Муттаҳамон дар ҳамла ба "Крокус" номи саркардаашонро гуфтанд: нашри бозпурсиҳои нав

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкОбстановка у "Крокус Сити Холл"
Обстановка у Крокус Сити Холл - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2024
Обуна шудан
Хадамоти федералии амнияти Русия бахше аз бозпурсиҳои 4 муттаҳам дар ҳамлаи террористӣ ба "Крокус Сити Холл"-ро нашр кардааст, ки аз саркардаашон мегӯянд
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Ҳар чор муттаҳам дар ҳамлаи террористӣ ба "Крокус Сити Хол" изҳор доштанд, ки баъди анҷоми ҳамла сӯи Украина ҳаракат доштанд, то маблағи боқимондаро гиранд.
Муттаҳамон саркардаашонро Сайфулло муаррифӣ карданд, ки бо онҳо дар тамос буду супоришҳо медод.
Далерҷон Мирзоев*, яке аз муттаҳамон дар бозпурсӣ гуфт, баъди анҷоми ҳамла бояд самти Киев ҳаракат мекарданд.
Муҳаммадсобир Файзов* муттаҳами дигар таъйид кард, ки дар қаламрави Украина ба онҳо як млн рублӣ боядпардохт мешуд. Ба қавли ӯ, Сайфулло ваъда додаст, ки онҳоро пешвоз хоҳанд гирифту ба тарафи Киев роҳнамоӣ хоҳанд кард.
Дар Русия муҳоҷирони тоҷикро масъули ҳамлаи террористӣ намедонанд. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2024
Коршинос: Баъди "Крокус" низ Русия сиёсати муҳоҷираташро тағйир дода наметавонад - видео
Фаридуни Шамсиддин* дар бозпурсӣ тавзеҳ дод, ки аз Сайфулло дастур гирифтанд, то дар наздикии марз бо Украина мошинашонро нобуд кунанду бо ӯ тамос гиранд. Ӯ низ шоҳидӣ додааст, ки дар гузаштан аз марз кумак мекунаду барои гирифтани маблағи боқимонда, як млн рублӣ барои ҳар нафар пардохт хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол мақомоти Русия мушоҳида кардаанд, ки нерӯҳои украинӣ ду мавзеи вилояти Сумро аз минаҳо пок карданд, то барои террористоне, ки ба "Крокус Сити Холл" ҳамла карданд, долон эҷод кунанд.
Ба иттилои манбаъ, поксозӣ аз минаҳо дар минтақаҳои Чуйковка ва Сопич ба мушоҳида расидаст, ки муттаҳамон метавонистанд, аз он долонҳо истифода кунанд.

Ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Холл"

Рӯзи 22 март дар толори консертии "Крокус Сити Холл" воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ рух дод, ки садҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузошт.
Муттаҳамон дар содир кардани ин ҷиноят 23 март дар вилояти Брянск боздошт шуданд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд. Мақомот мегӯянд, муттаҳамон дар мошин сӯи марз бо Украина ҳаракат доштанд.
Додгоҳи Басмании Маскав онҳоро то 22 май ба ҳабс фиристод. Чаҳор нафар гуноҳашонро иқрор карданд.
Баъдан додгоҳ боз шаш нафари дигарро бо иттиҳоми шарикӣ дар амали террористӣ ба ҳабси пешакӣ гирифт. Хадамоти федералии амният - ФСБ ахиран аз боздошти 3 муттаҳами дигар дар робита ба ин ҷиноят хабар дод.
*- дар феҳрасти афроди алоқаманд ба терроризму экстремизми Росфинмониторинг қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0