https://sputnik.tj/20240211/bonki-millii-tojikiston-meyori-boztamvil-poin-1061647077.html
Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвилро поин бурд
Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвилро поин бурд
Sputnik Тоҷикистон
Коршиносони танзимгари миллии Тоҷикистон ҳадафи коҳиши меъёри бозтамвилро шарҳ дода, гуфтанд, ки бо кадом ҳадаф он чунин муқаррар карда шуд
2024-02-11T10:21+0500
2024-02-11T10:21+0500
2024-02-11T10:21+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
бонки миллӣ
бмт
меъёри бозтамвил
коҳиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103062/29/1030622906_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_c52e74b2ac92faed885a643210f4b9cf.jpg
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) меъёри бозтамвилро 0,5% фоиз коҳиш дод.Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Бонки миллӣ хабар додааст.Ҳамин тавр, аз 12 феврал меъёри бозтамвил дар ҷумҳурӣ 9,5% муқаррар карда шудааст. Қаблан меъёри бозтамвил 10%-ро ташкил медод."Кумитаи сиёсати пулию қарзии БМТ дар ҷаласаи навбатии худ тасмим гирифт, ки аз 12 феврал соли 2024 меъёри бозтамвилро 0,5 фоиз поин бурда, 9,5%-и солона муқаррар намояд", — омадааст дар хабари бонк.Гуфта мешавад, ки ин тасмим, ба хотири ба эътидол овардани нархҳо дар бозорҳои дохилӣ ва байналмилалӣ, инчунин ба сатҳи таваррум, ки аз нишондиҳандаи ҳисобшуда паст аст, марбут аст.Тибқи маълумоти охирини нашркардаи Бонки миллӣ, таваррум дар моҳи декабри соли 2023 0,4% ва дар ҳамин моҳ 3,8%-ро ташкил дод.Соли 2023 Бонки миллӣ ду маротиба меъёри бозтамвилро аз 13% то 11% ва сипас аз 11 то 10% поин бурд.Аммо, пас аз моҳи майи соли 2023, меъёр дар сатҳи 10% нигоҳ дошта шуд; дар ду ҷаласаи ба нақша гирифташудаи кумитаи сиёсати пулию қарзӣ танзимгар тасмим гирифт, ки онро тағир надиҳад.
https://sputnik.tj/20230808/iddao-bonki-milli-az-sathi-tavarrum-mutadil-dar-kishvar-1058714763.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103062/29/1030622906_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_deec2bf2f2517b155cc1792615bde66a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, бонки миллӣ, меъёри бозтамвил, иқтисод, коҳиш, қарз
тоҷикистон, бонки миллӣ, меъёри бозтамвил, иқтисод, коҳиш, қарз
Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвилро поин бурд
Коршиносони танзимгари миллии Тоҷикистон ҳадафи коҳиши меъёри бозтамвилро шарҳ дода, гуфтанд, ки бо кадом ҳадаф он чунин муқаррар карда шуд
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) меъёри бозтамвилро 0,5% фоиз коҳиш дод.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Бонки миллӣ хабар додааст.
Ҳамин тавр, аз 12 феврал меъёри бозтамвил дар ҷумҳурӣ 9,5% муқаррар карда шудааст. Қаблан меъёри бозтамвил 10%-ро ташкил медод.
"Кумитаи сиёсати пулию қарзии БМТ дар ҷаласаи навбатии худ тасмим гирифт, ки аз 12 феврал соли 2024 меъёри бозтамвилро 0,5 фоиз поин бурда, 9,5%-и солона муқаррар намояд", — омадааст дар хабари бонк.
Гуфта мешавад, ки ин тасмим, ба хотири ба эътидол овардани нархҳо дар бозорҳои дохилӣ ва байналмилалӣ, инчунин ба сатҳи таваррум, ки аз нишондиҳандаи ҳисобшуда паст аст, марбут аст.
Тибқи маълумоти охирини нашркардаи Бонки миллӣ, таваррум дар моҳи декабри соли 2023 0,4% ва дар ҳамин моҳ 3,8%-ро ташкил дод.
Соли 2023 Бонки миллӣ ду маротиба меъёри бозтамвилро аз 13% то 11% ва сипас аз 11 то 10% поин бурд.
Аммо, пас аз моҳи майи соли 2023, меъёр дар сатҳи 10% нигоҳ дошта шуд; дар ду ҷаласаи ба нақша гирифташудаи кумитаи сиёсати пулию қарзӣ танзимгар тасмим гирифт, ки онро тағир надиҳад.