https://sputnik.tj/20240423/tolibon-khonai-safiri-afghoniston-tojikiston-ghasb-1062603492.html
Толибон* хонаи сафири Афғонистон дар Тоҷикистонро ғасб карданд
Толибон* хонаи сафири Афғонистон дар Тоҷикистонро ғасб карданд
Sputnik Тоҷикистон
Намояндагони гуруҳи Толибон* хонаи Муҳаммад Зоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистонро дар Кобул ғасб кардаанд. Қаблан хонаи дигарашро оташ зада буданд
2024-04-23T14:01+0500
2024-04-23T14:01+0500
2024-04-23T14:26+0500
афғонистон
толибон
манзил
хона
зист
ғасб
мусодира
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/17/1062602719_0:19:1008:586_1920x0_80_0_0_ce53d4083f1432063e25385c10bb3df7.jpg
Душанбе, 23 апр - Sputnik. Дар пайи оташ задани манзили дипломат - Муҳаммад Зоҳир Ағбар дар Панҷшер, гуруҳи Толибон* хонааш дар Кобулро низ ғасб намудаанд. Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, Муҳаммад Зоҳир Ағбар дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Толибон* ба хонаи ӯ воқеъ дар маҳаллаи Кортаи Чаҳори шаҳри Кобул ҳамла карда, афроди маскуни онро берун оварданд ва худ мустақар шуданд."Панҷ сол пеш вақте маро сафири Афғонистон дар Тоҷикистон таъйин карданд ва кишварро тарк кардам, манзил маскунии хешро ба гарави яке аз ҳамшаҳриён даровардам, ки то ҳол дар он ҷо ба сар мебурд", - гуфт Ағбар. Вай афзуд, ки ахиран 21 апрел намояндагони Толибон* бо зӯргӯӣ ва силоҳ бошандагони хонаро пеш кардаанд. Моҳи июни соли гузашта Толибон* дар Панҷшер хонаи семанзилаи Муҳаммад Зоҳир Ағбар воқеъ дар рустои Рухаро оташ зада буданд. Моҳи январи соли равон хонаи Фазл Аҳмад Маънавӣ, вазири адлияи ҳукумати пешин ва аз раҳбарони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон низ ба оташ кашида шуда буд.*-барои фаъолияти террористӣ таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
https://sputnik.tj/20240214/maktab-muhojirin-saforat-afghoniston-1061691589.html
афғонистон
толибон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/17/1062602719_0:0:902:677_1920x0_80_0_0_b4753a2d09b14a742aa7f8041d2a3bb4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хона, ғасб, сафир, афғонистон, толибон*, ҳукумат, оташ
хона, ғасб, сафир, афғонистон, толибон*, ҳукумат, оташ
Толибон* хонаи сафири Афғонистон дар Тоҷикистонро ғасб карданд
14:01 23.04.2024 (Навсозишуда: 14:26 23.04.2024) Намояндагони гуруҳи Толибон* хонаи Муҳаммад Зоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистонро дар Кобул ғасб кардаанд. Қаблан хонаи дигарашро оташ зада буданд
Душанбе, 23 апр - Sputnik. Дар пайи оташ задани манзили дипломат - Муҳаммад Зоҳир Ағбар дар Панҷшер, гуруҳи Толибон* хонааш дар Кобулро низ ғасб намудаанд.
Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, Муҳаммад Зоҳир Ағбар дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Толибон* ба хонаи ӯ воқеъ дар маҳаллаи Кортаи Чаҳори шаҳри Кобул ҳамла карда, афроди маскуни онро берун оварданд ва худ мустақар шуданд.
"Панҷ сол пеш вақте маро сафири Афғонистон дар Тоҷикистон таъйин карданд ва кишварро тарк кардам, манзил маскунии хешро ба гарави яке аз ҳамшаҳриён даровардам, ки то ҳол дар он ҷо ба сар мебурд", - гуфт Ағбар.
Вай афзуд, ки ахиран 21 апрел намояндагони Толибон* бо зӯргӯӣ ва силоҳ бошандагони хонаро пеш кардаанд.
"Толибон* бо туфангҳо ба манзили банда ҳамла намуда, бо хушунат ва ваҳшати бисёр бо афроди дохили он бархурд кардаанд ва хонаро тахлия намуда, дар ихтиёри туфангдорон қарор доданд”, - гуфт сафир.
Моҳи июни соли гузашта Толибон* дар Панҷшер хонаи семанзилаи Муҳаммад Зоҳир Ағбар воқеъ дар рустои Рухаро оташ зада буданд.
Моҳи январи соли равон хонаи Фазл Аҳмад Маънавӣ, вазири адлияи ҳукумати пешин ва аз раҳбарони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон низ ба оташ кашида шуда буд.
*-барои фаъолияти террористӣ таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.