https://sputnik.tj/20240428/tojikiston-shahrvandonash-rusiya-muvaqqatan-safar-1062664266.html
Тоҷикистон аз шаҳрвандонаш хост ба Русия муваққатан сафар накунанд
Тоҷикистон аз шаҳрвандонаш хост ба Русия муваққатан сафар накунанд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон ба шаҳрвандон тавсия додааст, ки бидуни зарурат аз сафар ба қаламрави Русия муваққатан худдорӣ намоянд
2024-04-28T10:01+0500
2024-04-28T10:01+0500
2024-04-28T10:01+0500
дар тоҷикистон
русия
сиёсат
муҳоҷират
тавсия
худдорӣ
вазорати корҳои хориҷии тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/17/1060113459_248:179:3566:2046_1920x0_80_0_0_374a88d7491bec3a0a3bc821ced3ab9c.jpg
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба шаҳрвандони худ тавсия додааст, ки бидуни зарурат аз сафар ба Русия тавассути ҳамаи воситаҳои нақлиёт худдорӣ намоянд.Чанде пеш муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон Содиқ Имомӣ бо сафири Русия дар ҷумҳурӣ Семён Григорев мулоқот кард. Ҷониби Тоҷикистон зимни мулоқот мушкилиҳое, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми убури сарҳади давлатии Русия давоми чанд ҳафтаи охир рӯ ба рӯ мешаванд, мавриди баррасӣ қарор доданд.Дар ин суҳбат ба мадди назари сафир нигаронии ҷониби Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои беасоси манъи вуруд ба қаламрави Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хусусияти оммавӣ пайдо кардаанд, расонида шуда буд.Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба таъйид кард, ки тайи рӯзҳои ахир садҳо шаҳрванди кишвар дар марзи Қазоқистону Русия ва фурудгоҳҳои ин кишвар дармонданд ва мунтазири имкони вуруд ҳастанд.Дар ҳамин ҳол, намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова дар шарҳи вазъ гуфт, ки дар дидбонгоҳҳои марзи Русия, аз ҷумла бо Қазоқистон, пас аз ҳамлаи террористӣ дар “Крокус сити Холл” чораҳои амниятӣ пурзур карда шудааст.Вай таъкид кард, ки "чораҳои санҷишӣ" ва убури танҳо барои шаҳрвандони як кишвар нест.
https://sputnik.tj/20240426/nigaroni-tojikiston-roh-nayoftani-shahrvandon-rusiya-1062646925.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/17/1060113459_549:0:3280:2048_1920x0_80_0_0_22c39969fa6f11f79914b9bfe453cab5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, вазорати хориҷа, вух, шаҳрвандон, муваққатан, сафар, русия
тоҷикистон, вазорати хориҷа, вух, шаҳрвандон, муваққатан, сафар, русия
Тоҷикистон аз шаҳрвандонаш хост ба Русия муваққатан сафар накунанд
Мақомоти Тоҷикистон ба шаҳрвандон тавсия додааст, ки бидуни зарурат аз сафар ба қаламрави Русия муваққатан худдорӣ намоянд
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба шаҳрвандони худ тавсия додааст, ки бидуни зарурат аз сафар ба Русия тавассути ҳамаи воситаҳои нақлиёт худдорӣ намоянд.
“Ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ тавсия медиҳад, ки аз сафар ба қаламрави Русия тавассути ҳамаи воситаҳои нақлиёт бе зарурат мувақаттан худдорӣ намоянд”, гуфта шудааст дар тавсияи вазорат.
Чанде пеш муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон Содиқ Имомӣ бо сафири Русия дар ҷумҳурӣ Семён Григорев мулоқот кард. Ҷониби Тоҷикистон зимни мулоқот мушкилиҳое, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми убури сарҳади давлатии Русия давоми чанд ҳафтаи охир рӯ ба рӯ мешаванд, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ин суҳбат ба мадди назари сафир нигаронии ҷониби Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои беасоси манъи вуруд ба қаламрави Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хусусияти оммавӣ пайдо кардаанд, расонида шуда буд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба таъйид кард, ки тайи рӯзҳои ахир садҳо шаҳрванди кишвар дар марзи Қазоқистону Русия ва фурудгоҳҳои ин кишвар дармонданд ва мунтазири имкони вуруд ҳастанд.
Дар ҳамин ҳол, намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова дар шарҳи вазъ гуфт, ки дар дидбонгоҳҳои марзи Русия, аз ҷумла бо Қазоқистон, пас аз ҳамлаи террористӣ дар “Крокус сити Холл” чораҳои амниятӣ пурзур карда шудааст.
Вай таъкид кард, ки "чораҳои санҷишӣ" ва убури танҳо барои шаҳрвандони як кишвар нест.