https://sputnik.tj/20240501/jambast-davati-yakmoha-bahori-tojikiston-1062682531.html
Ҷамъбасти даъвати якмоҳаи баҳорӣ ба артиши Тоҷикистон: Чӣ қадари нақша иҷро шуд?
Ҷамъбасти даъвати якмоҳаи баҳорӣ ба артиши Тоҷикистон: Чӣ қадари нақша иҷро шуд?
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати дифои Тоҷикистон эълон кард, ки бо сипарӣ гардидани як моҳ аз ҷараёни даъвати баҳории шаҳрвандон, аллакай беш аз 70%-и нақша иҷро шуд
2024-05-01T15:55+0500
2024-05-01T15:55+0500
2024-05-01T15:55+0500
амният ва мудофиа
дар тоҷикистон
даъват
даъвати баҳорӣ
артиш
хизмат
вазорати мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/01/1057482692_0:75:720:480_1920x0_80_0_0_c5d9a3cbb8ad4948e0bfc2cdd87ae19f.jpg
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Майли ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон рӯзафзун буда, шумори ихтиёриён сол ба сол афзоиш меёбад, иттилоъ дод Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ. Ин ниҳод дар ҷамъбасти моҳи якуми даъват эълон кард, ки нақшаро дар рӯзҳои нахустини ин маъракаи муҳими сиёсӣ ВМКБ ҷамъбаст намуд. Дар давоми 30 рӯз шаҳру ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод, Тоҷикобод ва Роғун аз анҷоми даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ аллакай гузориш дода, иҷрои нақша дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 74% расид. Дар Хатлон ноҳияҳои Вахш, Фархор, Хуросон, Муъминобод, Носири Хусрав, Дӯстӣ, Қубодиён ва шаҳрҳои Нораку Левакант даъвату гусели ҷавонписарони синни даъватиро ба анҷом расонида, иҷрои нақша дар ин вилоят наздики 86% аст. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд низ дар давоми 30 рӯз аллакай 55%-и нақшаи даъват иҷро шудаст. Иҷрои нақшаи пешбинигардида дар шаҳри Душанбе 51%-ро ташкил дода, масъулини чаҳор навоҳии пойтахт азм доранд, ки ин чорабинии муҳими сиёсиро бо сифати баланд ва пеш аз мӯҳлат ба анҷом расонанд."Умуман, бо сипарӣ гардидани як моҳ аз ҷараёни даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, аллакай иҷрои нақша дар ҷумҳурӣ зиёда аз 70%-ро ташкил медиҳад", - омадааст дар иттилоия. Вазорати мудофиа иҷрои пеш аз муҳлати нақшаро дар бисёре аз шаҳру навоҳӣ ба беҳбуди шароити хидмат, зиёд будани шумораи ҷавонони ихтиёрӣ ба артиш раванда ва фаъолияти хубу назарраси комиссияҳои даъватӣ рабт додаст. Ин ниҳод зикр намудаст, ки даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006-и Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ то охири моҳи май идома хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20240401/chor-jamoat-nazdimarzi-isfara-naqsha-davat-ijro-1062285132.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/01/1057482692_0:0:640:480_1920x0_80_0_0_1b58f13bad51610fb810c48f4db3a40b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нақша, даъват, артиш, тоҷикистон, шаҳрвандон, баҳорӣ
нақша, даъват, артиш, тоҷикистон, шаҳрвандон, баҳорӣ
Ҷамъбасти даъвати якмоҳаи баҳорӣ ба артиши Тоҷикистон: Чӣ қадари нақша иҷро шуд?
Вазорати дифои Тоҷикистон эълон кард, ки бо сипарӣ гардидани як моҳ аз ҷараёни даъвати баҳории шаҳрвандон, аллакай беш аз 70%-и нақша иҷро шуд
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Майли ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон рӯзафзун буда, шумори ихтиёриён сол ба сол афзоиш меёбад, иттилоъ дод Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ.
Ин ниҳод дар ҷамъбасти моҳи якуми даъват эълон кард, ки нақшаро дар рӯзҳои нахустини ин маъракаи муҳими сиёсӣ ВМКБ ҷамъбаст намуд.
Дар давоми 30 рӯз шаҳру ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод, Тоҷикобод ва Роғун аз анҷоми даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ аллакай гузориш дода, иҷрои нақша дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 74% расид.
Дар Хатлон ноҳияҳои Вахш, Фархор, Хуросон, Муъминобод, Носири Хусрав, Дӯстӣ, Қубодиён ва шаҳрҳои Нораку Левакант даъвату гусели ҷавонписарони синни даъватиро ба анҷом расонида, иҷрои нақша дар ин вилоят наздики 86% аст.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд низ дар давоми 30 рӯз аллакай 55%-и нақшаи даъват иҷро шудаст.
Иҷрои нақшаи пешбинигардида дар шаҳри Душанбе 51%-ро ташкил дода, масъулини чаҳор навоҳии пойтахт азм доранд, ки ин чорабинии муҳими сиёсиро бо сифати баланд ва пеш аз мӯҳлат ба анҷом расонанд.
"Умуман, бо сипарӣ гардидани як моҳ аз ҷараёни даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, аллакай иҷрои нақша дар ҷумҳурӣ зиёда аз 70%-ро ташкил медиҳад", - омадааст дар иттилоия.
Вазорати мудофиа иҷрои пеш аз муҳлати нақшаро дар бисёре аз шаҳру навоҳӣ ба беҳбуди шароити хидмат, зиёд будани шумораи ҷавонони ихтиёрӣ ба артиш раванда ва фаъолияти хубу назарраси комиссияҳои даъватӣ рабт додаст.
Ин ниҳод зикр намудаст, ки даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006-и Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ то охири моҳи май идома хоҳад кард.