Меъёри бозтамвил дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чанд аст?

Обуна шудан
Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ баландтарин нишондоди меъёри бозтамвил дар Қазоқистон ва пасттаринаш дар Туркманистон мавриди амал қарор дода шудааст
Меъёри бозтамвил дар Тоҷикистон яке аз нишондиҳандаҳои пасттарин дар Осиёи Миёна буда, дуюмин баъди Туркманистон мебошад.
Таҳлили нишондиҳандаҳои меъёри бозтамвил дар минтақа нишон медиҳад, ки баландтаринаш дар Қазоқистон ва пасттаринаш дар Туркманистон аст.
Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) меъёри бозтамвилро ба андозаи 0,25 банди фоизӣ - аз 9,50% то 9,25% паст кард.
Тибқи иттилои Бонки миллӣ, қарори дахлдор дар ин бора ахиран дар ҷаласаи навбатии Кумитаи сиёсати пулию қарзии БМТ қабул шуд.
Ба иттилои манбаъ, меъёри нав аз 1 майи соли равон мавриди амал қарор мегирад.
Қобили зикр аст, ки ин дуюмин паст кардани меъёри бозтамвил дар соли равон аст.
То ин вақт моҳи феврал меъёр аз 10,0% то 9,5%-и солона паст карда шуда буд.
Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвилро поин бурд
Тибқи қонунгузорӣ, меъёри бозтамвил меъёри минималии фоизие мебошад, ки тибқи он БМТ ба бонкҳои тиҷоратии кишвар ҷиҳати таъмини пардохтпазирии кӯтоҳмуҳлат қарз медиҳад.
Муҳлати чунин қарзҳо, ки бонкҳо метавонанд дар музоядаҳо онро гиранд, аз як рӯз (intraday) то 28 рӯзро ташкил медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0