Нархи 3 асъори калидии хориҷӣ дар Тоҷикистон боло рафт

© Sputnik / Стас ЭтвешМонеты, архивное фото
Монеты, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2024
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷамъбасти ҳафта нархи се асъори хориҷии нисбатан серистеъмол дар ҷумҳуриро эълон кард, ки ҳамаашон боло рафтаанд
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Ҳазор рубли Русия дар бозори ғайринақдии Тоҷикистон 0,1 сомонӣ боло рафта, феълан бо нархи 116,1 сомонӣ муомилот мешавад. Ин нишондод рӯзе қабл ба 116 сомонӣ баробар буд.
Дар ин бора Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзудаст, ки нархи доллару евро низ дар ҷумҳурӣ боло рафтааст.
Ба иттилои ин ниҳод, феълан доллари ИМА - 10,9237 сомонӣ ва евро - 11.6578 сомонӣ нарх дорад.
Қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои доллари ИМА аз 10,89 то 10,94 сомонӣ, 1 евро аз 11,63 то 11,759 сомонӣ ва ҳазор рубли русӣ аз 115,5 то 117,5 сомониро ташкил медиҳад. .
Денежные купюры. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2024
Истифодаи пулҳои миллӣ дар ИДМ афзоиш ёфтааст
Рубл дар Тоҷикистон яке аз сертаваҷҷуҳтарин асъор ба шумор меравад ва қимати он ба пул дар кисаи аҳолии кишвар таъсири бевосита дорад.
Аз ҷумла садҳо ҳазор тоҷикистонӣ дар Русия кор мекунанд ва муздашонро бо рубл мегиранду мефиристанд, аммо хонаводаҳояшон вобаста ба қурб онро бо сомонӣ мегиранд.
Дар ҳамин ҳол БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0