https://sputnik.tj/20231105/video-kayhon-zamin-russia-1060335681.html
Аз куҳҳо то баҳру биёбон: Замин аз дурбини кайҳоннаварди Русия - видео
Аз куҳҳо то баҳру биёбон: Замин аз дурбини кайҳоннаварди Русия - видео
Sputnik Тоҷикистон
Кайҳоннаварди рус наворҳои сабткардааш аз тирезаи истгоҳи байналмилалии кайҳониро аз қисматҳои мухталифи сайёраи Заминро нашр кардааст
2023-11-05T16:30+0500
2023-11-05T16:30+0500
2023-11-05T16:30+0500
видео
кайҳон
кайҳоннавардӣ
парвоз
замин
баҳр
куҳҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/05/1060335857_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_181424211c75985c2a7244256bb1ab05.jpg
Куҳу баҳру биёбону дарёҳоро кайҳоннаварди рус Константин Борисов аз тирезаи Истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ сабт кардаст. Наворҳои истисноии аз кайҳон сабтшуда водии бузург ва кӯлҳои калони Амрикои Шимолӣ, манзараҳои Амрикои Ҷанубӣ ва ғуруби офтоб дар болои Атлантикро дар бар мегиранд.Дар ин навор ҳамчунин қаламравҳои ҷанубии Исроил, нимҷазираи Синай ва Халиҷи Ақаба дар Миср низ инъикос ёфтааст. Видеои партоби рокети "Союз-2.1б" ба кайҳон – видеоКайҳоннавард инчунин аз иллюминатор мамлакатҳои нимҷазираи Арабистон — Урдун ва Арабистони Суудиро ба навор гирифтааст. Константин Борисови ба истгоҳи байналмилалии кайҳон 27 август ҳамроҳи ҳайати киштии кайҳонии амрикоии SpaceX Crew Dragon ба парвоз намуд. Ба ҳайат ҳамчунин астронавти NASA Ҷасмин Могбели, астронавти Оҷонсии кайҳонии Аврупо Андреас Могенсен ва астронавти Агентии тадқиқоти кайҳонии Ҷопон Сатоши Фурукава ворид шуданд. Қаблан кайҳоннаварди рус навори дигаре дар бораи кору ҳаёти рӯзмарра дар истгоҳи байналмилалиро нашр карда буд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ маъруфият пайдо кард.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/05/1060335857_240:0:1680:1080_1920x0_80_0_0_c1bc7fb2f4d02e9096558fbfd07e2349.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷолиб, сабт, кайҳон, тиреза, мухталиф, замин
ҷолиб, сабт, кайҳон, тиреза, мухталиф, замин
Аз куҳҳо то баҳру биёбон: Замин аз дурбини кайҳоннаварди Русия - видео
Кайҳоннаварди рус наворҳои сабткардааш аз тирезаи истгоҳи байналмилалии кайҳониро аз қисматҳои мухталифи сайёраи Заминро нашр кардааст
Куҳу баҳру биёбону дарёҳоро кайҳоннаварди рус Константин Борисов аз тирезаи Истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ сабт кардаст.
Наворҳои истисноии аз кайҳон сабтшуда водии бузург ва кӯлҳои калони Амрикои Шимолӣ, манзараҳои Амрикои Ҷанубӣ ва ғуруби офтоб дар болои Атлантикро дар бар мегиранд.
Дар ин навор ҳамчунин қаламравҳои ҷанубии Исроил, нимҷазираи Синай ва Халиҷи Ақаба дар Миср низ инъикос ёфтааст.
Кайҳоннавард инчунин аз иллюминатор мамлакатҳои нимҷазираи Арабистон — Урдун ва Арабистони Суудиро ба навор гирифтааст.
Константин Борисови ба истгоҳи байналмилалии кайҳон 27 август ҳамроҳи ҳайати киштии кайҳонии амрикоии SpaceX Crew Dragon ба парвоз намуд.
Ба ҳайат ҳамчунин астронавти NASA Ҷасмин Могбели, астронавти Оҷонсии кайҳонии Аврупо Андреас Могенсен ва астронавти Агентии тадқиқоти кайҳонии Ҷопон Сатоши Фурукава ворид шуданд.
Қаблан кайҳоннаварди рус навори дигаре дар бораи кору ҳаёти рӯзмарра дар истгоҳи байналмилалиро нашр карда буд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ маъруфият пайдо кард.