Билайн – амнтарин оператор барои муштариён аз Тоҷикистон аст

© Sputnik / Кирилл КаллиниковБанер оператора мобильной связи "Билайн", архивное фото
Банер оператора мобильной связи Билайн, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2024
Обуна шудан
Ахбори ширкатҳо
Бо харидани SIM-корт дар нуктаҳои хидматрасонии билайн ё фармоишаш дар сомонаи оператор, метавонед мутмаин буд, ки он танҳо ба шумо тааллуқ дорад ва аз тамоми афзалиятҳои муошират бехатар истифода баред
Агар шумо SIM-кортро аз паҳнсозҳо, масалан, дар истгоҳҳо ё фурудгоҳҳо гирифтед, боварӣ ҳосил кунед, ки он тибқи қонун бо истифодаи маълумоти шиноснома ба номатон ба расмият дароварда шудааст. Агар шиносномаро напурсанд, бояд исрор кард, ки онро расман сабт кунанд.
Чаро ин муҳим аст, билайн ба таври муфассал, дар филми мустанади таҳқиқотии худ “Тарафи торики телеком” нақл мекунад. Симкортҳои ғайрирасмӣ аксари вақт бо шиносномаҳои хориҷӣ сабт шуда, аз онҳо спаммерҳо, қаллобон ва дигар ҷинояткорон истифода мекунанд.
Рақами телефон ҷузъи муҳими хадамоти гуногун, аз ҷумла сабти ном дар шабакаҳои иҷтимоӣ, барномаҳои бонкӣ ва ғайра мебошад. Агар шумо симкорти худро гум кунед, он ба номи шумо сабт нашуда бошаду соҳиби онро нашиносед, барқарор карданаш ғайриимкон аст.
Дар баробари ин, ҳеҷ гуна кафолате вуҷуд надорад, ки ягон каси дигар ба он дастрасӣ пайдо намекунаду мутаносибан қобилияти тасдиқи амалиёти муайянро соҳиб намешавад.
Девушки сидят на скамейке в парке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2024
“Фейк”: Хадамоти алоқа дар бораи сабти суҳбатҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт
Билайн тамоми талошро барои таъмини бехатарии ҳамаи муштариёнаш, аз ҷумла аз Тоҷикистон, анҷом медиҳад. Ҳамин тариқ, хадамоти “Амнияти ман” дар тамоми тарофаҳои билайн ва барои гуруҳҳои мухталифи муштариён дастрас гардид.
Ёвари маҷозӣ зангҳои спам ва қаллобонро масдуд мекунаду ба ҷои шумо бо онҳо сӯҳбат мекунад. Он инчунин зангҳои муқаррариро, дар лаҳзаҳое, ки шумо имкони суҳбат надоред, қабул мекунаду сабти аудиоии онро дар замимаи билайн мефиристад.
Ҳоло амниятатонро метавонед ба ивази 0 рубл таъмин созед, хадамот гузинаи ройгон дорад, ки дар он ҳамаи функсияҳои муҳофизатӣ мавҷуданд ва дар навъи PRO (ба ивази 5 рубл дар як рӯз) имкониятҳои иловагӣ барои шумо дастрас хоҳанд буд. Масалан, ёвар ба шумо на танҳо сабтҳои аудиоии зангҳои қабулшуда, балки матнии онҳоро низ мефиристад ва агар хоҳед, онҳоро ба Telegram низ ирсол мекунад.
Оператор тамоми шароитро фароҳам овардааст, то муштариёнаш нигарони қатъи ногаҳонии тамос бо наздиконашон нашаванд ва хароҷоти алоқаро шаффоф кардааст.
Муштариён аз Тоҷикистон метавонанд тамоми хидматҳои билайнро бо забони модарии худ дарк кунанд ва дар замимаи мобилӣ идора кунанд: хароҷоти алоқаро назорат кунанд, дар дохили Русия ва кишварҳои ИДМ аз тавозуни рақамҳо дар хадамоти “Бо билайн пардохт кунед” интиқолро анҷом диҳанд, обунаҳои ноогоҳонаро қатъ кунанд.
Агар забони низоми телефон тоҷикӣ таъин шуда бошад, замимаи билайн низ ба он забон намоиш дода мешавад. Барои ин чизеро тағйир додан зарур нест, ҳама чиз ба таври худкор сурат мегирад.
Мачта базовой станции сотовой связи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2023
Теъдоди воридкунандаҳои интернет ба Тоҷикистон ба 3 расид: кадомҳо?
Акнун онҳое, ки дар сарҳад, дар фурудгоҳҳо ва вокзалҳо ҳангоми ворид шудан ба Русия ба сифати оператори худ билайн ва тарофаҳои “Хуш омадед” ва “Хуш омадед+”-ро интихоб мекунанд, хавотир нашаванд, ки пулашон аз ҳисоби зангҳои видеоӣ ба ватани худ ё тамошои филму видео сарф мешаванд.
Ҳамаи ин хидматҳо аллакай ба онҳо дохил карда шудаанд: обунаи ройгон ба телевизиони билайн, трафики номаҳдуд ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳои фаврӣ ва “Хуш омадед+” инчунин трафики номаҳдудро ба YouTube ва TikTok дар бар мегирад.
Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Русия меоянд, корбарони ботаҷрибаи интернетӣ ҳастанд ва ширкати билайн чораандешӣ кард, то тамоми хадамоти зарурӣ ба тарофаҳо ворид гарданду хароҷоти иртиботот пешгӯишаванда бошанду муштариён аз ҳад зиёд пардохт накунанд.
Таблиғоти ҶСО “ВимпелКом”, тафсилот дар сомонаи: beeline.ru
Матлаб бо шартҳои тиҷоратӣ нашр мешавад.
Лентаи хабарҳо
0