https://sputnik.tj/20240331/istifoda-pul-milli-idm-afzoish-1062276554.html
Истифодаи пулҳои миллӣ дар ИДМ афзоиш ёфтааст
Истифодаи пулҳои миллӣ дар ИДМ афзоиш ёфтааст
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон низ сабт кардаанд, ки дар додугирифти коло бо Русия ҳисоббаробаркунӣ бо доллар коҳиш ёфта, бо рубл зиёд шудааст
2024-03-31T13:30+0500
2024-03-31T13:30+0500
2024-04-01T11:25+0500
идм
иқтисод
савдо
хориҷӣ
молдова
ташкил
рубл
доллар
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/09/1031868572_0:193:3072:1921_1920x0_80_0_0_783dc569f1579579df45e44d8fd88628.jpg
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳо бо асъори миллӣ дар савдои хориҷӣ дар ҳудуди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли гузашта аз 85% гузашт. Муовини нахуствазири Беларус Игор Петришенко дар Форуми байналмилалии иқтисодӣ пешниҳод кард, ки дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила аз асъори кишварҳои ИДМ фаъолтар истифода шавад. "Албатта, рубли русӣ ҳамчун пули бартаридошта боқӣ мемонад. Бо вуҷуди ин, мо пешниҳод мекунем, ки дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила истифодаи дигар асъори миллӣ пурзӯр карда шавад", - қайд намуд ӯ.Мақомоти Тоҷикистон низ сабт кардаанд, ки дар додугирифти коло бо Русия ҳисоббаробаркунӣ бо доллар коҳиш ёфта, бо рубл зиёд шудааст. Раиси Палатаи савдо ва саноати Русия Сергей Катирин дар ҳошияи ҳамоиши байналмилалии иқтисодии ИДМ ташаккули бозори дохилиро таъкид намуд. Шароити геополитикии кунунӣ аз кишварҳои ИДМ тақозо мекунад, ки талошҳоро барои ташкили бозори ягонаи молу хидматрасонии худ суръат бахшанд."Барои мо бениҳоят муҳим аст, ки ҳадафҳои стратегии ташкили бозори молу хизматрасонӣ аз ҷониби ҳамсояҳои наздиктарини мо аз кишварҳои ИДМ, ки мо ба онҳо такя мекунем, дуруст дарк карда шаванд", - гуфт ӯ.Ахиран котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков кишварҳои ИДМ-ро авлавияти асосии сиёсати хориҷии Маскав хонда буд. Ӯ қайд кард, ки Русия муносибатҳои дуҷонибаи қариб бо ҳамаи онҳо ба ҷуз Гурҷистон ва Молдова дорад.
https://sputnik.tj/20240215/rais-bonki-millii-tojikiston-dollar-kamu-rubl-1061695518.html
молдова
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/09/1031868572_74:0:2805:2048_1920x0_80_0_0_97fe861b53e3df6d34b960196e66c900.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афзоиш, истифода, рубл, доллар, савдо, идм
афзоиш, истифода, рубл, доллар, савдо, идм
Истифодаи пулҳои миллӣ дар ИДМ афзоиш ёфтааст
13:30 31.03.2024 (Навсозишуда: 11:25 01.04.2024) Мақомоти Тоҷикистон низ сабт кардаанд, ки дар додугирифти коло бо Русия ҳисоббаробаркунӣ бо доллар коҳиш ёфта, бо рубл зиёд шудааст
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳо бо асъори миллӣ дар савдои хориҷӣ дар ҳудуди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли гузашта аз 85% гузашт.
Муовини нахуствазири Беларус Игор Петришенко дар Форуми байналмилалии иқтисодӣ пешниҳод кард, ки дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила аз асъори кишварҳои ИДМ фаъолтар истифода шавад.
"Албатта, рубли русӣ ҳамчун пули бартаридошта боқӣ мемонад. Бо вуҷуди ин, мо пешниҳод мекунем, ки дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила истифодаи дигар асъори миллӣ пурзӯр карда шавад", - қайд намуд ӯ.
Мақомоти Тоҷикистон низ сабт кардаанд, ки дар додугирифти коло бо Русия ҳисоббаробаркунӣ бо доллар коҳиш ёфта, бо рубл зиёд шудааст.
Раиси Палатаи савдо ва саноати Русия Сергей Катирин дар ҳошияи ҳамоиши байналмилалии иқтисодии ИДМ ташаккули бозори дохилиро таъкид намуд. Шароити геополитикии кунунӣ аз кишварҳои ИДМ тақозо мекунад, ки талошҳоро барои ташкили бозори ягонаи молу хидматрасонии худ суръат бахшанд.
"Барои мо бениҳоят муҳим аст, ки ҳадафҳои стратегии ташкили бозори молу хизматрасонӣ аз ҷониби ҳамсояҳои наздиктарини мо аз кишварҳои ИДМ, ки мо ба онҳо такя мекунем, дуруст дарк карда шаванд", - гуфт ӯ.
Ахиран котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков кишварҳои ИДМ-ро авлавияти асосии сиёсати хориҷии Маскав хонда буд. Ӯ қайд кард, ки Русия муносибатҳои дуҷонибаи қариб бо ҳамаи онҳо ба ҷуз Гурҷистон ва Молдова дорад.