https://sputnik.tj/20240504/safir-qazoqiston-muzokirot-ukraina-rusiya-1062729898.html
Сафири Қазоқистон гуфт, музокирот дар бораи Украина бидуни Русия имконнопазир аст
Сафири Қазоқистон гуфт, музокирот дар бораи Украина бидуни Русия имконнопазир аст
Sputnik Тоҷикистон
Қазоқистон омода аст, барои баррасии ҳалли низоъ дар Украина шароит фароҳам оварад ва барои тамосҳои дахлдор замина фароҳам кунад, гуфт сафир 04.05.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-05-04T18:04+0500
2024-05-04T18:04+0500
2024-05-04T18:04+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
амалиёти вижа
дар русия
украина
музокира
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/04/1062726389_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_153a455f97bea6e506cec11e9ece313f.jpg
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Равандҳои ҳалли низоъ дар Украина бидуни ширкати Русия ғайриимкон аст. Дар ин бора Даврон Абаев, сафири Қазоқистон дар Русия дар мусоҳиба бо ТАСС изҳор дошт. Дар бораи конфронси Украина дар Швейтсария, ки дар нимаи моҳи июн ба нақша гирифта шудааст, вай чунин шарҳ дод.Абаев ҳамчунин зикр кард, ки аз даъвати намояндаи Қазоқистон ба конфронси Украина дар Швейтсария, ки нимаи моҳи июн дар назар аст, хабар надорад. "То ҷое ки ман медонам, Қазоқистон то ҳол чунин даъватро нагирифтааст", - гуфт ӯ.Ҳамзамон, дипломат таъкид кард, ки ҷумҳурӣ омода аст барои баррасии ҳалли низоъ дар Украина шароит фароҳам созад ва барои тамосҳои дахлдор замина фароҳам кунад.Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро анҷом медиҳад. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд".Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии амалиёти низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад. Вазорати корҳои хориҷии Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина “бо оташ бозӣ мекунанд”. Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот дар сатҳи қонунгузорӣ мамнӯъ эълон кардааст.
https://sputnik.tj/20240211/kremlin-rusiya-amaliyoti-vizha-hadaf-1061651790.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/04/1062726389_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_f032371994facf718e74737d30602579.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амалиёти вижа, дар русия, украина, музокира, сиёсат
амалиёти вижа, дар русия, украина, музокира, сиёсат
Сафири Қазоқистон гуфт, музокирот дар бораи Украина бидуни Русия имконнопазир аст
Қазоқистон омода аст, барои баррасии ҳалли низоъ дар Украина шароит фароҳам оварад ва барои тамосҳои дахлдор замина фароҳам кунад, гуфт сафир
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Равандҳои ҳалли низоъ дар Украина бидуни ширкати Русия ғайриимкон аст.
Дар ин бора Даврон Абаев, сафири Қазоқистон дар Русия дар мусоҳиба бо ТАСС изҳор дошт.
"Гузашта аз ин, шумо медонед, ки ҳоло ташаббусҳои гуногун вуҷуд доранд ва возеҳ дарк мекунанд, ки бидуни иштироки Русия ин равандҳо ғайриимкон аст, албатта, дар ин равандҳо фикри Русия бояд ҳамеша ба назар гирифта шавад",- гуфт ӯ.
Дар бораи конфронси Украина дар Швейтсария, ки дар нимаи моҳи июн ба нақша гирифта шудааст, вай чунин шарҳ дод.
Абаев ҳамчунин зикр кард, ки аз даъвати намояндаи Қазоқистон ба конфронси Украина дар Швейтсария, ки нимаи моҳи июн дар назар аст, хабар надорад.
"То ҷое ки ман медонам, Қазоқистон то ҳол чунин даъватро нагирифтааст", - гуфт ӯ.
Ҳамзамон, дипломат таъкид кард, ки ҷумҳурӣ омода аст барои баррасии ҳалли низоъ дар Украина шароит фароҳам созад ва барои тамосҳои дахлдор замина фароҳам кунад.
"Албатта, Қазоқистон ҳамеша омода аст дар ҳалли ҳама равандҳое, ки ҷаҳонро ба ташвиш меорад, ин на танҳо Русия ва Украина, балки Арманистон ва Озарбойҷон, дар масъалаҳои Сурия ва ҳамчунин Эрон кумак кунад",- гуфт сафир.
Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро анҷом медиҳад. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии амалиёти низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Вазорати корҳои хориҷии Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина “бо оташ бозӣ мекунанд”.
Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот дар сатҳи қонунгузорӣ мамнӯъ эълон кардааст.