https://sputnik.tj/20240414/prezident-osiyoi-miyona-qazoqiston-jam-1062468770.html
Президентҳои Осиёи Миёна дар Қазоқистон ҷамъ меоянд
Президентҳои Осиёи Миёна дар Қазоқистон ҷамъ меоянд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳадафи мулоқоти навбатии роҳбарони кишварҳои минтақаи Осиёи Миёна баргузории машварат арзёбӣ мешавад, ки ба таҳкими ҳамгироӣ равона шудааст
2024-04-14T14:44+0500
2024-04-14T14:44+0500
2024-04-14T14:44+0500
сиёсат
мулоқот
осиё
миёна
коло
вазир
сироҷиддин муҳриддин
қазоқистон
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/15/1050152866_0:0:2835:1595_1920x0_80_0_0_2e94c4ea3a8816a0f1899de3dd7656e2.jpg
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Омодагӣ ба мулоқоти сатҳи олии сарони кишварҳои Осиёи Миёна дар мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини сарвазир - вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Мурат Нуртлеу баррасӣ шуд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои муҳимми муносибатҳои дуҷониба табодули афкор намуданд.Манбаъ афзуд, ки дар пеш якчанд мулоқоти сатҳи олии бисёрҷониба дар назар аст. Аз ҷумла омодагирӣ ба саммитҳои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ низ баррасӣ шудаанд. Дар назар аст, ки соли равон дар Қазоқистон инчунин вохӯрии шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ низ амалӣ шавад. Ахиран сафири Русия дар Тоҷикистон, Семён Григорев зимни конфронси байналмилалии "Русия ва ҷаҳон: муколамаҳои - 2024. Қувваҳои ҷозиба" дар Душанбе ҷонибдории Маскавро аз таҳкими ҳамгироӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ баён дошт. Ӯ гуфт, Русия равандҳои ҳамгироӣ дар минтақаро дастгирӣ мекунад ва мулоқотҳои мунтазами роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳалли масоили минтақавӣ мусоидат мекунанд.Дар баробари таҳкими амнияти минтақавӣ, аз мақсадҳои афзалиятнок, мусоидат барои озодии ҳаракати коло, хадамот, сармоя ва нерӯи корӣ, гузарондани сиёсати ҳамоҳангшуда дар бахшҳои калидии иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар бозигарони ғайриминтақавӣ мебошад, гуфт сафир.
https://sputnik.tj/20240412/rahmon-diplomat-rus-sabab-rusiya-tojikiston-1062453704.html
осиё
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/15/1050152866_0:0:2601:1951_1920x0_80_0_0_a4117842db2b220bf92836ace0c3e202.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сатҳ, олӣ, мулоқот, қазоқистон, кишвар, баргузор
сатҳ, олӣ, мулоқот, қазоқистон, кишвар, баргузор
Президентҳои Осиёи Миёна дар Қазоқистон ҷамъ меоянд
Ҳадафи мулоқоти навбатии роҳбарони кишварҳои минтақаи Осиёи Миёна баргузории машварат арзёбӣ мешавад, ки ба таҳкими ҳамгироӣ равона шудааст
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Омодагӣ ба мулоқоти сатҳи олии сарони кишварҳои Осиёи Миёна дар мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини сарвазир - вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Мурат Нуртлеу баррасӣ шуд.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои муҳимми муносибатҳои дуҷониба табодули афкор намуданд.
Манбаъ афзуд, ки дар пеш якчанд мулоқоти сатҳи олии бисёрҷониба дар назар аст. Аз ҷумла омодагирӣ ба саммитҳои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ низ баррасӣ шудаанд.
Дар назар аст, ки соли равон дар Қазоқистон инчунин вохӯрии шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ низ амалӣ шавад.
Ахиран сафири Русия дар Тоҷикистон, Семён Григорев зимни конфронси байналмилалии "Русия ва ҷаҳон: муколамаҳои - 2024. Қувваҳои ҷозиба" дар Душанбе ҷонибдории Маскавро аз таҳкими ҳамгироӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ баён дошт.
Ӯ гуфт, Русия равандҳои ҳамгироӣ дар минтақаро дастгирӣ мекунад ва мулоқотҳои мунтазами роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳалли масоили минтақавӣ мусоидат мекунанд.
Дар баробари таҳкими амнияти минтақавӣ, аз мақсадҳои афзалиятнок, мусоидат барои озодии ҳаракати коло, хадамот, сармоя ва нерӯи корӣ, гузарондани сиёсати ҳамоҳангшуда дар бахшҳои калидии иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар бозигарони ғайриминтақавӣ мебошад, гуфт сафир.