https://sputnik.tj/20240504/ruz-ghalaba-dushanbe-girdihamoi-yodbud-1062731367.html
Ба муносибати Рӯзи Ғалаба дар Душанбе гирдиҳамоии ёдбуд доир шуд
Ба муносибати Рӯзи Ғалаба дар Душанбе гирдиҳамоии ёдбуд доир шуд
Sputnik Тоҷикистон
Кормандони сафорати Русия, низомиёни 201-уми РВБ ва ҳамватанон ба пояи ёдбуди сарбозони интернатсионалисти ҳалокшуда гул гузоштанд. 04.05.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-05-04T19:25+0500
2024-05-04T19:25+0500
2024-05-04T19:37+0500
рӯзи ғалаба
дар тоҷикистон
ёдбуд
шаҳиди ҷанги бузурги меҳанӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/04/1062730448_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_3d5f3638e3f38c5b70daa748549d1ba4.jpg
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи ғалаба собиқадорони интернасионалист ҳамоиши хотиравӣ барпо карданд. Чорабинии ботантана дар хиёбони шуҳрати ҷанговарони интернасионалист дар қабристони шаҳри Душанбе барпо гардид. Он ба таҷлили 79-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шуд. Дар ин чорабинӣ мушовири фиристодаи сафорати Русия дар Тоҷикистон Вера Хуторская, кормандони намояндагии дипломатӣ, инчунин, низомиёни пойгоҳи низомии 201-уми Русия, созмонҳои собиқадор ва ҷамъиятии Тоҷикистону Узбакистон ва ҳамватанон ширкат доштанд. Дипломати рус ба роҳбарияти Тоҷикистон барои он изҳори сипос кард, ки дар ҷумҳурӣ пос доштани хотираи таърихӣ, таваҷҷуҳ ба собиқадорон ва роҳандозии корҳои ватандӯстона бо ҷавонон идома дорад.Дар анҷоми қисмати расмии чорабинӣ ба пояи ёдгории ҷанговарони интернасионалист гулдаста гузошта шуд.Қаблан дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоишгоҳи “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст” ифтитоҳ шуда буд.Он ба 79-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 80-умин солгарди озод шудани пурраи Ленинград аз муҳосираи фашистӣ бахшида шудааст. Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев ширкат дошт.
https://sputnik.tj/20240502/malum-tojikiston-sobiqador-jang-buzurg-vatan-qayd-hayotand-1062698740.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/04/1062730448_65:0:1026:721_1920x0_80_0_0_95e448da58efaf7db1969b2474240dd5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рӯзи ғалаба, дар тоҷикистон, ёдбуд, шаҳиди ҷанги бузурги меҳанӣ
рӯзи ғалаба, дар тоҷикистон, ёдбуд, шаҳиди ҷанги бузурги меҳанӣ
Ба муносибати Рӯзи Ғалаба дар Душанбе гирдиҳамоии ёдбуд доир шуд
19:25 04.05.2024 (Навсозишуда: 19:37 04.05.2024) Кормандони сафорати Русия, низомиёни 201-уми РВБ ва ҳамватанон ба пояи ёдбуди сарбозони интернатсионалисти ҳалокшуда гул гузоштанд.
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи ғалаба собиқадорони интернасионалист ҳамоиши хотиравӣ барпо карданд.
Чорабинии ботантана дар хиёбони шуҳрати ҷанговарони интернасионалист дар қабристони шаҳри Душанбе барпо гардид.
Он ба таҷлили 79-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шуд.

В Душанбе воины-интернационалисты провели памятный митинг по случаю Дня Победы

В Душанбе воины-интернационалисты провели памятный митинг по случаю Дня Победы
В Душанбе воины-интернационалисты провели памятный митинг по случаю Дня Победы
В Душанбе воины-интернационалисты провели памятный митинг по случаю Дня Победы
Дар ин чорабинӣ мушовири фиристодаи сафорати Русия дар Тоҷикистон Вера Хуторская, кормандони намояндагии дипломатӣ, инчунин, низомиёни пойгоҳи низомии 201-уми Русия, созмонҳои собиқадор ва ҷамъиятии Тоҷикистону Узбакистон ва ҳамватанон ширкат доштанд.
"Падарон, бобою бобоёни мо чӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва чӣ дар ҷанги Афғонистон ғалаба ба даст овардаанд. Воқеаҳое, ки дар ҷаҳон руй дода истодаанд, бори дигар тасдиқ мекунад, ки шумо дар он вақт дар муҳофизати ҳаёти осоиштаи мо, дар мубориза бо террористон ва нашъамандй ҳақ будед", — қайд кард Хуторская ба ҷанговарони интернасионалист.
Дипломати рус ба роҳбарияти Тоҷикистон барои он изҳори сипос кард, ки дар ҷумҳурӣ пос доштани хотираи таърихӣ, таваҷҷуҳ ба собиқадорон ва роҳандозии корҳои ватандӯстона бо ҷавонон идома дорад.
Дар анҷоми қисмати расмии чорабинӣ ба пояи ёдгории ҷанговарони интернасионалист гулдаста гузошта шуд.
Қаблан дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоишгоҳи “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст” ифтитоҳ шуда буд.
Он ба 79-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 80-умин солгарди озод шудани пурраи Ленинград аз муҳосираи фашистӣ бахшида шудааст.
Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев ширкат дошт.