Дар Маскав мушкилоти таҳсили фарзандони муҳоҷирони тоҷик дар Русия баррасӣ шуд

© SputnikОткрытие класса для изучения русского языка в школе №75 города Турсунзаде
Открытие класса для изучения русского языка в школе №75 города Турсунзаде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2024
Обуна шудан
Дар доираи беш аз 200 созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар соҳаи маориф ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст
ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Дар ҳошияи нишасти ҳаштуми вазирони маорифи кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) масоили таълими фарзандони муҳоҷирони кории Тоҷикистон, дар муассисаҳои таълимии Русия баррасӣ шуд.
Ин масъала дар мулоқоти вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода ва раиси вазири маорифи Федератсияи Русия Сергей Кравтсов матраҳ шудааст.
Онҳо ба чунин мушкилот, аз қабили дастрасии фарзандони муҳоҷирони тоҷик дар Русия, кори мактабҳои миёнаи Тоҷикистон бо забони русӣ, омода кардани омӯзгорони забони русӣ барои мактабҳои ҷумҳурӣ ва таҳияи китобҳои дарсӣ дахл карданд.
Дар ҳошияи нишасти СҲШ Саидзода ҳамчунин бо вазири илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия Валерий Фалков мулоқот анҷом дод.
Обучение мигрантов русскому языку - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.02.2024
Русия маблағгузорӣ барои таблиғи забони русӣ дар кишварҳои ИДМ ва ҷаҳонро афзоиш медиҳад
Онҳо масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар соҳаи маориф, аз ҷумла, шароити таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Федератсияи Русияро баррасӣ карданд.
Аз ҷумла, вазири маорифи Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки донишҷӯёни дар Федератсияи Русия таҳсилкунанда ба таҷрибаомӯзӣ дар истеҳсолот ҷалб карда шаванд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2022 дар Тоҷикистон 5 мактаби таҳсилот бо забони русӣ, ки аз ҷониби ҳукумати Русия дар чаҳорчӯби созишномаи байниҳукуматӣ сохта шудааст, ба истифода дода шуд.
Илова бар ин, дар кишвар 160 мактаби омехта бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ва 60 мактаб бо забони русӣ фаъолият мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0