https://sputnik.tj/20240503/tauz-hidro-hamkori-tojikistonu-uzbekiston-1062711622.html
TaUz Hidro ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро таҳким мебахшад
TaUz Hidro ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро таҳким мебахшад
Sputnik Тоҷикистон
Ташаббуси Тоҷикистону Ӯзбекистон озмоишӣ буда, ба гуфтаи вазири энержии тоҷик, кишварҳо барои ғояҳои мухталиф барои рушд боз ҳастанд
2024-05-03T12:44+0500
2024-05-03T12:44+0500
2024-05-03T12:44+0500
энергетика
сохтмон
сохтмони нерӯгоҳ
далер ҷумъа
корҳои сохтмонӣ
дар тоҷикистон
ӯзбекистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/01/1032738999_0:211:1220:897_1920x0_80_0_0_33f32d024cc48b2fcf75a639f53e8524.jpg
ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Лоиҳаи Тоҷикистону Узбекистони TaUz Hidro барои сармоягузорон ҷолиб аст. Дар ин бора вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон, Далер Ҷумъа хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ин иқдом озмоишӣ буда, аз ин рӯ, кишварҳо барои ғояҳои мухталифи рушд боз ҳастанд.TaUz Hidro оператори махсусест, ки барои мусоидат ба сохтмони муштараки ду неругоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон аз ҷониби ҷумҳуриҳо таъсис дода шудааст. Ёдовар мешавем, ки соли 2018 дар бораи ширкати ҷониби Ӯзбекистон дар сохтмон ва истифодабарии ду нерӯгоҳи барқи обӣ дар рӯдхонаи Зарафшон тавофуқ ҳосил шуда буд.Моҳи январи соли 2020 тартиб ва шартҳои иштироки муштараки ҷонибҳо дар ин лоиҳа аллакай дар сатҳи гурӯҳи корӣ баррасӣ шуда, оғози рамзӣ аз моҳи июни соли 2022 оғоз гардид.Қаблан гуфта шуда буд, ки дар аввал нерӯгоҳи барқи обии Ёвон бо арзиши 282 млн доллари амрикоӣ бо иқтидори 140 Мвт ва 700-800 млн кВт дар соат бунёд гардад. Дар марҳилаи баъдӣ сохтмони нерӯгоҳ дар Фондарё баррасӣ мешавад, ки арзиши лоиҳавии он 270 млн доллар ва иқтидораш 135 МВТ-ро ташкил медиҳад.Маблағгузории сохтмони ду нерӯгоҳ аз ҳисоби пули қарзу грант ва саҳми ҷонибҳо дар хазинаи оинномавии нерӯгоҳҳои бунёдшаванда дар назар аст.
https://sputnik.tj/20240501/tojikiston-uzbekiston-nazorati-mushtaraki-bozori-moliya-1062682389.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/01/1032738999_28:114:1156:960_1920x0_80_0_0_d68731dd872c5804ec5ce4ed82bc581d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таҳким, ҳамкорӣ, тоҷикистон, ӯзбекистон
таҳким, ҳамкорӣ, тоҷикистон, ӯзбекистон
TaUz Hidro ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро таҳким мебахшад
Ташаббуси Тоҷикистону Ӯзбекистон озмоишӣ буда, ба гуфтаи вазири энержии тоҷик, кишварҳо барои ғояҳои мухталиф барои рушд боз ҳастанд
ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Лоиҳаи Тоҷикистону Узбекистони TaUz Hidro барои сармоягузорон ҷолиб аст.
Дар ин бора вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон, Далер Ҷумъа хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, ин иқдом озмоишӣ буда, аз ин рӯ, кишварҳо барои ғояҳои мухталифи рушд боз ҳастанд.
"Дар чаҳорчӯби лоиҳа мо метавонем модел ва платформаеро таҳия кунем, ки имкон медиҳад, ки минбаъд ҳам истифодаи неругоҳҳои барқи обии хурд, миёна ва ҳатто азимро якҷоя истифода барем", - қайд кард ӯ.
TaUz Hidro оператори махсусест, ки барои мусоидат ба сохтмони муштараки ду неругоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон аз ҷониби ҷумҳуриҳо таъсис дода шудааст.
Ёдовар мешавем, ки соли 2018 дар бораи ширкати ҷониби Ӯзбекистон дар сохтмон ва истифодабарии ду нерӯгоҳи барқи обӣ дар рӯдхонаи Зарафшон тавофуқ ҳосил шуда буд.
Моҳи январи соли 2020 тартиб ва шартҳои иштироки муштараки ҷонибҳо дар ин лоиҳа аллакай дар сатҳи гурӯҳи корӣ баррасӣ шуда, оғози рамзӣ аз моҳи июни соли 2022 оғоз гардид.
Қаблан гуфта шуда буд, ки дар аввал нерӯгоҳи барқи обии Ёвон бо арзиши 282 млн доллари амрикоӣ бо иқтидори 140 Мвт ва 700-800 млн кВт дар соат бунёд гардад. Дар марҳилаи баъдӣ сохтмони нерӯгоҳ дар Фондарё баррасӣ мешавад, ки арзиши лоиҳавии он 270 млн доллар ва иқтидораш 135 МВТ-ро ташкил медиҳад.
Маблағгузории сохтмони ду нерӯгоҳ аз ҳисоби пули қарзу грант ва саҳми ҷонибҳо дар хазинаи оинномавии нерӯгоҳҳои бунёдшаванда дар назар аст.