Доллару евро дар Тоҷикистон гаронтар шуданд: Рубл чӣ?

© Sputnik / Стас ЭтвешМонеты, архивное фото
Монеты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2024
Обуна шудан
Поинравии қурби рубл дар Тоҷикистон барои бисёре аз сокинон чандон хушоянд нест, чун наздиконашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ аксаран бо ин асъор музд мегиранд
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон нархи се асъори калидии хориҷӣ дар бозори нақду ғайринақдии ҷумҳуриро эълон кард, ки ҳамаашон нисбат ба сомонӣ арзон шудаанд.
Ҳазор рубли Русия дар бозори ғайринақдии Тоҷикистон бо нархи 118 сомонӣ муомилот мешавад, ки нисбати нишондоди рӯзи қаблӣ каме поин рафтаст.
Бар асоси арзномаи нашркардаи Бонки миллии кишвар, қурби доллар ва евро каме боло рафтаанд.
Манбаъ қурби доллари ИМА-ро - 10.9438 сомонӣ ва евроро - 11. 8981 сомонӣ муқаррар кардааст.
Денежные купюры. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2024
Истифодаи пулҳои миллӣ дар ИДМ афзоиш ёфтааст
Маврид ба зикр аст, ки рубл дар Тоҷикистон яке аз сертаваҷҷуҳтарин асъор ба шумор меравад ва қимати он ба пул дар кисаи аҳолии кишвар таъсири бевосита дорад.
Аз ҷумла садҳо ҳазор тоҷикистонӣ дар Русия кор мекунанд ва муздашонро бо рубл мегиранду ба Ватан мефиристанд, аммо хонаводаҳояшон вобаста ба қурб онро аз бонкҳо бо сомонӣ мегиранд.
Дар ҳамин ҳол БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0