https://sputnik.tj/20240407/turkiya-tojikiston-rasman-jori-kardani-viza-1062370752.html
Туркия расман Тоҷикистонро аз ҷорӣ кардани виза огоҳ кард: Аз кай ва барои чӣ?
Туркия расман Тоҷикистонро аз ҷорӣ кардани виза огоҳ кард: Аз кай ва барои чӣ?
Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо шиносномаи одии хориҷӣ имкони боздид аз қаламрави Туркия ба муҳлати то 90 рӯз бе раводидро доштанд, аз ин имконият маҳрум мешаванд
2024-04-07T11:55+0500
2024-04-07T11:55+0500
2024-04-07T11:55+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
раводид
виза
ҳамкорӣ
эрдуғон
вазорати корҳои хориҷии тоҷикистон
туркия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/04/1062346112_0:120:3046:1833_1920x0_80_0_0_4925ba517cce78084880d40f62444481.jpg
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Ҷониби Туркия аз тариқи роҳҳои дипломатӣ расман мақомоти Тоҷикистонро огоҳ кард, ки барои шаҳрвандонаш низоми раводид ҷорӣ мешавад. Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, низоми раводид аз ҷониби Туркия барои шаҳрвандони кишвар аз 20 апрели соли равон роҳандозӣ мегардад. Таъкид шудаст, ки ба ҳамин далел шаҳрвандони Тоҷикистонро зарур аст, шуруъ аз 20 апрел, пеш аз сафар ба Туркия раводид дошта бошанд.То ин сана тоҷикистониҳо метавонистанд бе раводид вориди Туркия шаванд ва 90 рӯз он ҷо бошанд.Қаблан хабар дода шуда буд, ки Туркия барои шаҳрвандони Тоҷикистон низоми раводид ҷорӣ кардааст. Фармони дахлдори раисиҷумҳури кишвар Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар рӯзномаи расмии ҳукуматии Resmi gazete нашр шудааст.Тавзеҳ дода шудаст, ки ин иқдом дар асоси қонун дар бораи шаҳрвандони хориҷӣ ва ҳимояи байналмилалӣ қабул карда шудаст. Дастури мазкур дар пасманзари хабарҳо дар бораи боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон бо иттиҳоми даст доштан дар амал ё сӯиқасдҳои террористӣ дар Туркия содир шудаст. Инчунин гузоришҳо нашр гардиданд, ки ду нафар аз муттаҳамон дар ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Холл" низ қаблан аз Туркия боздид кардаанд.
https://sputnik.tj/20240406/tojikiston-nizom-ravodid-turkiya-choraho-javob-1062369041.html
туркия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/04/1062346112_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_e33db86572ba7e6b5fac3887dcc8c505.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, туркия, виза, ҳатмӣ, муҳлат, маҳрум, имконият
тоҷикистон, туркия, виза, ҳатмӣ, муҳлат, маҳрум, имконият
Туркия расман Тоҷикистонро аз ҷорӣ кардани виза огоҳ кард: Аз кай ва барои чӣ?
Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо шиносномаи одии хориҷӣ имкони боздид аз қаламрави Туркия ба муҳлати то 90 рӯз бе раводидро доштанд, аз ин имконият маҳрум мешаванд
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Ҷониби Туркия аз тариқи роҳҳои дипломатӣ расман мақомоти Тоҷикистонро огоҳ кард, ки барои шаҳрвандонаш низоми раводид ҷорӣ мешавад.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, низоми раводид аз ҷониби Туркия барои шаҳрвандони кишвар аз 20 апрели соли равон роҳандозӣ мегардад.
Таъкид шудаст, ки ба ҳамин далел шаҳрвандони Тоҷикистонро зарур аст, шуруъ аз 20 апрел, пеш аз сафар ба Туркия раводид дошта бошанд.
То ин сана тоҷикистониҳо метавонистанд бе раводид вориди Туркия шаванд ва 90 рӯз он ҷо бошанд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Туркия барои шаҳрвандони Тоҷикистон низоми раводид ҷорӣ кардааст. Фармони дахлдори раисиҷумҳури кишвар Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар рӯзномаи расмии ҳукуматии Resmi gazete нашр шудааст.
Тавзеҳ дода шудаст, ки ин иқдом дар асоси қонун дар бораи шаҳрвандони хориҷӣ ва ҳимояи байналмилалӣ қабул карда шудаст.
Дастури мазкур дар пасманзари хабарҳо дар бораи боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон бо иттиҳоми даст доштан дар амал ё сӯиқасдҳои террористӣ дар Туркия содир шудаст.
Инчунин гузоришҳо нашр гардиданд, ки ду нафар аз муттаҳамон дар ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Холл" низ қаблан аз Туркия боздид кардаанд.