Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

КДАМ-и Тоҷикистон: Дар натиҷаи тирпарронӣ дар марз шаҳрванди ҷумҳурӣ захм бардоштааст

© пресс-служба правительства КыргызстанаВышка на пограничном посту Максат в Лейлекском районе Баткенской области.
Вышка на пограничном посту Максат в Лейлекском районе Баткенской области. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2024
Обуна шудан
Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон ҷузъиёти даргирии имрӯза дар марз бо Қирғизистонро шарҳ дода, таъкид намуданд, ки ҳоло вазъ дар сарҳад ором аст.
ДУШАНБЕ, 7 май – Sputnik. Ба иттилои КДАМ-и кишвар даргирии имрӯза дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ҷониби мақомоти дахлдори ду кишвар таҳқиқ карда мешавад.
Ба иттилои КДАМ, шаҳрванди Тоҷикистон, соли таваллудаш 1990, миллаташ ӯзбек, муаллими таърихи мактаби миёнаи №4-и ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, бо мақсади аз сарнавишти писари ноболиғаш, хонандаи мактаби миёна, ки дар хатти сарҳади давлатӣ боздошт шуда буд, ният дошт, ба низомиён қирғиз, ки дар деҳаи Сулютка мустақар буданд, муроҷиат кунад.

“Муаллими таърих ягон кирдоре, ки ба принсипҳои неки ҳамсоягӣ мухолиф аст, нишон надодааст. Аммо алайҳаш аз силоҳи оташфишон истифода намуданд, ки дар натиҷа ӯ захмӣ гардидааст”, - таъкид кардааст КДАМ.

Манбаъ қайд кардааст, ки дар ҳоли ҳозир шаҳрванди захмбардоштаи Тоҷикистон дар беморхона бистарӣ шудааст.
Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2024
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Вазъ ором аст: Дар ҳукумати ноҳияи Ҷ. Расулов рухдоди тирпарронӣ дар марзро шарҳ доданд
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш ҳукумати ноҳияи Ҷаббор Расулов низ ҳодисаи тирпарронӣ дар марз бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистонро шарҳ дода буд.
Ба иттилои манбаъ зуҳри имрӯз тирпарронӣ дар марзи миёни ҷамоатҳои Қурғонча бо Ак – Босого дар ҳоле рух додааст, ки як чӯпон барои баргардонидани чорвояш ноогоҳона марзро убур намудааст.
“Аз ҳисоби итоат накардани чӯпон, сарҳадбонони қирғиз тир холӣ кардаанд то аз ҳудуди сарҳад берун шавад”, - гуфт масъули ҳукумати ноҳияи Ҷаббор Расулов.
Вай қайд кард, ки Марзбонони ду ноҳия ба маҳалли ҳодиса рафта бо роҳи гуфтушунид масъаларо бартараф кардаанд.
Бояд қайд кард, ки Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марзи муштарак доранд. Дар ҳамин ҳол, чандсад километри марз муайян ё аломатгузорӣ нашудааст.
Ин вазъ пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба вуҷуд омадааст - ҷонибҳо наметавонанд дар мавриди моликияти даҳҳо қитъаҳои марзи баҳсбарангез ба созиш бирасанд. Ҳудуди муайяннашуда ба минтақаҳои низоъ байни аҳолии маҳаллӣ табдил ёфта, ки ба он сарҳадбонони ду кишвар ҳамроҳ шудаанд.
Генеральный секретарь ОДКБ Имангали Тасмагамбетов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.04.2024
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Дабири СААД: эҳтимолияти низоъ миёни Тоҷикистону Қирғизистон бартараф шуд
Охирин муноқишаи бузург 16 сентябри соли 2022 рух дод, ки дар натиҷаи он аз ҳарду ҷониб садҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд ва ба зеррбиноҳои манотиқи марзии вилоятҳои Суғду Бодканд хисороти зиёди моддӣ расонида шуд.
Руасои ҷумҳури Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов борҳо масъалаи марзро баррасӣ кардаанд.
Вазъ дар манотиқи баҳсбарангезро Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) низ таҳти назорати ҷиддӣ қарор додааст.
Тайи чанд соли ахир мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли ин масъала фаъолона музокирот доранд. Вохуриҳо бо навбат дар ҳудуди ҳар ду кишвар сурат мегиранд.
Дар ҳоли ҳозир беш аз 90% ё ҳудуди 875 километри хатти марз аз ҷониби давлатҳо муайян шудаанд. Тарафҳо ният доранд, ки корро дар ояндаи наздик пурра ба анҷом расонанд.
Лентаи хабарҳо
0