https://sputnik.tj/20240507/jahishi-narkh-rubl-tojikiston-1062759001.html
Ҷаҳиши нархи рубл дар Тоҷикистон
Ҷаҳиши нархи рубл дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши се асъори калидии нисбатан серистифода дар ҷумҳуриро эълон кард, ки нархи ҳамаашон майл ба гаронӣ дорад 07.05.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-05-07T09:45+0500
2024-05-07T09:45+0500
2024-05-16T09:02+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
арзиш
қурб
доллар
евро
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/11/1041690889_0:32:1501:876_1920x0_80_0_0_73b0655394f75916f6bd4387820fca05.jpg
ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Нархи ҳазор рубли русӣ дар Тоҷикистон 119,9 сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба нишондоди рӯзи қабл 0,8 сомонӣ бештар мебошад.Дар ин бора Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзудаст, ки нархи пули амрикоӣ ва аврупоӣ низ боло рафтааст. Аз ҷумла 1 доллари ИМА - 10.9201 сомонӣ ва 1 евро - 11. 7653 сомонӣ нарх дорад. Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар ташкилоти қарзии Тоҷикистонро барои доллари ИМА аз 10.9201 то 10.9300 сомонӣ, евро аз 11.7653 то 11.8400 сомонӣ ва ҳазор рубли русиро аз 119,9 то 120,5 сомониро ташкил медиҳад. Рубл дар Тоҷикистон яке аз сертаваҷҷуҳтарин асъор ба шумор меравад ва қимати он ба пул дар кисаи аҳолии кишвар таъсири бевосита дорад.Аз ҷумла садҳо ҳазор тоҷикистонӣ дар Русия кор мекунанд ва маблағро бо рубл мегиранду мефиристанд, аммо хонаводаҳояшон вобаста ба қурб онро бо сомонӣ мегиранд.Дар ҳамин ҳол БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.Таъкид шудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
https://sputnik.tj/20240429/iqtisoddon-sharh-dollar-70-rubl-nakhohad-bud-1062668148.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/11/1041690889_81:0:1414:1000_1920x0_80_0_0_41421c42049e80223c56ab7c6ce9d132.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, иқтисод, арзиш, қурб, доллар, евро
дар тоҷикистон, иқтисод, арзиш, қурб, доллар, евро
Ҷаҳиши нархи рубл дар Тоҷикистон
09:45 07.05.2024 (Навсозишуда: 09:02 16.05.2024) Бонки миллии Тоҷикистон арзиши се асъори калидии нисбатан серистифода дар ҷумҳуриро эълон кард, ки нархи ҳамаашон майл ба гаронӣ дорад
ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Нархи ҳазор рубли русӣ дар Тоҷикистон 119,9 сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба нишондоди рӯзи қабл 0,8 сомонӣ бештар мебошад.
Дар ин бора Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзудаст, ки нархи пули амрикоӣ ва аврупоӣ низ боло рафтааст. Аз ҷумла 1 доллари ИМА - 10.9201 сомонӣ ва 1 евро - 11. 7653 сомонӣ нарх дорад.
Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар ташкилоти қарзии Тоҷикистонро барои доллари ИМА аз 10.9201 то 10.9300 сомонӣ, евро аз 11.7653 то 11.8400 сомонӣ ва ҳазор рубли русиро аз 119,9 то 120,5 сомониро ташкил медиҳад.
Рубл дар Тоҷикистон яке аз сертаваҷҷуҳтарин асъор ба шумор меравад ва қимати он ба пул дар кисаи аҳолии кишвар таъсири бевосита дорад.
Аз ҷумла садҳо ҳазор тоҷикистонӣ дар Русия кор мекунанд ва маблағро бо рубл мегиранду мефиристанд, аммо хонаводаҳояшон вобаста ба қурб онро бо сомонӣ мегиранд.
Дар ҳамин ҳол БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.