https://sputnik.tj/20240415/sozishnoma-bunyodi-teatr-mayakovskiy-dushanbe-1062477800.html
Бархе тафсилоти созишномаи бунёди театри ба номи Маяковский дар Душанбе маълум шуд
Бархе тафсилоти созишномаи бунёди театри ба номи Маяковский дар Душанбе маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва Русия дар бораи шартҳои сохтмон ва фаъолияти Театри давлатии драмавии русии ба номи Маяковский тасвиб шуд
2024-04-15T14:55+0500
2024-04-15T14:55+0500
2024-04-15T16:07+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
театр
сохтмон
русия
душанбе
театри ба номи маяковский
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/0f/1062478471_0:143:3134:1906_1920x0_80_0_0_f8ffbf4ade66300ca0e8943726a42042.jpg
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Як гектар аз ҳисоби заминҳои захираи шаҳри Душанбе, воқеъ дар кӯчаи Маяковскийи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, барои бунёди Театри давлатии драмавии русии ба номи Маяковский бемуҳлат ҷудо шуд.Дар ин бора муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода, зимни муаррифии Созишнома бо Русия дар бораи шартҳои сохтмон ва фаъолияти Муассисаи давлатии "Театри давлатии драмавии русии ба номи В.Маяковский дар парлумон баён дошт.Ӯ гуфт, корхонаи давлатии фаръии "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" дар шаҳри Душанбе парвандаи замин таҳия ва қитъаи замин барои сохтмони бинои театрро ба расмият даровард, навиштааст нашрияи парлумонии "Садои мардум". Шарифзода афзуд, ки ҷониби Русия хароҷоти вобаста ба анҷом додани корҳои сохтмониро ба зимма дошта, минбаъд маълумот ва нусхаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистонро, ки барои лоиҳакашӣ, сохтмон, ба истифода додан ва истифодаи минбаъдаи иншоот заруранд, дастрас хоҳад кард. Вобаста ба ин, иттилооти дахлдор ба комиссияи махсуси дуҷониба вобаста ба рафти сохтмон пешниҳод хоҳад шуд, афзуд ӯ. Созишномаи мазкур, ки баъд аз иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатӣ эътибор пайдо менамояд, ба муҳлати 15 сол баста шуда, баъдан ба давраҳои 5 соли минбаъда тамдид мегардад, таъкид намуд муовини вазир. Ёдовар мешавем, ки бинои кӯҳнаи театри Маяковский, ки дар маркази шаҳр буд соли 2016 тахриб шуда буд, мақомот сабаби онро мутобиқ набудан ба талаботҳои театри муосир унвон карданд.Ҳамин тариқ беш аз 7 сол мешвад, ки ҳунармандон баъд аз тахриби бинои театрашон маҷбуранд, дар дигар биноҳо кор кунанд ва дар саҳнаи Театри ба номи Лохутӣ ҳунарнамоӣ кунанд.
https://sputnik.tj/20240414/rusiya-tojikiston-markazi-baynalmilalii-kudakon-shart-1062470172.html
русия
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/0f/1062478471_202:0:2933:2048_1920x0_80_0_0_049b953620689ab3392e1e71a97bb208.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сохтмон, душанбе, русӣ, театр, маяковский
сохтмон, душанбе, русӣ, театр, маяковский
Бархе тафсилоти созишномаи бунёди театри ба номи Маяковский дар Душанбе маълум шуд
14:55 15.04.2024 (Навсозишуда: 16:07 15.04.2024) Созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва Русия дар бораи шартҳои сохтмон ва фаъолияти Театри давлатии драмавии русии ба номи Маяковский тасвиб шуд
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Як гектар аз ҳисоби заминҳои захираи шаҳри Душанбе, воқеъ дар кӯчаи Маяковскийи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, барои бунёди Театри давлатии драмавии русии ба номи Маяковский бемуҳлат ҷудо шуд.
Дар ин бора муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода, зимни муаррифии Созишнома бо Русия дар бораи шартҳои сохтмон ва фаъолияти Муассисаи давлатии "Театри давлатии драмавии русии ба номи В.Маяковский дар парлумон баён дошт.
Ӯ гуфт, корхонаи давлатии фаръии "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" дар шаҳри Душанбе парвандаи замин таҳия ва қитъаи замин барои сохтмони бинои театрро ба расмият даровард, навиштааст нашрияи парлумонии "Садои мардум".
Шарифзода афзуд, ки ҷониби Русия хароҷоти вобаста ба анҷом додани корҳои сохтмониро ба зимма дошта, минбаъд маълумот ва нусхаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистонро, ки барои лоиҳакашӣ, сохтмон, ба истифода додан ва истифодаи минбаъдаи иншоот заруранд, дастрас хоҳад кард.
Вобаста ба ин, иттилооти дахлдор ба комиссияи махсуси дуҷониба вобаста ба рафти сохтмон пешниҳод хоҳад шуд, афзуд ӯ.
Созишномаи мазкур, ки баъд аз иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатӣ эътибор пайдо менамояд, ба муҳлати 15 сол баста шуда, баъдан ба давраҳои 5 соли минбаъда тамдид мегардад, таъкид намуд муовини вазир.
Ёдовар мешавем, ки бинои кӯҳнаи театри Маяковский, ки дар маркази шаҳр буд соли 2016 тахриб шуда буд, мақомот сабаби онро мутобиқ набудан ба талаботҳои театри муосир унвон карданд.
Ҳамин тариқ беш аз 7 сол мешвад, ки ҳунармандон баъд аз тахриби бинои театрашон маҷбуранд, дар дигар биноҳо кор кунанд ва дар саҳнаи Театри ба номи Лохутӣ ҳунарнамоӣ кунанд.