Тоҷикистону Русия якҷо алайҳи ҷалби муҳоҷирон ба гурӯҳҳои экстремистӣ мубориза мебаранд

© Sputnik / Амир ИсаевЗаместитель министра труда, миграции и занятости населения Таджикистана Шахноза Нодири
Заместитель министра труда, миграции и занятости населения Таджикистана Шахноза Нодири - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2024
Обуна шудан
Муовини вазири меҳнат изҳор дошт, ки мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистону Русия бобати ин масъала охири моҳи май дар Душанбе сурат мегирад
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар даври дувуми музокироти ҳамаҷониба, ки дар авохири моҳи май дар Душанбе баргузор мешавад, бо ҳамкасбони рус дар ниҳодҳои марбута мушкилоти ҷалби муҳоҷирон ба гурӯҳҳои ифротгароро баррасӣ хоҳад кард.
Дар ин бора ба ТАСС муовини вазир Шаҳноза Нодирӣ хабар дод.
"Ҳанӯз охири моҳи феврал мо лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаро ирсол карда будем, ки дар он яке аз масъалаҳо ҷилавгирӣ аз шомилшавии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гурӯҳҳои ифротгароиву террористӣ буд. Табиист, ки ин масъаларо баррасӣ хоҳем кард", - гуфт ӯ.
Полиция проводит проверку миграционного законодательства в ТЦ Москва - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2024
Тоҷикистон баъди ҳамлаи террористӣ дар Крокус кор бо муҳоҷирони меҳнатиро пурзӯр мекунад
Муовини вазир қайд кард, ки ҷумҳурӣ ҳамкасбони русро барои пурзӯр намудани чунин корҳо пас аз ҳамлаи террористӣ дар бинои Крокус Сити Холл дар вилояти Маскав даъват хоҳад кард.
Ба таъкиди Нодирӣ мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистону Русия охири моҳи май баргузор мешавад.
Ҳамзамон дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои мақомоти муҳоҷирати кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад.
"Ҷониби Тоҷикистон масъалаи ҷилавгирӣ аз ҷалби шаҳрвандони кишварҳои ИДМ ба созмонҳои ифротӣ ва террористиро пешниҳод мекунад", - гуфт ӯ.
Даври аввали музокироти ҳамаҷониба оид ба масъалаҳои муҳоҷират миёни Тоҷикистону Русия моҳи апрели соли 2021 баргузор шуд.
Лентаи хабарҳо
0