https://sputnik.tj/20240501/somoni-barobari-dollar-rubl-taqviyat-1062681216.html
Сомонӣ дар баробари доллару рубл тақвият ёфт
Сомонӣ дар баробари доллару рубл тақвият ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Моҳи апрел дар бозори нақду ғайринақдии Тоҷикистон бо тақвияти пули миллӣ дар баробари пули Русия оғоз шуд. Нархи доллар низ дар ҷумҳурӣ коҳиш ёфтааст
2024-05-01T11:50+0500
2024-05-01T11:50+0500
2024-05-01T11:50+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
қурб
доллар
рубл
евро
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044219205_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_d73776bbb044b07d833c1aa10a938b22.jpg
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Нархи ҳазор рубли Русия дар Тоҷикистон поин рафта, дар рӯзи аввали май ба 117,1 сомонӣ баробар шуд. Ин нишондиҳанда рӯзе қабл 0,3 сомонӣ бештар буд.Қурби асъори амрикоӣ низ каме поин рафта, 1 доллар ба 10,9212 сомонӣ баробар гардид. Арзиши пули аврупоӣ ҳам дар баробари сомонӣ каме поинтар рафта, ҳамакнун 1 евро 11,7119 сомонӣ қимат дорад.Ққурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА аз 10.9212 то 10.9400 сомонӣ, 1 евро аз 11.7119 то 11.7700 сомонӣ ва ҳазор рубли Русия аз 117,1 то 118 сомониро ташкил медиҳад. Таваҷҷуҳ ба арзиши қурби рубли Русия дар Тоҷикистон зиёд аст, чун садҳо ҳазор муҳоҷири меҳнатии кишвар маҳз бо рубл музд мегиранду ба Ватан мефиристанд.БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.Ин ниҳод таъкид намудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
https://sputnik.tj/20240429/iqtisoddon-sharh-dollar-70-rubl-nakhohad-bud-1062668148.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044219205_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_4230a5d01a2f12f9d38fed037f54ceba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
коҳиш, нарх, рубл, қурб, доллар, евро
коҳиш, нарх, рубл, қурб, доллар, евро
Сомонӣ дар баробари доллару рубл тақвият ёфт
Моҳи апрел дар бозори нақду ғайринақдии Тоҷикистон бо тақвияти пули миллӣ дар баробари пули Русия оғоз шуд. Нархи доллар низ дар ҷумҳурӣ коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Нархи ҳазор рубли Русия дар Тоҷикистон поин рафта, дар рӯзи аввали май ба 117,1 сомонӣ баробар шуд. Ин нишондиҳанда рӯзе қабл 0,3 сомонӣ бештар буд.
Қурби асъори амрикоӣ низ каме поин рафта, 1 доллар ба 10,9212 сомонӣ баробар гардид. Арзиши пули аврупоӣ ҳам дар баробари сомонӣ каме поинтар рафта, ҳамакнун 1 евро 11,7119 сомонӣ қимат дорад.
Ққурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА аз 10.9212 то 10.9400 сомонӣ, 1 евро аз 11.7119 то 11.7700 сомонӣ ва ҳазор рубли Русия аз 117,1 то 118 сомониро ташкил медиҳад.
Таваҷҷуҳ ба арзиши қурби рубли Русия дар Тоҷикистон зиёд аст, чун садҳо ҳазор муҳоҷири меҳнатии кишвар маҳз бо рубл музд мегиранду ба Ватан мефиристанд.
БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Ин ниҳод таъкид намудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.