https://sputnik.tj/20240414/rusiya-tojikiston-markazi-baynalmilalii-kudakon-shart-1062470172.html
Русия дар Тоҷикистон Маркази байналмилалии кӯдакони болаёқат месозад: Бо кадом шартҳо?
Русия дар Тоҷикистон Маркази байналмилалии кӯдакони болаёқат месозад: Бо кадом шартҳо?
Sputnik Тоҷикистон
Парлумони Тоҷикистон созишномаи байниҳукуматӣ бо Русия дар бораи сохтмон, таъсис ва фаъолияти Маркази таълимии байналмилалӣ барои кӯдакони болаёқатро тасвиб кард
2024-04-14T19:09+0500
2024-04-14T19:09+0500
2024-04-14T19:09+0500
дар тоҷикистон
маориф
созишнома
ҳукумат
маблағ
русия
кӯдакон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/15/1061013239_0:160:3074:1889_1920x0_80_0_0_36692efd0beddc2429691515cf365cf9.jpg
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Тоҷикистону Русия дар мавриди шартҳои сохтмон, таъсис ва фаъолияти Маркази таълимии байналмилалӣ барои кӯдакони болаёқат дар ҷумҳурӣ ба созиш омада, Маҷлиси намояндагон созишномаи байниҳукуматиро тасвиб кард. Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон дар бахши илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Файзулло Наҷмиддиниён дар ҷаласаи ахири парлумон созишномаи байниҳукуматӣ бо Русия дар мавриди таъсису фаъолияти Маркази байналмилалиро тавзеҳ дод. Ӯ гуфт, Маркази таълимии байналмилалии кӯдакони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҳудуди 500 хонанда бо истиқомати шабонарӯзиро фаро мегирад. Ҷониби Русия фаъолияти марказро тавассути додани маблағ аз буҷети федералӣ, аз ҷумла пардохти музди меҳнат, такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии роҳбарон ва ҳайати омӯзгорони марказ, музди меҳнати кормандони муҳандисию техникӣ, маъмурӣ ва таълимиро пардохт менамояд.Дар навбати худ ҷониби Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузории хароҷоти таъмини амнияти марказро таъмин намуда, хароҷоти коммуналиро, аз қабили таъмини неруи барқ, об, пардохти ҳаққи алоқа ва хизматрасонӣ барои дастрас намудани иттилоот ва шабакаи телекоммуникатсионии "Интернет", таъмини гармӣ, аз ҷумла хариди ангишт, пардохт менамояд. Фарзандони шаҳрвандони Федератсияи Россия ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, барои таҳсил ба марказ дар асоси озмун ройгон ё шартномавӣ қабул мешаванд, овардааст нашрияи парлумонии "Садои мардум" аз қавли Наҷмиддиниён. Дар сурати мавҷуд будани ҷойҳои холӣ, марказ ҳуқуқ дорад, шаҳрвандони дигар давлатҳоро барои таҳсил дар асоси шартнома қабул кунад, тавзеҳ дод вакили парлумон.
https://sputnik.tj/20240229/rusiya-mablaghguzori-tabligh-zabon-rusi-idm-afzoish-1061881368.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/15/1061013239_172:0:2903:2048_1920x0_80_0_0_4ef805ce64f356c854896e1400ff008f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, тавофуқ, созиш, марказ, байналмилалӣ
тоҷикистон, русия, тавофуқ, созиш, марказ, байналмилалӣ
Русия дар Тоҷикистон Маркази байналмилалии кӯдакони болаёқат месозад: Бо кадом шартҳо?
Парлумони Тоҷикистон созишномаи байниҳукуматӣ бо Русия дар бораи сохтмон, таъсис ва фаъолияти Маркази таълимии байналмилалӣ барои кӯдакони болаёқатро тасвиб кард
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Тоҷикистону Русия дар мавриди шартҳои сохтмон, таъсис ва фаъолияти Маркази таълимии байналмилалӣ барои кӯдакони болаёқат дар ҷумҳурӣ ба созиш омада, Маҷлиси намояндагон созишномаи байниҳукуматиро тасвиб кард.
Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон дар бахши илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Файзулло Наҷмиддиниён дар ҷаласаи ахири парлумон созишномаи байниҳукуматӣ бо Русия дар мавриди таъсису фаъолияти Маркази байналмилалиро тавзеҳ дод.
Ӯ гуфт, Маркази таълимии байналмилалии кӯдакони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҳудуди 500 хонанда бо истиқомати шабонарӯзиро фаро мегирад.
Ҷониби Русия фаъолияти марказро тавассути додани маблағ аз буҷети федералӣ, аз ҷумла пардохти музди меҳнат, такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии роҳбарон ва ҳайати омӯзгорони марказ, музди меҳнати кормандони муҳандисию техникӣ, маъмурӣ ва таълимиро пардохт менамояд.
Дар навбати худ ҷониби Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузории хароҷоти таъмини амнияти марказро таъмин намуда, хароҷоти коммуналиро, аз қабили таъмини неруи барқ, об, пардохти ҳаққи алоқа ва хизматрасонӣ барои дастрас намудани иттилоот ва шабакаи телекоммуникатсионии "Интернет", таъмини гармӣ, аз ҷумла хариди ангишт, пардохт менамояд.
Фарзандони шаҳрвандони Федератсияи Россия ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, барои таҳсил ба марказ дар асоси озмун ройгон ё шартномавӣ қабул мешаванд, овардааст нашрияи парлумонии "Садои мардум" аз қавли Наҷмиддиниён.
Дар сурати мавҷуд будани ҷойҳои холӣ, марказ ҳуқуқ дорад, шаҳрвандони дигар давлатҳоро барои таҳсил дар асоси шартнома қабул кунад, тавзеҳ дод вакили парлумон.