https://sputnik.tj/20240503/meyori-boztamvil-kishvarhoi-osiyoi-markazi-1062706226.html
Меъёри бозтамвил дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чанд аст?
Меъёри бозтамвил дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чанд аст?
Sputnik Тоҷикистон
Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ баландтарин нишондоди меъёри бозтамвил дар Қазоқистон ва пасттаринаш дар Туркманистон мавриди амал қарор дода шудааст
2024-05-03T11:40+0500
2024-05-03T11:40+0500
2024-05-03T11:44+0500
тасвирбаён
бмт
меъёри бозтамвил
осиёи марказӣ
иқтисод
молия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/0f/1058841448_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_d8663eb07b68738f565bafb7c0f9177b.png
Меъёри бозтамвил дар Тоҷикистон яке аз нишондиҳандаҳои пасттарин дар Осиёи Миёна буда, дуюмин баъди Туркманистон мебошад. Таҳлили нишондиҳандаҳои меъёри бозтамвил дар минтақа нишон медиҳад, ки баландтаринаш дар Қазоқистон ва пасттаринаш дар Туркманистон аст. Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) меъёри бозтамвилро ба андозаи 0,25 банди фоизӣ - аз 9,50% то 9,25% паст кард.Тибқи иттилои Бонки миллӣ, қарори дахлдор дар ин бора ахиран дар ҷаласаи навбатии Кумитаи сиёсати пулию қарзии БМТ қабул шуд.Ба иттилои манбаъ, меъёри нав аз 1 майи соли равон мавриди амал қарор мегирад.Қобили зикр аст, ки ин дуюмин паст кардани меъёри бозтамвил дар соли равон аст.То ин вақт моҳи феврал меъёр аз 10,0% то 9,5%-и солона паст карда шуда буд.Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвилро поин бурдТибқи қонунгузорӣ, меъёри бозтамвил меъёри минималии фоизие мебошад, ки тибқи он БМТ ба бонкҳои тиҷоратии кишвар ҷиҳати таъмини пардохтпазирии кӯтоҳмуҳлат қарз медиҳад.Муҳлати чунин қарзҳо, ки бонкҳо метавонанд дар музоядаҳо онро гиранд, аз як рӯз (intraday) то 28 рӯзро ташкил медиҳанд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/0f/1058841448_172:0:1132:720_1920x0_80_0_0_086656fa68cd2acd04acd13f8fcb50a2.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тасвирбаён, осиёи марказӣ, меъёри бозтамвил, истисод, молия
тасвирбаён, осиёи марказӣ, меъёри бозтамвил, истисод, молия
Меъёри бозтамвил дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чанд аст?
11:40 03.05.2024 (Навсозишуда: 11:44 03.05.2024) Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ баландтарин нишондоди меъёри бозтамвил дар Қазоқистон ва пасттаринаш дар Туркманистон мавриди амал қарор дода шудааст
Меъёри бозтамвил дар Тоҷикистон яке аз нишондиҳандаҳои пасттарин дар Осиёи Миёна буда, дуюмин баъди Туркманистон мебошад.
Таҳлили нишондиҳандаҳои меъёри бозтамвил дар минтақа нишон медиҳад, ки баландтаринаш дар Қазоқистон ва пасттаринаш дар Туркманистон аст.
Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) меъёри бозтамвилро ба андозаи 0,25 банди фоизӣ - аз 9,50% то 9,25% паст кард.
Тибқи иттилои Бонки миллӣ, қарори дахлдор дар ин бора ахиран дар ҷаласаи навбатии Кумитаи сиёсати пулию қарзии БМТ қабул шуд.
Ба иттилои манбаъ, меъёри нав аз 1 майи соли равон мавриди амал қарор мегирад.
Қобили зикр аст, ки ин дуюмин паст кардани меъёри бозтамвил дар соли равон аст.
То ин вақт моҳи феврал меъёр аз 10,0% то 9,5%-и солона паст карда шуда буд.
Тибқи қонунгузорӣ, меъёри бозтамвил меъёри минималии фоизие мебошад, ки тибқи он БМТ ба бонкҳои тиҷоратии кишвар ҷиҳати таъмини пардохтпазирии кӯтоҳмуҳлат қарз медиҳад.
Муҳлати чунин қарзҳо, ки бонкҳо метавонанд дар музоядаҳо онро гиранд, аз як рӯз (intraday) то 28 рӯзро ташкил медиҳанд.