https://sputnik.tj/20240421/sanjishi-sarosari-rusidoni-tojikiston-barguzor-1062582699.html
Санҷиши саросарии русидонӣ дар Тоҷикистон баргузор шуд
Санҷиши саросарии русидонӣ дар Тоҷикистон баргузор шуд
Sputnik Тоҷикистон
Маъракаи "Диктанти саросарӣ" ба баланд бардоштани сатҳи саводнокии ҳам русзабон ва ҳам онҳое, ки онро ҳамчун забони хориҷӣ меомӯзанд, равона шудааст 21.04.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-04-21T13:51+0500
2024-04-21T13:51+0500
2024-04-21T13:51+0500
маориф
забони русӣ
фарҳанг
диктанти умумӣ
санҷиш
россотрудничество
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/14/1062581413_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_703797d28e64af99e58841eb924fa4d1.jpg
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Дар Точикистон чорабинии калони маданию маърифатии солонаи "Диктанти саросарӣ" барпо гардид, хабар медидад Хонаи русӣ дар ҷумҳурӣ. Ин чорабинӣ аз ҷониби намояндагии "Россотрудничество" дар Тоҷикистон ва ҳамчунин маркази фарҳангию маърифатии русии "Эҷод" дар шаҳри Турсунзода баргузор шуд.Гуфта мешавад, ки маъракаи "Диктанти саросарӣ" ба баланд бардоштани сатҳи саводнокии ҳам забони модарии русзабонон ва ҳам онҳое, ки онро ҳамчун забони хориҷӣ меомӯзанд, равона шудааст. Ва шиори ин чорабинии маърифатӣ ибораи "Дуруст навиштан муд аст!", мебошад. Соли равон созмондиҳандагон ба "Диктанти сартосарӣ" як навоварӣ илова карданд - барои кӯдаконе, ки забони русиро ҳамчун забони хориҷӣ меомӯзанд, аз тести дорои 10 суол пешниҳод карданд. Дар чорабинӣ мактаббачагон, донишҷӯён, иштирокдорони лоиҳаи "Муаллими рус дар хориҷа", рӯзноманигорон, пизишкон, соҳибкорон ва намояндагони дигар бахшҳо русидонияшонро санҷиданд. "Россотрудничество" афзуд, ин бори аввал нест, ки бисёриҳо дар ин иқдом ширкат мекунанд."Имлои саросарӣ" барномаи омӯзишиест ки аз соли 2004 бо ҳадафи густариши савод дар Русия ва бархе дигар аз кишварҳо баргузор мешавад. Ин барнома имкон медиҳад ки хоҳишмандон саводу русидонии худро бисанҷанд.Дар ин озмун, ки маъмулан ба забонҳои русӣ ва миллии ҳар кишваре баргузор мешавад, матнҳоеро аз маъруфтарин шоирон, нависандагон, намоишноманависон ва рӯзноманигорон мехонанд ва ширкаткунандагон бознависӣ мекунанд.
https://sputnik.tj/20240420/maskav-mushkilot-tahsil-farzandon-muhojir-tojik-rusiya-barrasi-1062576916.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/14/1062581413_258:0:1218:720_1920x0_80_0_0_16a426140485419157dd63adc9c1cd30.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маориф, забони русӣ, фарҳанг, диктанти умумӣ, санҷиш, россотрудничество, дар тоҷикистон
маориф, забони русӣ, фарҳанг, диктанти умумӣ, санҷиш, россотрудничество, дар тоҷикистон
Санҷиши саросарии русидонӣ дар Тоҷикистон баргузор шуд
Маъракаи "Диктанти саросарӣ" ба баланд бардоштани сатҳи саводнокии ҳам русзабон ва ҳам онҳое, ки онро ҳамчун забони хориҷӣ меомӯзанд, равона шудааст
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Дар Точикистон чорабинии калони маданию маърифатии солонаи "Диктанти саросарӣ" барпо гардид, хабар медидад Хонаи русӣ дар ҷумҳурӣ.
Ин чорабинӣ аз ҷониби намояндагии "Россотрудничество" дар Тоҷикистон ва ҳамчунин маркази фарҳангию маърифатии русии "Эҷод" дар шаҳри Турсунзода баргузор шуд.
Гуфта мешавад, ки маъракаи "Диктанти саросарӣ" ба баланд бардоштани сатҳи саводнокии ҳам забони модарии русзабонон ва ҳам онҳое, ки онро ҳамчун забони хориҷӣ меомӯзанд, равона шудааст.
Ва шиори ин чорабинии маърифатӣ ибораи "Дуруст навиштан муд аст!", мебошад.
Соли равон созмондиҳандагон ба "Диктанти сартосарӣ" як навоварӣ илова карданд - барои кӯдаконе, ки забони русиро ҳамчун забони хориҷӣ меомӯзанд, аз тести дорои 10 суол пешниҳод карданд.
Дар чорабинӣ мактаббачагон, донишҷӯён, иштирокдорони лоиҳаи "Муаллими рус дар хориҷа", рӯзноманигорон, пизишкон, соҳибкорон ва намояндагони дигар бахшҳо русидонияшонро санҷиданд. "Россотрудничество" афзуд, ин бори аввал нест, ки бисёриҳо дар ин иқдом ширкат мекунанд.
"Имлои саросарӣ" барномаи омӯзишиест ки аз соли 2004 бо ҳадафи густариши савод дар Русия ва бархе дигар аз кишварҳо баргузор мешавад. Ин барнома имкон медиҳад ки хоҳишмандон саводу русидонии худро бисанҷанд.
Дар ин озмун, ки маъмулан ба забонҳои русӣ ва миллии ҳар кишваре баргузор мешавад, матнҳоеро аз маъруфтарин шоирон, нависандагон, намоишноманависон ва рӯзноманигорон мехонанд ва ширкаткунандагон бознависӣ мекунанд.