https://sputnik.tj/20240423/hazor-somoni-qadrshinosi-hukumati-sughd-jbv-1062602507.html
Ҳукумати Суғд ба собиқадорони ҶБВ беш аз 300 ҳазор сомонӣ ҷудо кард
Ҳукумати Суғд ба собиқадорони ҶБВ беш аз 300 ҳазор сомонӣ ҷудо кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар арафаи таҷлил аз 79-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945 барои собиқадорони ҷанг кӯмакпулиҳо пардохт мешавад
2024-04-23T12:48+0500
2024-04-23T12:48+0500
2024-04-23T16:13+0500
дар тоҷикистон
суғд
меҳнат
иҷтимоъ
ғалаба
иттиҳоди шӯравӣ
кӯмак
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/05/1056908653_0:130:3181:1919_1920x0_80_0_0_f7a3e3916d59f789c77bcfd59c8150a2.jpg
ДУШАНБЕ, 23 апр – Sputnik. Собиқадорони ҷангу меҳнати солҳои 1941 - 1945 чун анъара арафаи солгарди Ғалаба аз кумакпулиҳои ҳукуматҳои марказию маҳаллӣ дар Тоҷикистон бархӯрдор мегарданд. Ҳукумати Суғд барои ҳар иштирокчии ҶБВ соли равон ҳудуди 7 ҳазор сомонӣ пардохт хоҳад кард, изҳор дошт раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнат дар ҳукумати вилоят, Шавкат Алиев ба Sputnik Тоҷикистон. Бино ба иттилои манбаъ, ба афроде, ки дар солҳои ҶБВ дар хидмати ҳарбӣ қарор доштанд ва камаш 6 моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд ба ҳар кадоме 4 ҳазор сомонӣ супорида мешавад. Дар умум ҳукумати вилояти Суғд соли ҷорӣ барои қадршиносии қаҳрамонони ҶБВ 306 ҳазор сомонӣ ҷудо намудааст.Бино ба гуфтаи раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнат дар Суғд, алҳол дар ин вилоят 6 куҳансарбози ҶБВ дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Деваштич, Ашт ва Мастчоҳ ба сар мебаранд. Қарор аст, рӯзҳои 8 - 9 майи соли ҷорӣ 79-солагии пирӯзӣ бар фашизм дар боғи Ғалабаи маркази шаҳри Хуҷанд таҷлил шавад. Бояд гуфт, ки ҳамасола дар ин рӯзҳо дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ рӯзи Ғалаба бо тантана аз ҷумла бо гузашти ҳарбӣ ҷашн гирифта мешавад.
https://sputnik.tj/20240118/khujand-namoishgoh-solgard-ozodsozi-leningrad-boz-1061314372.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/05/1056908653_225:0:2954:2047_1920x0_80_0_0_2a95f9009313c65fac71474df2d1de76.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маблағ, ҳукумат, суғд, ҷбв, собиқадорон, пардохт, кумакпулӣ
маблағ, ҳукумат, суғд, ҷбв, собиқадорон, пардохт, кумакпулӣ
Ҳукумати Суғд ба собиқадорони ҶБВ беш аз 300 ҳазор сомонӣ ҷудо кард
12:48 23.04.2024 (Навсозишуда: 16:13 23.04.2024) Дар арафаи таҷлил аз 79-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945 барои собиқадорони ҷанг кумакпулиҳо пардохт мешавад
ДУШАНБЕ, 23 апр – Sputnik. Собиқадорони ҷангу меҳнати солҳои 1941 - 1945 чун анъара арафаи солгарди Ғалаба аз кумакпулиҳои ҳукуматҳои марказию маҳаллӣ дар Тоҷикистон бархӯрдор мегарданд.
Ҳукумати Суғд барои ҳар иштирокчии ҶБВ соли равон ҳудуди 7 ҳазор сомонӣ пардохт хоҳад кард, изҳор дошт раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнат дар ҳукумати вилоят, Шавкат Алиев ба Sputnik Тоҷикистон.
"Ба иштирокчиёну маъюбони ҶБВ солҳои 1941 -1945, ҳамсарони бесаробонмондаи афсарони дар ин ҷанг ҳалокгардидае, ки нафақаи бесаробонӣ мегиранд, ба ҳар яке ба маблағи 7 ҳазор сомонӣ пардохт карда мешавад", - зикр кард Алиев.
Бино ба иттилои манбаъ, ба афроде, ки дар солҳои ҶБВ дар хидмати ҳарбӣ қарор доштанд ва камаш 6 моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд ба ҳар кадоме 4 ҳазор сомонӣ супорида мешавад.
Дар умум ҳукумати вилояти Суғд соли ҷорӣ барои қадршиносии қаҳрамонони ҶБВ 306 ҳазор сомонӣ ҷудо намудааст.
Бино ба гуфтаи раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнат дар Суғд, алҳол дар ин вилоят 6 куҳансарбози ҶБВ дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Деваштич, Ашт ва Мастчоҳ ба сар мебаранд.
Қарор аст, рӯзҳои 8 - 9 майи соли ҷорӣ 79-солагии пирӯзӣ бар фашизм дар боғи Ғалабаи маркази шаҳри Хуҷанд таҷлил шавад.
Бояд гуфт, ки ҳамасола дар ин рӯзҳо дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ рӯзи Ғалаба бо тантана аз ҷумла бо гузашти ҳарбӣ ҷашн гирифта мешавад.