Раиси Шӯрои директорони "Талко” аз нақшаҳои корхона барои соли 2024 гуфт

© Sputnik / Амир ИсаевТаджикский алюминиевый завод Талко, архивное фото
Таджикский алюминиевый завод Талко, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2024
Обуна шудан
Ширкати алюминиуми Тоҷикистон ё “Талко” тавлиди алюминиуми аввалияро дар семоҳаи аввали соли равон ба 27% афзойиш дод
ДУШАНБЕ, 16 март - Sputnik. Ширкати "Талко" қасд дорад соли равон тавлидоти хешро дар қиёс бо соли гузашта на кам аз 25% зиёд кунад.
Наҷибулло Раҷабзода, раиси Шӯрои директорони Ширкати алюминиуми Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, афзойиши тавлидот қабл аз ҳама ба иҷрои як қатор дастуруламалҳои ҳукумати Тоҷикистон дар сол 2023 ва семоҳаи аввали соли 2024 муяссар шуд, ки дар пайи он Ширкати алюминиуми Тоҷикистон дар эҳёи зарфиятҳои тавлид ва дороиҳои собит, таҷҳизи муҷаддади фаннӣ, таъмир ва навсозии таҷҳизот мавҷуд, назири электролизерҳо ва ҳамчунин беҳбуди раванди технологӣ ба як қатор пешрафтҳо даст ёфт.
“Аз ҷумла ширкат иқдомоти хоссеро дар ҷиҳати бозсозии кайфияти алюминиуми аввалия ва афзоиши самаранокии электролизерҳои мавҷуд анҷом дод. Аз ин хотир, дар поёни соли 2023 ва авоили апрели 2024, вазъият тавлидоти электролиз пойдор арзёбӣ мешавад”, - гуфт Наҷибулло Раҷабзода.
Бино ба иттилои ӯ, дар тӯли 12 моҳи соли 2023, 77 адад электролизер ба арзиши беш аз 105 млн сомонӣ роҳандозӣ ва мавод барои роҳандозии 25 электролизер харидорӣ шуд.
Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2024
Аз "Тоҷиктелеком" то "ТАЛКО": Раҳмон аз қарздорони калон гуфту вазъро ташвишовар хонд
Ҳамзамон мутавассити самаранокии ҳар электролизер аз 975 ба 1034 кг афзоиш ва кайфияти алюминиуми тавлидӣ низ беҳбуд ёфт, масалан, агар дар соли 2022 алюминиуми тамғаи AB97 (97% al) тавлид мешуд, дар семоҳаи чаҳоруми соли 2023 бо кайфияти 100% маркаҳои алюминиуми A7, A5 ва A0 тавлид шуд.
Дар пайи ин, тавлиди алюминиуми аввалия дар соли 2023 ба 66 649 тон расидааст, ки 4 606 тон ё 107.4% бештар аз соли 2022 аст.
Раиси Шӯрои директорони “Талко” гуфт, ширкат тайи 3 моҳи ҷорӣ 19 дастгоҳи электролизро ба баҳрабардорӣ расонд ва теъдод кулли электролизҳои фаъол дар поёни марти 2024 ба 211 адад расид.
“Қарор аст дар соли 2024 беш аз 96 дастгоҳи электролиз ба мизони 146.2 млн сомонӣ бозсозӣ ва роҳандозӣ шавад”, - гуфт Наҷибуллоҳ Раҷабзода.
Бино ба иттилои ӯ, дар семоҳаи аввали соли 2024, тавлиди алюминиуми аввалия ба 19 732 тон расид, ки дар муқоиса бо семоҳаи аввали соли 2023, 4 236 тон ё 127.3% зиёд аст.
ТАЛКО бо як ширкати русӣ шарномаи 3-миллиардрубла имзо мекунад
Мизон маҳсулоти қобили фурӯши “Талко” дар семоҳаи нахусти соли ҷорӣ болиғ бар 149.4 млн сомонӣ буда, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32.4 млн сомонӣ бештар аст.
Мизони фурӯши маҳсулот дар семоҳа аввали ҷорӣ 143.3 млн сомонӣ будааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 28.6 млн сомонӣ зиёд аст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи Наҷибуллоҳ Раҷабзода, миёнгини қимати алюминиум дар Биржаи филизоти Лондон дар семоҳаи аввали соли равон 2 199 доллар сари ҳар тон буд, ки 196 доллар сари тон камтар аз замони мушобеҳи соли гузашта аст.
"Дар ин семоҳа ва ҳам дар соли 2023, Ширкати алюминиуми Тоҷикистон ба таври комил ба тааҳҳудоти андозии феълии худ амал кард. Ин ширкат то ба имрӯз ҳеҷ қарзи андозӣ надорад”, - гуфт Раиси Шӯрои директорони “Талко”.
Тибқи иттилои расмӣ, гардиши молии тиҷорати хориҷии “Талко” дар соли 2023 болиғ бар 244.4 млн доллар буда, ки шомили воридот - 113.7 млн доллар ва содирот - 130.6 млн доллар аст.
Дар ҳамин ҳол, Ширкати алюминиуми Тоҷикистон қасд дорад бар асоси Барномаи стратегии “Талко” то поёни соли 2024 ҳаҷми тавлиди худро ҳадди ақал ба беш аз 84 ҳазор тон ё 25% дар қиёс бо соли 2023 афзоиш диҳад.
“Мо ба таври муассир дар заминаи тавлиди маҳсулоти ҷойгузини воридотӣ ва содиротмеҳвару қобили рақобат дар бозорҳои дохилӣ, минтақаӣ ва ҷаҳонӣ фаъолият мекунем ва батадриҷ ҳаҷми онро афзоиш медиҳем”, - гуфт Раиси Шӯрои директорони “Талко”.
Тоҷикистон қасд дорад, аз Ӯзбекистон гази бештар харад
Вай афзуд, бо таваҷҷуҳ ба қасди бештари “Талко” барои афзоиши чашмгири ҳаҷми тавлид, ширкат дар ҳол ҳозир ниёз ба ҷазби кормандони ҷадид аз ҷумлаи мутахассисони фаннӣ дорад.
“Барои ин манзур як сиёсати муносиби ҷазби кормандон иҷро мешавад. Бавежа дар семоҳаи аввали соли 2024, ширкат маошҳоро дар беш аз 30 бахш ва ҳавзаи корӣ афзоиш дод”, - гуфт Наҷибуллоҳ Раҷабзода.
Бино ба иттилои ӯ, дар натиҷа маоши миёнаи коргарон нисбат ба ҳамин давраи соли қабл 20.4 % афзоиш ёфт ва ба мизони 2 563 сомонӣ расид, аммо маоши як коргари мутахассис, масалан, коргари электролизи дараҷа боло дар ҳол ҳозир на кам аз 4 ҳазор сомонӣ дар моҳ аст ва мустақиман ба шохисҳои тавлид бастагӣ дорад.
Лентаи хабарҳо
0