https://sputnik.tj/20240412/rahmon-diplomat-rus-sabab-rusiya-tojikiston-1062453704.html
Чаро тоҷикон бо вуҷуди мушкилот ба Русия мераванд? Раҳмон сабабашро ба дипломати рус гуфт
Чаро тоҷикон бо вуҷуди мушкилот ба Русия мераванд? Раҳмон сабабашро ба дипломати рус гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Мардуми Тоҷикистону Русия аз нигоҳи тамаддунӣ наздиканд, решаҳои муштараки ҳиндуаврупоӣ доранд, нақли қавл овард сафир дар Душанбе
2024-04-12T14:56+0500
2024-04-12T14:56+0500
2024-04-12T17:54+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
русия
сиёсат
пайванд
семён григорев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/0a/1062428088_142:48:1280:688_1920x0_80_0_0_d895cf5980696acf6918458373c6a4c8.jpg
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Яке аз омилҳои калидӣ, ки тоҷикистониҳо бо вуҷуди мушкилот ба Русия мераванд, пайвандҳои тамаддунӣ мебошад. Ба ин нукта борҳо раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ишорат кард, изҳор дошт сафири Русия дар Тоҷикистон, Семён Григорев. Ӯ гуфт, ба ҳайси сафир борҳо аз Эмомалӣ Раҳмон андешаи аслӣ ва консептуалияшро дар мавриди халқҳои Тоҷикистону Русия шунидаст, ки ин наздикӣ аз нигоҳи тамаддунӣ мебошад. Ба гуфтаи сафир, Эмомалӣ Раҳмон маҳз ин пайвандиро сабаб медонад, ки сарфи назар аз мушкилоту мураккабиҳо садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия меравад. "Мардуми Тоҷикистону Русия аз нигоҳи тамаддунӣ наздиканд. Решаҳои муштараки ҳиндуаврупоӣ доранд", - нақли қавл овард сафир. Дар баробари ин Григорев зикр кард, ки халқҳои Тоҷикистону Русияро ҳамчунин даҳҳсолаҳои зиндагӣ дар як давлат, таърих, равобити иқтисодӣ, гуманитарӣ, амниятӣ ва ғайра мепайвандад. Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола садҳо ҳазор тоҷикистонӣ барои таъминоти рӯзгор ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар мераванд, ки Русия пазирандаи асосии онҳо мебошад.
https://sputnik.tj/20240412/rahmon-khostori-kohishi-shiddat-muhojirat-mehnati-1062449897.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/0a/1062428088_143:0:1280:853_1920x0_80_0_0_16ab3abd3a6941e11fc3e0effc2eec28.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
халқ, русия, тоҷикистон, ҳиндуаврупоӣ, пайванд, душанбе
халқ, русия, тоҷикистон, ҳиндуаврупоӣ, пайванд, душанбе
Чаро тоҷикон бо вуҷуди мушкилот ба Русия мераванд? Раҳмон сабабашро ба дипломати рус гуфт
14:56 12.04.2024 (Навсозишуда: 17:54 12.04.2024) Мардуми Тоҷикистону Русия аз нигоҳи тамаддунӣ наздиканд, решаҳои муштараки ҳиндуаврупоӣ доранд, нақли қавл овард сафир дар Душанбе
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Яке аз омилҳои калидӣ, ки тоҷикистониҳо бо вуҷуди мушкилот ба Русия мераванд, пайвандҳои тамаддунӣ мебошад.
Ба ин нукта борҳо раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ишорат кард, изҳор дошт сафири Русия дар Тоҷикистон, Семён Григорев.
Ӯ гуфт, ба ҳайси сафир борҳо аз Эмомалӣ Раҳмон андешаи аслӣ ва консептуалияшро дар мавриди халқҳои Тоҷикистону Русия шунидаст, ки ин наздикӣ аз нигоҳи тамаддунӣ мебошад.
Ба гуфтаи сафир, Эмомалӣ Раҳмон маҳз ин пайвандиро сабаб медонад, ки сарфи назар аз мушкилоту мураккабиҳо садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия меравад.
"Мардуми Тоҷикистону Русия аз нигоҳи тамаддунӣ наздиканд. Решаҳои муштараки ҳиндуаврупоӣ доранд", - нақли қавл овард сафир.
Дар баробари ин Григорев зикр кард, ки халқҳои Тоҷикистону Русияро ҳамчунин даҳҳсолаҳои зиндагӣ дар як давлат, таърих, равобити иқтисодӣ, гуманитарӣ, амниятӣ ва ғайра мепайвандад.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола садҳо ҳазор тоҷикистонӣ барои таъминоти рӯзгор ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар мераванд, ки Русия пазирандаи асосии онҳо мебошад.