Теъдоди воридкунандаҳои интернет ба Тоҷикистон ба 3 расид: кадомҳо?

© Sputnik / Михаил ВоскресенскийМачта базовой станции сотовой связи, архивное фото
Мачта базовой станции сотовой связи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба инҳисори вуруди интернет ба ҷумҳурӣ поин дода, боз ба ду ширкати дохилӣ иҷозаи ворид намудани интернетро ироа намуд
ДУШАНБЕ, 19 ноя – Sputnik. Ширкатҳои “ТТ Мобайл (Мегафон)” ва “Индиго Тоҷикистон" (Тcell) иҷозатномаи ворид намудани каналҳои байналмилалии баландсуръати дастрасӣ ба шабакаи глобалии Интернетро низ хоҳанд дошт.
Иттилоъ дар ин бораро маркази матбуотии Хадамоти алоқа дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дод.
“Иҷозатнома дар як маросими хос аз сӯи сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, Бег Сабур, ба масъулини ширкатҳо супурда шуд”, - гуфт манбаъ.
Девушка с телефоном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.11.2023
Дар минтақаҳои Тоҷикистон интернет ройгон мешавад?
Бино ба ин манбаъ, ширкатҳо рӯзҳои наздик ба ворид намудани интернети баландсуръат шуруъ хоҳанд кард.
“Ин иқдом коҳиши арзишу баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии дастрасӣ ба интернет дар Тоҷикистонро низ фароҳам ва ба ташкили фазои рақобати солим дар соҳаи алоқаи барқӣ ва ҷалби сармояҳои хусусӣ ба сектори телекоммуникатсияи кишвар мусоидат хоҳад кард”, - гуфт манбаъ.
Қаблан танҳо як ширкати “Тоҷиктелеком” иҷозаи ворид намудани интернет ба Тоҷикистонро дошт.
Лентаи хабарҳо
0