули амрикоӣ арзонтар шудааст.
Ба иттилои Бонки миллии кишвар, ҳазор рубли Русия 119,8 сомонӣ нарх дорад, ки нисбати нишондоди рӯзи қабл 0,3 сомонӣ гаронтар аст.
Пули аврупоӣ низ каме гарон шуда, арзиши асъори амрикоӣ поин рафтаст. Феълан доллари ИМА - 10.8786 сомонӣ ва евро - 11.8294 сомонӣ арзёбӣ мешавад.
Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои доллари ИМА аз 10.8786 то 10.88 сомонӣ, 1 евро аз 11.8294 то 11.8700 сомонӣ ва ҳазор рубли русӣ аз 119,8 то 120 сомонӣ муқаррар шудааст.
Денежные купюры и монеты. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2024
Иқтисоддон шарҳ дод, ки чаро доллар дигар 70 рубл нахоҳад буд
Рубл дар Тоҷикистон яке аз сертаваҷҷуҳтарин асъор ба шумор меравад ва қимати он ба пул дар кисаи аҳолии кишвар таъсири бевосита дорад.
Аз ҷумла садҳо ҳазор тоҷикистонӣ дар Русия кор мекунанд ва маблағро бо рубл мегиранду мефиристанд, аммо хонаводаҳояшон вобаста ба қурб онро бо сомонӣ мегиранд.
Дар ҳамин ҳол БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0