https://sputnik.tj/20240125/tojiktelekom-talko-rahmon-qarzdoron-kalon-vaz-tashvishovar-1061394750.html
Аз "Тоҷиктелеком" то "ТАЛКО": Раҳмон аз қарздорони калон гуфту вазъро ташвишовар хонд
Аз "Тоҷиктелеком" то "ТАЛКО": Раҳмон аз қарздорони калон гуфту вазъро ташвишовар хонд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳамзамон бо ин, аз ҳисоби иҷро нашудани нақшаи ҷамъоварии андозҳо аз ҷониби андозсупорандагони азим ба буҷети давлат 170 миллион сомонӣ ворид нашудааст.
2024-01-25T10:57+0500
2024-01-25T10:57+0500
2024-01-25T17:18+0500
дар тоҷикистон
раҳмон
кумитаи андоз
маҷлиси ҳукумат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/1d/1060644716_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_e31ac00b3064409f69335d99bb334840.jpg
ДУШАНБЕ, 25 янв – Sputnik. Президенти Тоҷикистон мегӯяд, ҳарчанд супоришҳои такрорӣ доир ба кам намудани бақияпулиҳои андозӣ медиҳад, аммо он соли 2023 боз 77,5 миллион сомонӣ ё 10,6 фоиз зиёд гардидааст.Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аз натиҷаи фаъолияти яксолаи ҳукумат изҳор дошт.Ба гуфтаи вай, ҳаҷми бақияпулиҳои андоз ба ҳолати аввали соли 2024-ум ба 806 миллион сомонӣ расидааст.Ӯ афзуд, ки дар ин давра бо вуҷуди дар сатҳи 103,5 фоиз иҷро шудани нақшаи даромади буҷети давлатӣ, сифатнокии он аз ҳисоби иҷро нашудани нақшаи андоз аз захираҳои табиӣ дар ҳаҷми 217 миллион сомонӣ таъмин нагардид, ки андешидани тадбирҳои иловагиро талаб менамояд.Ҳамзамон бо ин, аз ҳисоби иҷро нашудани нақшаи ҷамъоварии андозҳо аз ҷониби андозсупорандагони азим ба буҷети давлат 170 миллион сомонӣ ворид нашудааст.Раисҷумҳур гуфт, ки “Ширкати Алюминийи Тоҷик” 17,4 млн, “Тоҷиктелеком” 12,7 млн, “Талко Голд” 18,4 млн, НБО “Сангтӯда-1” 5,5 млн, ширкатҳои мобилӣ 192 миллион сомонӣ ва дигар корхонаҳо воридоти андозҳоро таъмин накардаанд.Инчунин, вай дар баъзе шаҳру ноҳияҳои кишвар иҷро нагардидани нақшаи ҷамъоварии андозу пардохтҳо ташвишовар хонд.Вай афзуд, ки дар 12 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд, 9 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон, аксари шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иҷрои намудҳои алоҳидаи андоз таъмин нагардидааст, ки аз ин ҳисоб беш аз 200 миллион сомонӣ ба буҷети давлат ворид нашудааст.“Ҳаҷми бақияпулиҳои андоз дар вилояти Хатлон 166 миллион сомонӣ, вилояти Суғд 59 миллион, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1,5 миллион, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 105 миллион, шаҳри Душанбе 40 миллион ва Раёсати андози андозсупорандагони калон 433 миллион сомониро ташкил медиҳад”, - таъкаид кард сарвари давлат.Дар робита ба ин, ӯ ба Вазорати молия супориш дода мешавад, якҷо бо Кумитаи андоз, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва корхонаҳо иҷрои сифатнок ва пурраи қисми даромади буҷетро дар соли 2024 таъмин намояд.
https://sputnik.tj/20231113/talosh-pinhon-andoz-tojikiston-1060443002.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/1d/1060644716_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_5e373e81491f47b67c8f72b82bc54b01.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон андозгурезон калон тоҷикистон
раҳмон андозгурезон калон тоҷикистон
Аз "Тоҷиктелеком" то "ТАЛКО": Раҳмон аз қарздорони калон гуфту вазъро ташвишовар хонд
10:57 25.01.2024 (Навсозишуда: 17:18 25.01.2024) Аз ҳисоби иҷро нашудани нақшаи ҷамъоварии андозҳо аз ҷониби андозсупорандагони азим ба буҷети давлат 170 миллион сомонӣ ворид нашудааст
ДУШАНБЕ, 25 янв – Sputnik. Президенти Тоҷикистон мегӯяд, ҳарчанд супоришҳои такрорӣ доир ба кам намудани бақияпулиҳои андозӣ медиҳад, аммо он соли 2023 боз 77,5 миллион сомонӣ ё 10,6 фоиз зиёд гардидааст.
Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аз натиҷаи фаъолияти яксолаи ҳукумат изҳор дошт.
Ба гуфтаи вай, ҳаҷми бақияпулиҳои андоз ба ҳолати аввали соли 2024-ум ба 806 миллион сомонӣ расидааст.
Ӯ афзуд, ки дар ин давра бо вуҷуди дар сатҳи 103,5 фоиз иҷро шудани нақшаи даромади буҷети давлатӣ, сифатнокии он аз ҳисоби иҷро нашудани нақшаи андоз аз захираҳои табиӣ дар ҳаҷми 217 миллион сомонӣ таъмин нагардид, ки андешидани тадбирҳои иловагиро талаб менамояд.
Ҳамзамон бо ин, аз ҳисоби иҷро нашудани нақшаи ҷамъоварии андозҳо аз ҷониби андозсупорандагони азим ба буҷети давлат 170 миллион сомонӣ ворид нашудааст.
Раисҷумҳур гуфт, ки “Ширкати Алюминийи Тоҷик” 17,4 млн, “Тоҷиктелеком” 12,7 млн, “Талко Голд” 18,4 млн, НБО “Сангтӯда-1” 5,5 млн, ширкатҳои мобилӣ 192 миллион сомонӣ ва дигар корхонаҳо воридоти андозҳоро таъмин накардаанд.
Инчунин, вай дар баъзе шаҳру ноҳияҳои кишвар иҷро нагардидани нақшаи ҷамъоварии андозу пардохтҳо ташвишовар хонд.
“Нақшаи ҷамъоварии андозу пардохтҳо дар шаҳри Роғун 20,2 фоиз ва ноҳияи Дарвоз 8,4 фоиз таъмин нагардид, ки аз ин ҳисоб ба буҷет 38,4 миллион сомонӣ ворид нашуд”,- президент
Вай афзуд, ки дар 12 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд, 9 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон, аксари шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иҷрои намудҳои алоҳидаи андоз таъмин нагардидааст, ки аз ин ҳисоб беш аз 200 миллион сомонӣ ба буҷети давлат ворид нашудааст.
“Ҳаҷми бақияпулиҳои андоз дар вилояти Хатлон 166 миллион сомонӣ, вилояти Суғд 59 миллион, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1,5 миллион, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 105 миллион, шаҳри Душанбе 40 миллион ва Раёсати андози андозсупорандагони калон 433 миллион сомониро ташкил медиҳад”, - таъкаид кард сарвари давлат.
Дар робита ба ин, ӯ ба Вазорати молия супориш дода мешавад, якҷо бо Кумитаи андоз, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва корхонаҳо иҷрои сифатнок ва пурраи қисми даромади буҷетро дар соли 2024 таъмин намояд.