https://sputnik.tj/20240421/hamos-isroil-ima-jang-alayhi-eron-1062582503.html
Ҳамос нақшаҳои Исроилро гуфт: мехоҳад ИМА дар ҷанг алайҳи Эрон ширкат кунад
Ҳамос нақшаҳои Исроилро гуфт: мехоҳад ИМА дар ҷанг алайҳи Эрон ширкат кунад
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбарияти Исроил намехоҳад, ки ҷанг дар Ғаззаро хотима диҳад, балки мехоҳад доираи онро васеъ кунад, то ба як даргирии калони минтақавӣ табдил ёбад
2024-04-21T12:50+0500
2024-04-21T12:50+0500
2024-04-21T12:50+0500
дар ҷаҳон
димишқ
исроил
зарба
зарба
мушак
ҳамос
эрон
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/15/1061345705_0:151:3072:1879_1920x0_80_0_0_e23b336315d7b88d4d718906afe89c35.jpg
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Исроил мехоҳад Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҷанги зидди Эрон ширкат кунад ва ё ба як "ҷиноҳи низомӣ"-и он табдил ёбад, изҳор дошт раиси Бюрои сиёсии Ҳамос, Исмоил Ҳания. Нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу намехоҳад ҷанг дар Ғаззаро хотима диҳад, балки мехоҳад доираи онро васеъ кунад, то низои минтақавӣ шавад, гуфт ӯ дар мусоҳиба бо хабаргузории давлатии Туркия Анадолу . Ба ҳамин монанд, вай мехоҳад, ки амрикоиҳо дар ҷанг дар ҳама гуна ҷабҳа ширкат кунанд, бахусус зидди Эрон ё як ҷиноҳи низомие, бошад, ки ба Исроил хидмат мекунад, гуфт Ҳания.Ахиран хабар дода шуд, ки Исроил бо истифода аз бесарнишинҳо қасди ҳамла Эрон кардааст. Чанд ҳавопаймои бесарнишин аз ҷониби системаи дифои ҳавоии Эрон дар осмони музофоти Исфаҳон дар қисмати марказии ин кишвар сарнагун карда шуданд, иттилоъ дод хабаргузории эронии IRIB.Ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, дар наздикии фурудгоҳи Исфаҳон ва пойгоҳи 8-уми нерӯҳои ҳавоии Эрон таркишҳо рух додааст. Ҷониби Эрон сарнагун кардани бесарнишинҳоро таъйид карда, афзудаст, ки ҳамлаи мушакӣ ба қайд гирифта нашудааст.Расонаҳои Ғарб гуфтанд, зарбаи хусусияти маҳдуд дошта, Исроил ҷониби ИМА-ро аз он қаблан огоҳ кардаасту Пентагон ин иқдомро ҷонибдорӣ накардаст.Нашрияи исроилии Yedioth Ahronoth навиштааст, зарба ба Эрон тавре зада шуд, ки Теҳрон "тоб"-и онро дошта бошаду аз шиддати вазъият бо Исроил худдорӣ кунад.Эрон шаби 13 ба 14 апрел дар посух ба ҳамла ба намояндагии дипломатиаш дар Димишқ, ба сӯи Исроил 185 ҳавопаймои бесарнишин ва ҳудуди 150 мушак партоб карда буд.
https://sputnik.tj/20240421/maskav-oqibati-kumakhoi-navi-ima-ukraina-isroil-1062582292.html
димишқ
исроил
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/15/1061345705_310:0:3041:2048_1920x0_80_0_0_942428cd0f940d2f367f95554360f521.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
исроил, қасд, ҷанг, алайҳ, эрон, ғазза
исроил, қасд, ҷанг, алайҳ, эрон, ғазза
Ҳамос нақшаҳои Исроилро гуфт: мехоҳад ИМА дар ҷанг алайҳи Эрон ширкат кунад
Роҳбарияти Исроил намехоҳад, ки ҷанг дар Ғаззаро хотима диҳад, балки мехоҳад доираи онро васеъ кунад, то ба як даргирии калони минтақавӣ табдил ёбад
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Исроил мехоҳад Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҷанги зидди Эрон ширкат кунад ва ё ба як "ҷиноҳи низомӣ"-и он табдил ёбад, изҳор дошт раиси Бюрои сиёсии Ҳамос, Исмоил Ҳания.
Нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу намехоҳад ҷанг дар Ғаззаро хотима диҳад, балки мехоҳад доираи онро васеъ кунад, то низои минтақавӣ шавад, гуфт ӯ дар мусоҳиба бо хабаргузории давлатии Туркия Анадолу .
Ба ҳамин монанд, вай мехоҳад, ки амрикоиҳо дар ҷанг дар ҳама гуна ҷабҳа ширкат кунанд, бахусус зидди Эрон ё як ҷиноҳи низомие, бошад, ки ба Исроил хидмат мекунад, гуфт Ҳания.
Ахиран хабар дода шуд, ки Исроил бо истифода аз бесарнишинҳо қасди ҳамла Эрон кардааст.
Чанд ҳавопаймои бесарнишин аз ҷониби системаи дифои ҳавоии Эрон дар осмони музофоти Исфаҳон дар қисмати марказии ин кишвар сарнагун карда шуданд, иттилоъ дод хабаргузории эронии IRIB.
Ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, дар наздикии фурудгоҳи Исфаҳон ва пойгоҳи 8-уми нерӯҳои ҳавоии Эрон таркишҳо рух додааст. Ҷониби Эрон сарнагун кардани бесарнишинҳоро таъйид карда, афзудаст, ки ҳамлаи мушакӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Расонаҳои Ғарб гуфтанд, зарбаи хусусияти маҳдуд дошта, Исроил ҷониби ИМА-ро аз он қаблан огоҳ кардаасту Пентагон ин иқдомро ҷонибдорӣ накардаст.
Нашрияи исроилии Yedioth Ahronoth навиштааст, зарба ба Эрон тавре зада шуд, ки Теҳрон "тоб"-и онро дошта бошаду аз шиддати вазъият бо Исроил худдорӣ кунад.
Эрон шаби 13 ба 14 апрел дар посух ба ҳамла ба намояндагии дипломатиаш дар Димишқ, ба сӯи Исроил 185 ҳавопаймои бесарнишин ва ҳудуди 150 мушак партоб карда буд.