Дар Хуҷанд намоишгоҳ ба ифтихори 80-умин солгарди озодсозии Ленинград боз шуд
© Foto / Хадамоти матбуоти РоссотрудничествоВ Русском доме открылась фотовыставка, посвященная 80-летию со дня полного освобождения Ленинграда от фашистской блокады
© Foto / Хадамоти матбуоти Россотрудничество
Обуна шудан
Муҳосираи Ленинград аз ҷониби аскарони фашистӣ 8 сентябри соли 1941 оғоз ёфт ва он ниҳоят танҳо 27 январи соли 1944 шикаста шуд
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Дар Хонаи русӣ бахшида ба 80-солагии аз муҳосираи фашистй пурра озод карда шудани Ленинград намоиши аксҳои он замони даҳшатбор боз шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Россотрудничество хабар додааст.
Дар ифтитоҳи намоишгоҳ, ки аз ҷониби Кумитаи равобити хориҷии Санкт-Петербург муаррифӣ шуд, намояндагони Шӯрои собиқадорони вилояти Суғд, Шӯрои сарбозони интернатсионалист ва хонандагони мактабҳои шаҳрҳои Хуҷанд ва Бӯстон ширкат доштанд.
Дар сухани ифтитоҳии худ роҳбари Хонаи русӣ дар шаҳри Хуҷанд Татяна Мудрова аҳамияти баргузории чорабиниро қайд намуд.
"Имрӯз мо бояд ба ҷавонон ҳарчи бештар дар бораи корнамоии халҳи шӯравӣ дар муҳорибаҳо барои ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аз ҷумла дар бораи аз муҳосираи фашистй озод кардани Ленинград бештар бигӯем. Тамоми кишвар ба шаҳри муҳосирашуда кумак кард ва мардуми тоҷик дар қатори аввалинҳо шуда ба наҷот омаданд", — гуфт вай.
Намоишгоҳ дар Хонаи русӣ то 26 январ идома хоҳад кард. Минбаъд ба тамоми навоҳии вилояти Суғд доир мешавад.
Дар чаҳорчӯби чорабиниҳои хотиравӣ ҳамчунин рӯзи 26 январ баргузории конфронс оид ба саҳми мардуми тоҷик дар дифои Ленингради муҳосирашуда, ки дар ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров баргузор мешавад, дар назар аст.
© Пресс-служба РоссотрудничестваВ Русском доме открылась фотовыставка, посвященная 80-летию со дня полного освобождения Ленинграда от фашистской блокады
В Русском доме открылась фотовыставка, посвященная 80-летию со дня полного освобождения Ленинграда от фашистской блокады
© Пресс-служба Россотрудничества
Муҳосираи Ленинград 8 сентябри соли 1941 оғоз ёфт, аввалин рахнашавии он моҳи январи соли 1943 ба вуқӯъ пайваст ва ниҳоят танҳо 27 январи соли 1944 шикаста шуд.
Дар Ленингради муҳосирашуда зиёда аз дуюним миллион сокинон, аз ҷумла 400 ҳазор нафар кӯдакон дар банд монданд. Нақшаҳои гитлерӣ аз Ленинград ягон оянда нагузоштанд: рохбарияти Германия ва шахсан Гитлер нияти ба хок яксон кардани шаҳрро баён карда буд.