https://sputnik.tj/20240426/nigaroni-tojikiston-roh-nayoftani-shahrvandon-rusiya-1062646925.html
Нигаронии Тоҷикистон аз роҳ наёфтани шаҳрвандонаш ба Русия
Нигаронии Тоҷикистон аз роҳ наёфтани шаҳрвандонаш ба Русия
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон нигаронияшро аз афзоиши мушкилоти шаҳрвандони ҷумҳурӣ зимни убури сарҳади давлатии Русия баён дошт 26.04.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-04-26T17:07+0500
2024-04-26T17:07+0500
2024-04-26T17:07+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
оренбург
шаҳрвандон
дармонданд
вазорати корҳои хориҷии тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/1a/1062647550_0:68:1200:743_1920x0_80_0_0_cca2bab0d6dde7dacb1b5720256c166c.jpg
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Мушкилоти шаҳрвандони Тоҷикистон зимни убури сарҳади Русия аз ҷониби дипломатҳои ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ба иттилои ВУХ Тоҷикистон, ин масоил дар мулоқот бо сафири Русия дар Душанбе, Семён Григорев баррасӣ шуданд. Ҷониби Тоҷикистон ба сафир расондааст, ки ҳолатҳои беасоси манъи вуруд ба қаламрави Русия, хусусияти оммавӣ пайдо кардаанд. Мулоқот ба масъалаҳои таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкории ду кишвар дар самтҳои гуногун ва чорабиниҳои сиёсии дарпешистодаи дуҷониба ва бисерҷониба бахшида шуд.Ин мулоқот дар ҳоле сурат гирифт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар марзи Русияву Қазоқистон дармондаанд. Сафорати Тоҷикистон дар Русия тавзеҳ дод, мардум интизори имкони вуруд ба вилояти Оренбург тавассути гузаргоҳи байналмилалии "Сагарчин" ҳастанд. Гуфта мешавад, ки вазъ таҳти назорати раиси диаспораи тоҷикони Оренбург қарор дорад. Ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон бо об, ғизо ва мева таъминанд.
https://sputnik.tj/20240424/khatari-nazdiki-gharb-khubi-rusiya-shirinov-1062624524.html
оренбург
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/1a/1062647550_86:0:1114:771_1920x0_80_0_0_01f8ca199e4e99fa56918bac4e6453b1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, сиёсат , оренбург, шаҳрвандон, дармонданд, вазорати корҳои хориҷии тоҷикистон
дар тоҷикистон, сиёсат , оренбург, шаҳрвандон, дармонданд, вазорати корҳои хориҷии тоҷикистон
Нигаронии Тоҷикистон аз роҳ наёфтани шаҳрвандонаш ба Русия
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон нигаронияшро аз афзоиши мушкилоти шаҳрвандони ҷумҳурӣ зимни убури сарҳади давлатии Русия баён дошт
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Мушкилоти шаҳрвандони Тоҷикистон зимни убури сарҳади Русия аз ҷониби дипломатҳои ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ба иттилои ВУХ Тоҷикистон, ин масоил дар мулоқот бо сафири Русия дар Душанбе, Семён Григорев баррасӣ шуданд.
"Зимни мулоқот ҳамчунин мушкилиҳое, ки бо онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми убури сарҳади давлатии Русия давоми чанд ҳафтаи охир рӯ ба рӯ мешаванд, мавриди баррасӣ қарор гирифт", - омадааст дар иттилоия.
Ҷониби Тоҷикистон ба сафир расондааст, ки ҳолатҳои беасоси манъи вуруд ба қаламрави Русия, хусусияти оммавӣ пайдо кардаанд.
Мулоқот ба масъалаҳои таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкории ду кишвар дар самтҳои гуногун ва чорабиниҳои сиёсии дарпешистодаи дуҷониба ва бисерҷониба бахшида шуд.
Ин мулоқот дар ҳоле сурат гирифт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар марзи Русияву Қазоқистон дармондаанд.
Сафорати Тоҷикистон дар Русия тавзеҳ дод, мардум интизори имкони вуруд ба вилояти Оренбург тавассути гузаргоҳи байналмилалии "Сагарчин" ҳастанд.
Гуфта мешавад, ки вазъ таҳти назорати раиси диаспораи тоҷикони Оренбург қарор дорад. Ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон бо об, ғизо ва мева таъминанд.