https://sputnik.tj/20240412/rahmon-khostori-kohishi-shiddat-muhojirat-mehnati-1062449897.html
Раҳмон хост, Тоҷикистон бештар рушд кунаду мардум камтар ба муҳоҷират равад
Раҳмон хост, Тоҷикистон бештар рушд кунаду мардум камтар ба муҳоҷират равад
Sputnik Тоҷикистон
Ҳамасола садҳо ҳазор тоҷикистонӣ барои таъминоти рӯзгор ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар мераванд, ки Русия пазирандаи асосии онҳо мебошад
2024-04-12T10:32+0500
2024-04-12T10:32+0500
2024-04-12T10:33+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
муҳоҷират
эмомалӣ раҳмон
суғд
даъват
"қалъаи хуҷанд"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/0a/1062418935_0:184:2986:1864_1920x0_80_0_0_1c77c9a47949ad80a071af0fe542659d.jpg
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз шиддати авзоъ дар ҷаҳон ҳушдор дода, ба рушди Ватану афзоиши тавлидоти дохилӣ даъват намуд. Президенти Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи қалъаи Хуҷанд, дар хитоб ба фаъолону масъулини вилояти Суғд хостори коҳиши шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ дар Тоҷикистон шуд. Ӯ аз вазъи ниҳоят мураккабу печидаи ҷаҳони муосир зикр намуда, афзуд, ки дар ин шароит бояд ҳарчи бештар кор кард. Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки барои ин ҳамаи шароиту имкониятҳо, алалхусус, дар самти коркарди маҳсулот, рушди ҳунармандиву косибӣ – атласу адрасбофӣ, қолинбофӣ, заргариву кандакорӣ ва дигар ҳунарҳои дастӣ мавҷуданд."Ҳамчунин, мо бояд ҳар рӯзро барои вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ба хотири истиқболи арзандаи ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон – 35-солагии истиқлоли давлатӣ самаранок истифода барем", - таъкид намуд ӯ. Даъвати Раҳмон ба рушди дохилӣ ва коҳиши шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ дар ҳолест, ки ҳамасола садҳо ҳазор тоҷикистонӣ барои таъминоти рӯзгор ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар мераванд, ки Русия пазирандаи асосии онҳо мебошад.
https://sputnik.tj/20240330/tojikiston-rusiya-jalb-muhojiron-guruhho-ekstremist-muboriza-1062273545.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/0a/1062418935_128:0:2859:2048_1920x0_80_0_0_6f3d25a4697d3e5935542491fd97c76d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
даъват, раҳмон, эмомалӣ, президент, русия, қабул
даъват, раҳмон, эмомалӣ, президент, русия, қабул
Раҳмон хост, Тоҷикистон бештар рушд кунаду мардум камтар ба муҳоҷират равад
10:32 12.04.2024 (Навсозишуда: 10:33 12.04.2024) Ҳамасола садҳо ҳазор тоҷикистонӣ барои таъминоти рӯзгор ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар мераванд, ки Русия пазирандаи асосии онҳо мебошад
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз шиддати авзоъ дар ҷаҳон ҳушдор дода, ба рушди Ватану афзоиши тавлидоти дохилӣ даъват намуд.
Президенти Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи қалъаи Хуҷанд, дар хитоб ба фаъолону масъулини вилояти Суғд хостори коҳиши шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ дар Тоҷикистон шуд.
Ӯ аз вазъи ниҳоят мураккабу печидаи ҷаҳони муосир зикр намуда, афзуд, ки дар ин шароит бояд ҳарчи бештар кор кард.
"Ватанамонро боз ҳам обод гардонем, истеҳсоли маҳсулотро афзоиш диҳем, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд намоем, барои ҳамдиёронамон ҷойҳои корӣ муҳайё кунем ва шиддати муҳоҷирати меҳнатиро то тавонем коҳиш диҳем", - афзуд ӯ.
Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки барои ин ҳамаи шароиту имкониятҳо, алалхусус, дар самти коркарди маҳсулот, рушди ҳунармандиву косибӣ – атласу адрасбофӣ, қолинбофӣ, заргариву кандакорӣ ва дигар ҳунарҳои дастӣ мавҷуданд.
"Ҳамчунин, мо бояд ҳар рӯзро барои вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ба хотири истиқболи арзандаи ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон – 35-солагии истиқлоли давлатӣ самаранок истифода барем", - таъкид намуд ӯ.
Даъвати Раҳмон ба рушди дохилӣ ва коҳиши шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ дар ҳолест, ки ҳамасола садҳо ҳазор тоҷикистонӣ барои таъминоти рӯзгор ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар мераванд, ки Русия пазирандаи асосии онҳо мебошад.