Мактаби муҳоҷирин ба сафорати Афғонистон дар Душанбе кӯч кард

© SputnikШкола для беженцев при Посольстве Афганистана в Душанбе
Школа для беженцев при Посольстве Афганистана в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.02.2024
Обуна шудан
Мактаби “Сомониён” - танҳо муассисаи таълимии муҳоҷирини Афғонистон дар Душанбе, дар пайи мушкили пардохти ҳаққи иҷора нақли макон кард
ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik. Мактаби муҳоҷирон минбаъд дар бинои сафорати Афғонистон дар шаҳри Душанбе фаъолияти худро идома хоҳад дод.
Ба гуфтаи сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, Муҳаммад Зоҳир Ағбар, чандин моҳ талош карданд, ки барои пардохти пули иҷораи мактаб як сармоягузор пайдо кунанд, аммо муваффақ нашуданд.
“Аз ин хотир, мо маҷбур шудем, ки мактаб ва мактабиёнро ба як қисмати бинои сафорати Афғонистон дар Душанбе мунтақил кунем”, - гуфт Зоҳир Ағбар ба Sputnik Тоҷикистон.
Мактаби “Сомониён” дар бинои ҷадиди худ – бинои сафорати Афғонистон дар Душанбе 14 феврал, фаъолияти худро аз сар гирифт.
Мактаби “Сомониён” ҳанӯз дар замони ҳукумати Бурҳонуддин Раббонӣ дар солҳои 1990 дар Душанбе эҷод шуда, дар он алъон 250 хонанда таҳсил мекунанд.
Как учатся дети афганских беженцев в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.10.2023
Мактаби махсус барои фарзандони гурезаҳои афғонистонӣ дар Душанбе - видео
То суқути давлати ҷумҳурии Афғонистон дар 15 августи соли 2021 ба дасти Толибон* мактаб аз ҳисоби вазорати хориҷаи Афғонистон сармоягузорӣ мешуд.
Аз он ба баъд ҳаққи иҷораи мактабро, ки 2,5 ҳазор долларро ташкил медод, худи сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон фароҳам мекард.
Дар мактаби мазкур аз ҷумла бо дастгирии намояндагии "Россотрудничество" таълими забони русӣ бо ҷалби мутахассисон татбиқ мегардад, ки мавриди таваҷҷуҳи муҳассилин қарор гирифтааст.
*-созмон барои фаъолияти террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад
Лентаи хабарҳо
0