https://sputnik.tj/20240325/feyk-khadamot-aloqa-sabt-suhbatho-shabakaho-ijtimoi-1062198113.html
“Фейк”: Хадамоти алоқа дар бораи сабти суҳбатҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт
“Фейк”: Хадамоти алоқа дар бораи сабти суҳбатҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Хадамоти алоқа гуфтааст, ки фаъолияти соҳаи алоқа дар асоси қонунгузории амалкунандаи кишвар ба таври маъмул идома ёфта, ҳеҷ гуна қоидаи наве ҷорӣ нашуда
2024-03-25T13:03+0500
2024-03-25T13:03+0500
2024-03-25T13:03+0500
дар тоҷикистон
хадамоти алоқа
вокуниш
алоқа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1b/1032156267_0:440:2772:2000_1920x0_80_0_0_54477ca6c827c9001aa19e4317edcffa.jpg
ДУШАНБЕ, 25 мар - Sputnik. Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ҷорӣ шудани қоидаҳои нав дар алоқаи барқиро рад кард.Қаблан як матне дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд, ки бино ба он, аз ин ба баъд “ба хотири вазъияти кишвар” тамоми суҳбатҳо дар алоқаи мобилӣ ва месенҷерҳои интернетӣ шунуд хоҳанд шуд. Бино ба иттилое, ки дафтари матбуоти Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон гузошт, ин ниҳод хабари шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи “қоидахои нави алоқа"-ро комилан рад карда, беасос медонад. Хадамоти алоқа ба маълумоти шаҳрвандон мерасонад, ки аз ҷониби ин ниҳод ва операторони алоқаи барқӣ ҳеҷ гуна қоидаи наве ҷорӣ нашуда, фаъолияти соҳаи алоқа дар асоси қонунгузории амалкунандаи кишвар ба таври маъмул идома меёбад. Ба дунболи ин хадамот аз муштариёни операторони мобилӣ ва кулли шаҳрвандон мехоҳад, ки ба ҳар гуна хабару овозаҳои бардурӯғ ва фейкӣ бовар накунанд. “Мо бовар дорем, ки ин гуна хабару овозаҳо бардурӯғ аз ҷониби ашхос ва гурӯҳҳои манфиатхоҳ бо мақсади ба таҳлука андохтани ҷомеа паҳн карда мешаванд”, - гуфт манбаъ. Ин ниҳод афзуд, бо тамоми операторони алоқаи барқӣ ҳама гуна тағйирот ва қоидаҳои навро ба таври расмӣ манзури шаҳрвандон мекунанд, бино бар ин, бори дигар хоҳиш карда мешавад, ки танҳо хабарҳои расмиро пайгирӣ намоянд. Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ як матне пайдо шуд, ки бино ба он, шуруъ аз моҳи равон ҳама зангҳои телефонӣ, паёмҳо ва зангҳои Whatsapp, Twitter, Facebook, ҳама шабакаҳои иҷтимоӣ ва форумҳо сабту мониторинг мешаванд ва тамоми дастгоҳҳо ба системаҳои идоравии CDMX пайваст карда шудаанд. Дар ин матн аз мардум хоста мешавад, ки паёмҳои нолозим ё иттилооти хилофи қонунҳо ва ахлоқро нафиристода, ҳатто шӯхии ноҷо накунанд.
https://sputnik.tj/20231113/dar-mintaqahoi-tojikiston-internet-roygon-meshavad-1060452960.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1b/1032156267_0:0:2667:2000_1920x0_80_0_0_c90ad49dc33a51fc3f760c531ba02693.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хадамот алоқа сабт суҳбат шабакаҳои иҷтимоӣ
хадамот алоқа сабт суҳбат шабакаҳои иҷтимоӣ
“Фейк”: Хадамоти алоқа дар бораи сабти суҳбатҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт
Хадамоти алоқа гуфтааст, ки фаъолияти соҳаи алоқа дар асоси қонунгузории амалкунандаи кишвар ба таври маъмул идома ёфта, ҳеҷ гуна қоидаи наве ҷорӣ нашуда
ДУШАНБЕ, 25 мар - Sputnik. Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ҷорӣ шудани қоидаҳои нав дар алоқаи барқиро рад кард.
Қаблан як матне дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд, ки бино ба он, аз ин ба баъд “ба хотири вазъияти кишвар” тамоми суҳбатҳо дар алоқаи мобилӣ ва месенҷерҳои интернетӣ шунуд хоҳанд шуд.
Бино ба иттилое, ки дафтари матбуоти Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон гузошт, ин ниҳод хабари шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи “қоидахои нави алоқа"-ро комилан рад карда, беасос медонад.
“Дар ин хабари фейкӣ аз сабти ҳама зангҳои телефонӣ, паёмҳо ва зангҳои Whatsapp ва инчунин мониторинги Twitter, Facebook сухан меравад, ки комилан беасос ва гумроҳкунанда аст”, - гуфтанд дар Хадамоти алоқа.
Хадамоти алоқа ба маълумоти шаҳрвандон мерасонад, ки аз ҷониби ин ниҳод ва операторони алоқаи барқӣ ҳеҷ гуна қоидаи наве ҷорӣ нашуда, фаъолияти соҳаи алоқа дар асоси қонунгузории амалкунандаи кишвар ба таври маъмул идома меёбад.
Ба дунболи ин хадамот аз муштариёни операторони мобилӣ ва кулли шаҳрвандон мехоҳад, ки ба ҳар гуна хабару овозаҳои бардурӯғ ва фейкӣ бовар накунанд.
“Мо бовар дорем, ки ин гуна хабару овозаҳо бардурӯғ аз ҷониби ашхос ва гурӯҳҳои манфиатхоҳ бо мақсади ба таҳлука андохтани ҷомеа паҳн карда мешаванд”, - гуфт манбаъ.
Ин ниҳод афзуд, бо тамоми операторони алоқаи барқӣ ҳама гуна тағйирот ва қоидаҳои навро ба таври расмӣ манзури шаҳрвандон мекунанд, бино бар ин, бори дигар хоҳиш карда мешавад, ки танҳо хабарҳои расмиро пайгирӣ намоянд.
Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ як матне пайдо шуд, ки бино ба он, шуруъ аз моҳи равон ҳама зангҳои телефонӣ, паёмҳо ва зангҳои Whatsapp, Twitter, Facebook, ҳама шабакаҳои иҷтимоӣ ва форумҳо сабту мониторинг мешаванд ва тамоми дастгоҳҳо ба системаҳои идоравии CDMX пайваст карда шудаанд.
Дар ин матн аз мардум хоста мешавад, ки паёмҳои нолозим ё иттилооти хилофи қонунҳо ва ахлоқро нафиристода, ҳатто шӯхии ноҷо накунанд.