Чор ҷамоати сарҳадии Исфара нақшаи даъватро дар чанд соат иҷро карданд

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанВоенный парад в Хороге по случаю приезда президента Таджикистана
Военный парад в Хороге по случаю приезда президента Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2024
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон бо фармони раисҷумҳур даъвати баҳорӣ оғоз гардид, ки ду моҳ давом хоҳад кард. Аллакай дар рӯзи аввал бархе аз минтақаҳо нақшаро иҷро карданд
ДУШАНБЕ, 1 апр – Sputnik. Ҷамоатҳои Воруху Чоркӯҳ ва Чилгазиву Лаккони шаҳри Исфара дар нахустин рӯзи маъракаи даъвати баҳории ҷавонон нақшаи сафарбаршавӣ ба артишро буд кардаанд.
Дар ин бора котиби матбуотии ҳукумати шаҳри Исфара, Зубайдулло Шомадов ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
Ӯ, гуфт, дар миёни наваскарон даҳҳо ҷавононе шомил ҳастанд, ки барои иҷрои масъулияти шаҳрвандӣ ихтиёран азми рафтан ба хизмат дар сафи артиши кишварро кишварро кардаанд.
“Ҳам дар Воруху Чоркӯҳ ва ҳам дар Чилгазиву Лаккон ҷавонони зиёде ба нуқтаҳои сафарбаркунӣ ҳозир шуда нияти адои хизмати сарбозиро намудаанд” – гуфт, Шомадов.
Гуфта мешавад ин ҷамоатҳо бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҳаммарз буда ва аз калонтарин ҷамоатҳои шаҳри Исфара маҳсуб мешаванд.
Котиби матбуотӣ гуфт, субҳи имрӯз ба муносибати гусели наваскарон дар маркази Исфара чорабинии фарҳангӣ доир шуда дар он ба ҳисоби раиси шаҳри Исфара, масъулони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ширкат варзидаанд.
Шаҳрдори Исфара, Баҳоваддин Баҳодурзода, барои сафарбаршавии наваскарон изҳори сипос карда, таъкид намудааст, ки хизмат ба Ватан нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи кишвар мебошад.
Российско-таджикские учения, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2024
Дар Тоҷикистон даъвати баҳорӣ ба артиш оғоз шуд
Дар чорабинии фарҳангӣ бо иҷрои маросими қадимии тоҷикон газидани бурдаи нон аз ҷониби наваскарон иҷро карда шудааст. Суруду таронахонии ҳофизон чорабиниро бо шукӯҳ гардонида табъи наваскаронро шод гардонидааст.
Дар Тоҷикистон дар як сол ду маротиба: даъвати баҳорӣ ва тирмоҳии ҷавонон ба сафи артиш сурат мегирад. Даъвати баҳорӣ барои аскарӣ сар аз имрӯз оғоз шуда то охири моҳи май идома мекунад.
Соли ҷорӣ дар даъвати баҳорӣ шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1997-2006 барои хидмат ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар ҷалб мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0