Тоҷикистону Ӯзбекистон назорати муштараки бозори молиявиро тақвият медиҳанд

© Sputnik / Дмитрий Астахов / Гузариш ба медиабонкПортфель, архивное фото
Портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2024
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамкорӣ бо Бонки марказии Ӯзбекистонро, бо назардошти ҳимояи манфиатҳои миллии кишвар ва таҳкими ҳамоҳангӣ ба роҳ мондаст.
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Созишнома байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Ӯзбекистон дар соҳаи назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ ба имзо расид.
Дар ин бора Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки БМТ ҳамкориро бо бонкҳои марказию миллии давлатҳои хориҷӣ тақвият медиҳад.
Созишномаи мазкур барои густариши ҳамкории мутақобила тавассути ҳамоҳангсозии назари тарафҳо оид ба масъалаҳои танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ, расмиёти иҷозатномадиҳӣ, бозрасӣ, идоракунии ҳолатҳои буҳронӣ равона шудаст.
Банковские карты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2024
Агар бонк кор накунад, чӣ тавр пул фиристем: маслиҳатҳои муҳоҷирони тоҷик
Санад ҳамчунин барои назорат дар маҳалу фосилавӣ, назорати раванди қабул ва коркарди ҳисоботи молиявӣ, мониторинги хавфҳо, татбиқ ва корбурди стандартҳои Кумитаи Базел оид ба назорати бонкӣ, гузарондани стресс-санҷишҳои ташкилотҳои қарзӣ ва мубодилаи иттилоот шароити мусоид фароҳам меоварад, омадаст дар иттилоия.
Таъкид шудаст, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҳамкорӣ бо Бонки марказии Ӯзбекистонро, бо назардошти ҳимояи манфиатҳои миллии кишвар ба роҳ мондаст.
Таъкид шудаст, ки барои тақвияти ҳамгироӣ дар соҳаи молия ва бонкӣ, ҳамоҳангсозии амалҳо дар соҳаи рушди низоми бонкӣ, бозомӯзии мутахассисон ва табодули таҷриба чораҳои зарурӣ андешида хоҳанд шуд.
Густариши ҳамкориҳои минбаъда дар самти мубодилаи маълумот ва таҷриба аз созишҳои аслии бонкдорони Тоҷикистону Ӯзбкистон арзёбӣ шудаст.
Лентаи хабарҳо
0