"Беҳтар аз скафандр": Вокуниши кайҳоннавард - қаҳрамони Русия ба туҳфаи тоҷикӣ

© SputnikРоссийский космонавт Петр Дубров в Душанбе
Российский космонавт Петр Дубров в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2024
Обуна шудан
Дар мулоқоти озоде, ки кайҳоннаварди озмоишгари рус, Пётр Дубров дар Душанбе баргузор кард, иштирокчиёни ҳамоиш ба ӯ чанд туҳфа тақдим карданд
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Кайҳоннаварди озмоишгари рус ва қаҳрамони Русия Пётр Дубров бори аввал аз Тоҷикистон боздид кард.
Дар ҷараёни ин сафар, вай дар мактаби русӣ-тоҷикии ба номи Ю. Гагарин дар Душанбе дарси кушод гузаронда, ҳамчунин дар намоиши филми "Чӣ тавр кайҳоннавард шудам" ширкат варзид. Кайҳоннавард ҳамчунин дар академияи "МегаФон" як нишаст баргузор карда, дар бораи коинот далелҳои ҷолиб баён намуд.
Кайҳоннавард нишон дод, ки Замин аз кайҳон чӣ гуна аст - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.11.2023
Аз куҳҳо то баҳру биёбон: Замин аз дурбини кайҳоннаварди Русия - видео
Пётр Дубров аз Душанбе дасти холӣ барнамегардад. Иштирокчиёни чорабинӣ ба ӯ бахшида ба нахустин сафараш ҷомаи тоҷикӣ тақдим карданд. Кайҳоннавард дарҳол онро санҷида, "беҳтар аз скафандр" гуфта, тавсиф намуд, ки боиси истиқболи гарми ҳозирин шуд.
Ба Дубров инчунин асбобҳои рӯзгори тоҷикию тоқии миллӣ супурда шуд. Дубров дар сӯҳбат бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон нахустин парвоз ба кайҳонро дар ҳаёти ҳар як кайҳоннавард рӯйдоди хеле фаромӯшнашаванда номид.
"Бори аввал дидани коинот, дидани умқи фазо танҳо берун аз шишаи скафандр, ҳатто на аз илюминатор, таассуроти хеле амиқ мегузорад", - гуфт ӯ.
Ба қавли Дубров, ба кайҳони кушод баромадан, авҷи касбият ба шумор меравад. Дар баробари ин бо вуҷуди омодагии хуб, хеле кам имконпазир аст, ки ҳама чиз аз рӯи нақша равад.
"Баъзе омилҳо ҳамеша ба миён меоянд, баъзе чизҳоеро, ки мо дар аввал пешгӯӣ карда наметавонистем. Чунин ҳолат дар баромади якумамон ба кайҳон низ ҷой дошт, ки фикр мекардем, ки чизеро иҷро намекунему фурсат намерасаду дар ниҳоят ҳамаи корҳои тарҳрезишуда амалӣ шуданду мо эҳсосоти хуб гирифтем", - изҳор дошт кайҳоннавард.
Лентаи хабарҳо
0