https://sputnik.tj/20240502/malum-tojikiston-sobiqador-jang-buzurg-vatan-qayd-hayotand-1062698740.html
Маълум шуд, ки дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қайди ҳаётанд
Маълум шуд, ки дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қайди ҳаётанд
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон тайи як соли охир боз 13 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватаниро аз даст дода, феълан дар бисёри манотиқ, аз ҷумла ВМКБ ягон куҳансарбоз нест
2024-05-02T13:46+0500
2024-05-02T13:46+0500
2024-05-02T15:15+0500
дар тоҷикистон
собиқадори ҷанг
шаҳиди ҷанги бузурги меҳанӣ
куҳансарбозон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/02/1062698946_0:35:2140:1239_1920x0_80_0_0_b211fbd6e9327f151f97cf81956d00a2.jpg
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Ба ҳолати аввали май дар Тоҷикистон 24 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945 дар қайди ҳаётанд.Дар ин бора Элмурод Турсунов, муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.Ба гуфтаи ӯ, омори ҷадид дар пайи тамос бо шаҳру навоҳии ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 1 май ҷамъоварӣ гардидааст.Дар ҳамин давраи соли гузашта дар Тоҷикистон 37 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қайди ҳаёт буданд.Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола дар рӯзҳои таҷлили Рӯзи Ғалаба чорабиниҳои идона бо иштироки собиқадорон баргузор мешавад ва дар бархе ҳолатҳо намояндагони мақомоту ҷомеа ба аёдати онҳо мераванд.Ҳар сол дар арафаи иди Ғалаба бо фармони президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони шаҳру вилоятҳо куҳансарбозон бо мукофотпулиҳо ва дигар кумакҳо қадрдонӣ мешаванд.Аз ҷумла дар соли равон ҳукумати вилояти Суғд ба 6 нафар собиқадорон ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ 7 ҳазор сомонӣ ва афроде, ки дар ақибгоҳ кор мекарданд ва медал доранд, 4 ҳазор сомонигӣ мукофотпулӣ ҷудо кардааст.Дар мавриди кумакпулиҳои шаҳру навоҳии дигар ҳанӯз расман иттилоъ расонаӣ нашудааст.
https://sputnik.tj/20240423/hazor-somoni-qadrshinosi-hukumati-sughd-jbv-1062602507.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/02/1062698946_0:5:2140:1610_1920x0_80_0_0_d92488774d39c36962cc70a427520334.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон собиқадор ҷанги бузурги ватанӣ қайд ҳаётанд
тоҷикистон собиқадор ҷанги бузурги ватанӣ қайд ҳаётанд
Маълум шуд, ки дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қайди ҳаётанд
13:46 02.05.2024 (Навсозишуда: 15:15 02.05.2024) Эксклюзив
Тоҷикистон тайи як соли охир боз 13 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватаниро аз даст дода, феълан дар бисёри манотиқ, аз ҷумла ВМКБ ягон куҳансарбоз нест
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Ба ҳолати аввали май дар Тоҷикистон 24 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945 дар қайди ҳаётанд.
Дар ин бора Элмурод Турсунов, муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, омори ҷадид дар пайи тамос бо шаҳру навоҳии ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 1 май ҷамъоварӣ гардидааст.
"Айни ҳол дар вилояти Хатлон - 10 куҳансарбоз, дар Суғд - 6, дар Душанбе - 3 дар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 5 куҳансарбоз иқомат доранд", - гуфт ӯ.
Дар ҳамин давраи соли гузашта дар Тоҷикистон 37 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қайди ҳаёт буданд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола дар рӯзҳои таҷлили Рӯзи Ғалаба чорабиниҳои идона бо иштироки собиқадорон баргузор мешавад ва дар бархе ҳолатҳо намояндагони мақомоту ҷомеа ба аёдати онҳо мераванд.
Ҳар сол дар арафаи иди Ғалаба бо фармони президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони шаҳру вилоятҳо куҳансарбозон бо мукофотпулиҳо ва дигар кумакҳо қадрдонӣ мешаванд.
Аз ҷумла дар соли равон ҳукумати вилояти Суғд ба 6 нафар собиқадорон ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ 7 ҳазор сомонӣ ва афроде, ки дар ақибгоҳ кор мекарданд ва медал доранд, 4 ҳазор сомонигӣ мукофотпулӣ ҷудо кардааст.
Дар мавриди кумакпулиҳои шаҳру навоҳии дигар ҳанӯз расман иттилоъ расонаӣ нашудааст.