https://sputnik.tj/20240417/saad-ehtimoliyati-nizo-tojikistonu-qirghiziston-bartaraf-1062503310.html
Дабири СААД: эҳтимолияти низоъ миёни Тоҷикистону Қирғизистон бартараф шуд
Дабири СААД: эҳтимолияти низоъ миёни Тоҷикистону Қирғизистон бартараф шуд
Sputnik Тоҷикистон
Иродаи раҳбарияти Қирғизистон ва Тоҷикистон имкон дод, ки мушкили марзӣ бо роҳи сиёсӣ ҳал шавад, изҳор дошт дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ
2024-04-17T12:45+0500
2024-04-17T12:45+0500
2024-04-17T13:43+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ
саад
марз
қирғизистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/11/1062505067_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_cc3332082e3605ef6440fd63e4711b4a.jpg
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Эҳтимоли муноқиша миёни Бишкеку Душанбе ва аломатҳои ошкори ихтилофи назар байни аъзои СААД мавҷуд нестанд. Ин нуктаро дабири кулли СААД Имангалӣ Тасмагамбетов баён дошт. Вай аз иродаи раҳбарияти сиёсии ду кишвар – Қирғизистон ва Тоҷикистон тавсиф кард, ки имконият дод, ки муайянсозии марзи давлатӣ оғоз шуда, бомуваффақият ҷараён дорад. Вай афзуд, аломатҳои ошкори ихтилофи назар байни аъзои созмон ба далели тезутунд шудани вазъи геополитикӣ низ ба назар намерасад. Тасмагамбетов муътақид аст, ки ба шарофати СААД кишварҳои узв имкони таъмини амнияти миллиро пурра доранд.Ахиран мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар масоили марзӣ дар вилояти Суғд баргузор шуд, ки ба итттилои ҷонибҳо дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт. Қаблан вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин иттилоъ дода буд, ки давоми соли гузашта зиёда аз 197 км ҳудудҳои мушкил тасвиб шуда, 10% боқӣ мондааст, ки ин аз 97 то 103 км хати сарҳадро ташкил медиҳад.Гуфта мешавад, ки муайянсоозии хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад. Дар маҷмӯъ, хатти сарҳади ду кишвар тақрибан 987 км мебошад.
https://sputnik.tj/20240416/tojikiston-qirghiziston-marz-jalasa-1062491444.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/11/1062505067_160:0:2891:2048_1920x0_80_0_0_3f01f9d36be2bf895723ba9457a25ee6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тавсиф, саад, муносибот, душанбе, бишкек, мулоқот, ҳамкорӣ
тавсиф, саад, муносибот, душанбе, бишкек, мулоқот, ҳамкорӣ
Дабири СААД: эҳтимолияти низоъ миёни Тоҷикистону Қирғизистон бартараф шуд
12:45 17.04.2024 (Навсозишуда: 13:43 17.04.2024) Иродаи раҳбарияти Қирғизистон ва Тоҷикистон имкон дод, ки мушкили марзӣ бо роҳи сиёсӣ ҳал шавад, изҳор дошт дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Эҳтимоли муноқиша миёни Бишкеку Душанбе ва аломатҳои ошкори ихтилофи назар байни аъзои СААД мавҷуд нестанд.
Ин нуктаро дабири кулли СААД Имангалӣ Тасмагамбетов баён дошт.
Вай аз иродаи раҳбарияти сиёсии ду кишвар – Қирғизистон ва Тоҷикистон тавсиф кард, ки имконият дод, ки муайянсозии марзи давлатӣ оғоз шуда, бомуваффақият ҷараён дорад.
"Даст ёфтан ба ҳалли сиёсии мушкилоти марзӣ барои абадан зарфияти низоъ байни Душанбе ва Бишкекро бартараф мекунад", - гуфт дабири СААД.
Вай афзуд, аломатҳои ошкори ихтилофи назар байни аъзои созмон ба далели тезутунд шудани вазъи геополитикӣ низ ба назар намерасад.
Тасмагамбетов муътақид аст, ки ба шарофати СААД кишварҳои узв имкони таъмини амнияти миллиро пурра доранд.
Ахиран мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар масоили марзӣ дар вилояти Суғд баргузор шуд, ки ба итттилои ҷонибҳо дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.
Қаблан вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин иттилоъ дода буд, ки давоми соли гузашта зиёда аз 197 км ҳудудҳои мушкил тасвиб шуда, 10% боқӣ мондааст, ки ин аз 97 то 103 км хати сарҳадро ташкил медиҳад.
Гуфта мешавад, ки муайянсоозии хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад. Дар маҷмӯъ, хатти сарҳади ду кишвар тақрибан 987 км мебошад.