Низоми раводид метавонад муваққатӣ бошад: Сафорати Туркия виза ба тоҷикистониҳоро шарҳ дод

© iStock.com \ Oleksii LiskonihФлаги Таджикистана и Турции
Флаги Таджикистана и Турции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2024
Обуна шудан
То санаи 20 апрели соли равон шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бидуни раводид вориди Туркия шаванд, тавзеҳ додаанд дипломатҳои Анқара дар Душанбе
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Сафари тоҷикистониҳо ба Туркия аз тариқи раводид интизор меравад, ки муваққатӣ бошад.
Дар ин бора сафорати Туркия дар Тоҷикистон бо нашри як иттилоия хабар додаст.
Ба иттилои манбаъ, то 20 апрел тоҷикистониҳо бидуни мушкил метавонанд ба Туркия сафар кунанд.
Ҳангоми сафарҳои транзитӣ аз тариқи Туркия бидуни вуруд ба кишвар, шаҳрвандони Тоҷикистон аз гирифтани раводид озод боқӣ мемонанд.
Таъкид шудааст, ки барои сафарҳо баъди 20 апрел тоҷикистониҳоро зарур аст, аз сафорат ё намояндагиҳои Туркия раводид гиранд.
Рейд по выявлению незаконных трудовых мигрантов в Красноярске - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2024
Туркия расман Тоҷикистонро аз ҷорӣ кардани виза огоҳ кард: Аз кай ва барои чӣ?
Ҷониби Туркия аз тариқи роҳҳои дипломатӣ расман мақомоти Тоҷикистонро огоҳ кард, ки барои шаҳрвандонаш низоми раводид ҷорӣ мешавад.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, шаҳрвандонро зарур аст, шуруъ аз 20 апрел, пеш аз сафар ба Туркия раводид дошта бошанд.
То ин сана тоҷикистониҳо метавонистанд бе раводид вориди Туркия шаванд ва 90 рӯз он ҷо бошанд.
Дастури мазкур дар пасманзари хабарҳо дар бораи боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон бо иттиҳоми даст доштан дар амал ё сӯиқасдҳои террористӣ дар Туркия содир шудаст.
Инчунин гузоришҳо нашр гардиданд, ки ду нафар аз муттаҳамон дар ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Холл" низ қаблан аз Туркия боздид кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0