Тоҷикистон қасд дорад, аз Ӯзбекистон гази бештар харад

© SputnikГазовая труба в городе Худжанд
Газовая труба в городе Худжанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2024
Обуна шудан
Бар асоси нақшаҳо Тоҷикистон аз Ӯзбекистон дар соли равон 31 млн метри мукааб бештар гази табиӣ хоҳад харид
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Тоҷикистон қасд дорад дар соли 2024 воридоти гази табииро аз Ӯзбекистон афзош диҳад.
Дар ин бора вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар Далер Ҷумъа хабар дод.
Тибқи нақшаи ин ниҳод қарор аст, ки Душанбе аз Тошканд соли равон 250 млн метри мукааб газ бихарад.
Ин нишондиҳанда нисбат ба соли қаблӣ 31 млн метри мукааб бештар аст.
Ба гузориши вазир, ҷумҳурӣ аз Ӯзбекистон дар соли 2023 наздики 220 млн метри мукааб газ харид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2022 26,5 млн бештар аст.
Дар гузашта мақомоти тоҷик эълон карда буданд, ки бо тахфиф газро аз ҷониби Ӯзбекистон механранду ба онҳо барқ мефурӯшанд.
То кунун ифшо нашудааст, ки қимати барқи содиротӣ чанд асту газро бо чӣ арзише мехаранд.
“Албатта, байни содироти барқ ва воридоти газ як тавозуни хуб муайян шудааст”,- гуфта буд Далер Ҷумъа.
Ба иттилои вазир, ҳоло гази Ӯзбекистон асосан ба таъминоти корхонаҳои ТАЛКО, нуриҳои "Азот"-и Вахш ва “Маркази барқу гармидиҳии”-и шаҳри Душанбе равона мешавад.
Линии электропередач в мороз, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2024
Тоҷикистон ба хориҷ чӣ қадар барқ содир кард?
Ёдовар мешавем, ки ҷониби Ӯзбекистон соли 2011 воридоти газро пурра ба Тоҷикистон қатъ кард ва дар пайи ба қудрат расидани Мирзиёев он 2018 дигарбора аз сар гирифта шуд.
Ҳамзамон мақомоти ду кишвар соли 2020 аз талоши воридоти газ ба шимоли Тоҷикистон пеш аз ҳама корхонаҳои шаҳри Хуҷанд гузориш дода буданд.
Масъулини вилояти Суғд он замон дар бораи овардани гази табии Ӯзбекистон ба шимоли кишвар бо шуълавар намудани гулхани он расман иттилоъ дода буданд. Ин гулхани гази табиӣ баъд аз даҳ соли таваққуф дубора дар Хуҷанд, маркази Суғд фурӯзон шуд.
Роҳбарони ширкати “Суғдиёнгаз” гуфта буданд, ки гази табиӣ дар навбати аввал ба коргоҳҳои саноатӣ ва баъдан ба аҳолӣ дастрас карда мешавад. Аммо аз он замон беш аз ду сол сипарӣ мешавад, вале то кунун аҳолӣ аз ин сӯзишвории арзон истифода карда наметавонанд ва мақомот низ сабабашро шарҳ надодаанд.
Лентаи хабарҳо
0